Дуздии неруи барқ-2
Бахши дуввум
Ба қалами Дадоҷон Ёқубов
ДУЗДИ НЕРӮИ БАРҚ ВА ҒОРАТГАРИ ШИРКАТИ “БАРҚИ ТОҶИК” КИСТ?
Собиқ ва аввалин Сарвазири Сингопур Ли Куан Ю, мегӯяд, ки “Агар хоҳед, ки аз болои фасод ғалаба кунед, шумо бояд омода бошед, ки дӯстон ва оилаатонро ба зиндон фиристед.”
Нелсон Мандела, собиқ Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бар он андеша буд, ки фасод на танҳо дуздии моли давлат аст, балки орзуву ормонҳо ва ояндаи мардумро рабудан мебошад.
Дар солҳои охири мавҷудияти ИҶШС, ҳудуди 34 – 35 сол пеш, Тоҷикистон на танҳо дар байни давлатҳои иттифоқ, балки аз бисёри давлатҳои ҷаҳон беҳтару хубтар истеҳсолотро бо барқ таъмин менамуд ва хонаҳои мардум доимӣ рӯшан буд. Аҳолӣ на танҳо камбудии барқро ҳис мекард, балки хеле бо нархи арзон аз 2 тин то 4 тин асосан бо нерӯи барқи обӣ таъмин буд.
Аз соли 2000 – ум инҷониб ба ҷои беҳтар намудани таъмини нерӯи барқ, сол аз сол дар ҷумҳурӣ норасоии шадиди барқ ба назар мерасад. Дар фасли зимистон аҳолӣ ранҷ мекашад, корхонаҳо зиён мебинанд ва бо маҳдудиятҳои шадид дучор мешаванд. Бисёр корхонаҳо зарари ҷиддӣ дида, ба ҳадде мерасанд, ки МУФЛИС МЕШАВАНД.
Банда сабаби муфлисшавии корхонаҳоро дар навбати аввал дар баланд будани АНДОЗ мебинам. Дар навбати дуюм сари вақт таъмин набудани истеҳсолот БО НЕРӮИ БАРҚ аст. Ва мушкилоти асосии мо нерӯи барқи истеҳсоли худиро ба аҳолӣ ва истеҳсолот надода, яъне талаботи худро таъмин нанамуда, ба ХОРИҶИ КИШВАР фурӯхтан аст.
Соли 2020 ширкати “Барқи Тоҷик“ 1 536 800 000 кВт/соат нерӯи барқро ба хориҷи кишвар содир кард. Аз он ҷумла ба Афғонистон 533,3 млн кВт/соат ва ба Ӯзбакистон 853 млн кВт/соат содир карда шуд. Соли 2021 содироти барқ дар омор бо чунин шарҳ омадааст: ба Афғонистон бо миқдори 365 млн сомонӣ (нархи ҳар як кВт 4,11 сент) ва ба Ӯзбакистон бо миқдори 260 млн сомонӣ (нархи ҳар як кВт 2 сент, – ба Ӯзбакистон нисбати аҳолии худ арзонтар фурӯхта мешавад!) – и содир ва ё фурӯхта шудааст.
Дар моҳи декабри соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 7,2 миллион доллар нерӯи барқро содир кард, ки нисбат ба моҳи гузашта 3,8 баробар бештар аст.
Моҳи ноябр содироти нерӯи барқи Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион долларро ташкил дода буд.
Дар маҷмӯъ, дар соли 2023 интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳудуди 110,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 ҳудуди 3,9 дар сад бештар аст.
Барои рушди ин соҳа Бонкҳои ҷаҳонӣ, мамлакатҳои Чин, Русия, ИМА, Эрон, Иттиҳоди Аврупо ва шаҳрвандони Тоҷикистон маблағгузорӣ менамоянд.
Танҳо як худи Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 2,3 млрд доллар кӯмаки молӣ расондааст (2023). Аз он 1,7 млрд доллар грантҳои бебозгашт буда, аз ҷумла ба сохтмонҳои НБО – ҳо ва барои истеҳсоли нерӯи барқ аз соли 1998 то соли 2019 ба миқдори 1 миллиарду 540 млн доллар сармоягузорӣ намудааст. Боз кӯмакҳои бузурги молиявӣ ба нақша гирифта буд, ки аллакай 250 млн доллари дигар кӯмаки молӣ расонда шуд.
Соли 2010 президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Э. Раҳмон, аз аҳолӣ даъват намуд, то барои сохтмони Роғун саҳм дошта ва онро дастгирӣ намоянд. Дар натиҷа аҳолии кишвар бо миқдори зиёда аз 890 млн сомонӣ (бо арзиши асъори хориҷии вақт зиёда аз 200 млн доллари амрикоӣ) саҳмияҳоро харидорӣ намуданд. Аз ҷумла, 22 000 нафар аҳолӣ дорои сертификати номии 5000 сомонӣ шуданд ва БАНДА ҲАМ бо умеди заррае бошад ҳам, ба сохтмони нерӯгоҳи барқии Роғун кӯмаки худро расондан, як дона сертификати 5000 СОМОНӢ ва як дона 100 сомониро харидорӣ намудам.
Ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ бо шарти боло бурдани нархи барқ ва ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати “Барқи Тоҷик“ моҳи июни соли 2020 ба Тоҷикистон 134 миллион доллар грант ҷудо намуд.
Вакилони МН МО рӯзи 17 – уми октябри соли 2020 созишномаи байни Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистонро қабул кард. Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон, Усмоналӣ Усмонзода, созишномаро ба вакилони МН МО пешниҳод намуда гуфт, ки маблағи пешниҳод шуда барои дастгирии молиявии “Барқи Тоҷик“ ва барои беҳбудии мудирияти ширкат равона карда мешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ин нишондоди бонкро қабул кард ва то соли 2025 дар назар аст, нархи нерӯи барқ афзоиш ёбад.
Аз соли 2021 нархи барқ 15 дарсадӣ, яъне мутаносибан аз 3,45 то 3,90 дирам боло меравад. Ва аз соли 2022 то 2025 ҳашт дарсадӣ мутаносибан аз 2,4 — 2,8 дирам боло бардошта мешавад, ки қиммати нерӯи барқ дар кишвар бояд то охири соли 2024 ба 37,77 дирам баробар шавад.
Соли 2020 арзиши нерӯи барқ ба 22,66 дирам (бо арзиши доллар 2,32 сент) баробар буд. Вале раиси ҷумҳур вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бемории KOVID-19 (куруновирус) – ро ба назар гирифта, бо қарори худ, нақшаи болоравии нархи барқро то охири соли 2020 боз дошт. Аммо то охири соли 2021 нархи нерӯи барқ боло нарафт.
Бо баробари мусоид омадани обу ҳаво, ҷумҳурӣ дар соли 2019 дар кишвар 20,6 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки ин 4,7% нисбати соли 2018 зиёд мебошад. Вале соли 2020 нақша иҷро нашуд аз 20 млрд кВт/соат камтар нерӯи барқ истеҳсол карда шуд.
Хушбахтона, 16 – уми ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО – и Роғун ба кор даромад, ки инро барои Тоҷикистон нури илҳомбахш номиданд.
Агрегати дуюми он 9 – уми сентябри соли 2019 фаолияти худро оғоз намуд. НБО – и Роғун аз 6 агрегат иборат буда, ҳар як аз агрегати он 600 МВт иқтидор дорад. Иқтидори пурраи он 3600 (имрӯза нишондод 3780) МВт буда, истеҳсоли миёнаи солонаи он 13,1 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад. Пас аз шаш агрегати нишондодашудаи НБО-и Роғун ба кор даромадан дар якҷоягӣ бо НБО-и Норак Тоҷикистон ҳар соле зиёда 25 млрд кВт соат нерӯи барқро истеҳсол менамояд.
Сарбанди НБО – и Роғун дар ҷаҳон баландтарин буда, баландии он 355 м, ҳавзаи обғунҷоиши он 13,3 км³ – ро ташкил медиҳад. Солҳои тӯлонӣ роҳбарони Ҷумҳурии Ӯзбакистон ва махсусан раисҷумҳури ин кишвар Ислом Каримов, бо баҳонаҳои бофтаи худ барои сохтмони НБО – и Роғун монеъ шуд. Аввал баландии сарбандро, сипас камшавии об барои обёрӣ ва ғайраро баҳона мекард.
Вале коршинос, Георгий Кошлаков, дар яке аз суханрониҳояш ёдовар шуд, ки тибқи таҳқиқоти коршиносони байналмиллалӣ бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ, НБО – и Роғун барои минтақа комилан бехатар аст. Коршинос инчунин ёдовар шуд, ки дар лоиҳа омадааст, ки обанбори Роғун дар тӯли зиёда 17 сол бо об пур мешавад, ки ба ҷумҳуриҳои поиноб заррае зарар намерасонад.
Боз Кошлаков хотирнишон намуд, ки оиди масъалаи истифодабарии об, соли 1995 ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ Эъломияи Нуқусро имзо карданд, ки барои ҳар як ҷумҳурӣ чӣ қадар об лозим аст, ҳама ҷумҳуриҳо аз рӯи шартҳои ин эъломия об мегиранд…
Идома дорад…
Қаламонлайн
qalamonline.net













