Дуздии неруи барқ
Ба қалами Дадоҷон Ёқубов
ДУЗДИ НЕРӮИ БАРҚ ВА ҒОРАТГАРИ ШИРКАТИ “БАРҚИ ТОҶИК” КИСТ?
Хонандаи ниҳоят гиромӣ!
Имрӯзҳо бародарону хоҳарон оид ба норасоии барқ донам надонам даст ба кор шуданд: яке ба миллат насиҳат мекунад, дигаре ба сабр даъват дорад, якеи дигар аз камбудии сатҳи обанборҳо хабар медиҳад, севуми иқлимро меорад, чоруми мегӯяд, ки аҳолӣ ду баробар зиёд шуд, панҷуми дастгоҳҳои барқиро, ҳатто мисол меорад, ки дар як ҳавли 22 кондиционер кор мекунад (Ин бародар рост мегӯяд, дар як ҳавли 22 кондиционер ва боз чанд дастгоҳҳои барқии дигар шабу рӯз кор мекнад, чарғакҳои равшанидиҳанда фурӯзон, гӯё дар хонаи онҳо ҳамеша тобистон. Аммо…), ҳафтуми бебарқӣ афсона мешавад…?! Даҳуми сабаби асосии набудани барқ, мегӯяд, ки ҷомеаро, ширкати ” Барқи Тоҷик “-ро, сохторҳои мақомоти давлатиро фасод ба монанди растании заҳрпечак печонида гирифтааст…
Собиқ ва аввалин Сарвазири Сингопур Ли Куан Ю, мегӯяд, ки “Агар хоҳед, ки аз болои фасод ғалаба кунед, шумо бояд омода бошед, ки дӯстон ва оилаатонро ба зиндон фиристед.”
Банда ҳам ба хулоса омадам, ки чанд ҷумлаеро гуфта бошам.
Шароити табиӣ-ҷуғрофии Тоҷикистон хеле гуногун буда, аз мавзеъҳои нимбиёбон то пиряхҳои кӯҳӣ тӯл кашида, аз кӯҳҳои зебоманзар дарёҳои хурду калон ҷорӣ мешавад, ки манбаи оби асосии онҳо, аз обҳои зеризаминӣ, борон ва барфу пиряхҳо сарчашма мегиранд.
Ба андешаи банда табиати Тоҷикистон ба монанди марворид аст, ки мо бояд барои нигоҳ доштани он барои насли оянда ҳамчун ба марворид ва махсусан инсонвор рафтор намоем, на мисли ғоратгаре ба сарвати бегона…
Манбаи асосии оби дарёҳо аз боришот буда, бештари боришот ба қисми ғарбии қаторкӯҳҳои Бадахшон ва Тоҷикистони Марказӣ аз 500 то 1200 мм (қисми зиёди он дар намуди барф) меборад, ки сабабгори пайдоиши пиряхҳо гардидааст.
Дар Тоҷикистон беш аз 8493 пиряхи кӯҳӣ мавҷуд аст, ки қариб аз 6% то 8% – и қаламрави Тоҷикистонро пӯшидааст. Яъне 11146 км² буда, 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.
Пиряхҳои ба номи Федченко, Грум Гржимайло, Гармо ва Зарафшон якҷо бо дигар пиряхҳои хурду калон тақрибан 20% – и манбаи оби дарёҳои Тоҷикистон мебошад.
Аз ҷумла ба монанди дарёҳои Сир, Вахш, Панҷ, Зарафшон, Варзоб ва чанд дарёчаи Бадахшон, барои рушд ва сохтмони Нерӯгоҳҳои барқии обӣ (НБО) дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши бузург мебозанд. Ин манбаъ барои рушд ва тавлиди нерӯи барқи обии нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, дурнамои калон дошта, яке аз сабабҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон аст ва ҳамчунин нақши хеле муҳимро мебозад.
Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи обӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ дар байни мамлакатҳои ҷаҳон ( такрор менамоям дар байни мамлакатҳои ҷаҳон) дар ҷои 8 – ум пас аз Русия, Чин, ИМА, Бразилия, Заир ( дар Африқо), Ҳиндустон ва дар миёни мамлакатҳои ИДМ (собиқ Шӯравӣ) дар ҷои дуюм пас аз Русия меистад.
Дар як худи дарёи Вахш НБО – ҳои зиёд ба монанди Бойғозӣ – иқтидори он 0,6 млн кВт, Сарбанд, Марказӣ, Шаршара, Сангтӯда – 1, – 0,67 млн кВт, Сангтӯда – 2, – 0,11 млн кВт, Норак – 2,6 млн кВт, Роғун – 3,6 млн кВт ( бо ҳисоби имрӯза каме зиёдтар ҳисоб карда истидаанд муҳим сохтмон идома ёбад) ва дар ояндаи наздик Шӯробод сохта мешавад. Ва дар дарёи Сир НБО – и Қайроққум ба номи “Дӯстии халқҳо“, – 126 ҳазор кВт, дар дарёчаи Варзоб НБО – ҳои Варзоб – 1, 2, 3 ва дар Бадахшони Кӯҳӣ, Помир – 1 ва нерӯгоҳи барқи обии Себзор (НБО) бо кӯмаки молӣ Иттиҳоди Аврупо сохта шуда, 26 06 2025 дар ноҳияи Роштқалъа ба кор андохта шуд, ки то 220 000 аҳолиро бо нерӯи барқ таъмин менамояд. Боз НБО – ҳои хурд, ки аз 5 то 1500 кВт иқтидор доранд, шумораи онҳо ҳудуди 285 – 290 буда, дар ҳудуди Тоҷикистон сохта ба истифода дода шудааст.
Иқтидори нерӯгоҳҳои барқии сохта шуда дар охирҳои соли 2014 ба 5457 МВт расид, аз ҷумла нерӯгоҳҳои обӣ 5039 МВт ва Маркази барқи гармидиҳии Душанбе – 2 ва Ёвон 418 МВт – ро ташкил медиҳад. (Инҷо соли 2014 – ро овардам, чунки соли 2012 як золими дигар бо номи Ислом Каримов ба қаламрави Тоҷикистон вориди гази табииро қатъ кард, аз ҳамин сол сар карда камбудии нерӯи барқ, маводи сӯзишворӣ ба аҳолӣ оғоз шуда буд).
Захираҳои мавҷудаи умумии нерӯи барқи Тоҷикистон 527 млрд кВт/соатро ташкил намуда, ҳоло ҳамагӣ 5 – 6 дарсад аз ҳиссаи мавҷударо истеҳсол мекунему бас.
Дар соли 2014 нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон 16,4 млрд кВт соат нерӯи барқ истеҳсол намуд, соли 2019 истеҳсоли нерӯи барқ ба 20,6 млрд кВт/соат расонда шуд. Аз ҷумла ҳиссаи нерӯи барқи обӣ — 19,1 млрд кВт/соат, ҳиссаи МБГ — 1,5 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Агентии омор, дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 22 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки нисбати соли 2022 ҳудуди 2,2 дарсад зиёд аст. Аз ҷумла: қариб 95 фоизи кувваи нерӯи барқро истгоҳҳои нерӯгоҳи обӣ, боқимондаро истгоҳҳои барқи- гармидиҳӣ тавлид кардаанд.
Инчунин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобиро ҳам васл карда истодаанд, ки бо микдори кам бошад ҳам истеҳсоли нерӯи барқ оғоз шуда аст.
Ёдовар мешавем, ки аҳолии деҳот, ҳудуди 70 дарсади аҳолии кишварро ташкил мекунанд, ки аз 20 сентябри соли 2023 интиқоли нерӯи барқ, пагоҳӣ 3 соат ва бегоҳӣ 5 соат ҳамагӣ ва дар маҷмуъ 8 соат барқ дода мешавад ва баъзан рӯзҳо барқ тамоман хомӯш аст. Бо вуҷуди камбудии барқ дар дохили кишвар, моҳи декабри соли 2024 интиқоли он ба хориҷи кишвар тақрибан чаҳор баробар афзоиш дода шуд.
Бо истеҳсоли 22 млрд кВт/соат нерӯи барқ, сатҳи рушди иқтисодӣ, беҳбудии шароити зисти аҳолӣ, инчунин амнияти миллӣ ва истифодаи қувваи барқ боло мерафт ва бояд кишвар соҳиби пешрафти устувори соҳаҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва таъмини хуби аҳолӣ бо нерӯи барқ ба як ҷомеаи муосир мубаддал мегашт. Вале афсӯс…
Фейсбук, сафҳаи шахсии Дадоҷон Ёқубов
Идома дорад…
qalamonline.net
Қаламонлайн













