Дуои модар

Адаб

Дуои модар

Мактаби инсоният

Аз Боязиди Бастомӣ, орифи бузург пурсиданд: Ин мақоми арзишмандро чӣ гуна ёфтӣ?

Гуфт: Шабе модар аз ман об хост. Нигаристам, об дар хона набуд. Кӯза бардоштам ва ба ҷӯй рафтам, ки об биёварам. Чун бозомадам, модар хобаш бурда буд. Пас бо хеш гуфтам: Агар бедораш кунам, хатокор хоҳам буд. Он гоҳ истодам, то магар бедор шавад. Ҳангоми бомдод, ӯ аз хоб бархост, сар бар кард ва пурсид: Чаро истодаӣ? Қиссаро барояш гуфтам.

Ӯ ба намоз истод ва пас аз ба ҷой овардани фариза, даст ба дуо бардошт ва гуфт: Худоё! Чунон ки ин писарро бузург ва азиз доштӣ, андар миёни халқ низ ӯро азиз ва бузург гардон!

Паёми достон:

Ишора ба ҷалби ризояти модар ва таъсири дуои ӯ дар ҳаққи фарзанд ва ин ки ҷалби ризояти модар, одамиро ба мақомҳои волои маънавӣ мерасонад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳаким ва нобихрадон
Натавон забони мардум бастан

Матолиби пурбоздид