Дурӯғи маслиҳатомез беҳ, ки аз рости фитнаангез

Адаб

 

Дурӯғи маслиҳатомез беҳ, ки аз рости фитнаангез

Ҳикояте аз Гулистони Саъдӣ

Подшоҳеро шунидам, ба куштани асире ишорат кард. Бечора дар ҳолати навмедӣ маликро дашном додан гирифт ва сақат гуфтан, ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишӯяд, ҳар чӣ дар дил дорад, бигӯяд.»

Вақти зарурат чу намонад гурез,

Даст бигирад сари шамшери тез.

* * *

Изо яисал-инсону тола лисонуҳу,

Касиннавир мағлубин ясулу алал-калби.

Тарҷумаи байт:

Одамиро ба гоҳи навмедӣ забон дароз гардад,

Чун он гурба, ки ба вақти шикаст бар саг битозад.

Малик пурсид:

— Чӣ мегӯяд?

Яке аз вузарои некмаҳзар гуфт:

— Эй худованд, ҳамегӯяд: Вал-козиминал-ғайз вал-ъофина ъанин-нос (тарҷумааш: Пӯшандагони ғазаб ва бахшояндагони гуноҳи мардум).

Маликро раҳмат омад ва аз сари хуни ӯ даргузашт.

Вазири дигар, ки бар зидди ӯ буд, гуфт:

— Абнои ҷинси моро нашояд дар ҳазрати подшоҳон ҷуз ба ростӣ сухан гуфтан. Ин маликро дашном дод ва носазо гуфт.

Малик аз ин сухан рӯй дарҳам овард ва гуфт:

— Маро он дурӯғ писандидатар омад аз ин рост, ки ту гуфтӣ, ки рӯи он дар маслиҳате буд ва бинои ин бар хабосате ва хирадмандон гуфтаанд: «Дурӯғе маслиҳатомез беҳ, ки аз росте фитнаангез.»

Ҳар кӣ шоҳ он кунад, ки ӯ гӯяд,

Ҳайф бошад, ки ҷуз накӯ гӯяд.

Бар тоқи айвони Фаридун набишта буд:

Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас,

Дил андар Ҷаҳонофарин банду бас!

Макун такя бар мулки дунёву пушт,

Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.

Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,

Чи бар тахт мурдан, чи бар рӯи хок.

Гулистони Саъдӣ

Қаламонлайн

 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар
Бо ҷавонон машварат кунед

Матолиби пурбоздид