Женероли исроилӣ: “Дар Ғазза шикаст хӯрдаем; ҳамла ба Лубнон яъне нобудии Исроил”
Ахбори байналмилал
Женероли аршади собиқ дар артиши режими саҳюнистӣ, Исҳоқ Брик, бо эътироф ба “шикасти роҳбурдӣ ва бесобиқа”-и ин режим дар ҷанги Ғазза, гуфт, ки натиҷаи ҳар гуна ҳамлаи густарда ба Лубнон, “як ҳулукост” барои Исроил хоҳад буд.
Ба гузориши хабаргузори Форс, женероли аршади собиқи артиши режими саҳюнистӣ, бо баёни ин ки ҷанги Ғазза “ҳадафи худро аз даст дода” гуфт, ки идомаи он барои 9-умин моҳи паёпай бидуни дастёбӣ ба аҳдофи эъломӣ, дар беш аз як сатҳ ба “Исроил” хисорот ворид мекунад.
Вай дар гуфтугӯ бо радиои вобаста ба рӯзномаи “Маорив” тасреҳ кард, ки ҷанги кунунии Ғазза танҳо ба нафъи Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ идома дорад.
Масъули пешин шӯъбаи шикоёт дар артиши режими саҳюнистӣ, дар бораи амалиёти низомии ишғолгарон дар Рафаҳ низ эътироф кард, ки Исроил дар таҳаққуқи аҳдофаш дар ин шаҳр низ монанди соири манотиқи навори Ғазза шикаст хӯрд ва нерӯҳои “артиш” натавонистанд бисёре аз тенулҳои муқоваматро биёбанд.
Вай таҳаввулоти ҷорӣ дар Рафаҳро “шармовар” тавсиф кард ва гуфт, ки “артиш дар воқеъ бо Ҳамос намеҷангад, балки Ҳамос масирҳоро бомбгузорӣ мекунад ва мо кушта мешавем.”
Исҳоқ Брик афзуд, ки артиши ишғолгар дар ҷараёни пешравии заминӣ, беш аз 200 кушта ва ҳазорон захмӣ додааст.
Вай, бо баёни ин ки Исроил дар ҷанги кунунӣ “шикасти роҳбурдӣ ва бесобиқа”-ро таҷриба карда гуфт, ки “мо тайи 20 сол зарфияти артишро коҳиш додем, то замоне, ки дигар натавонад Ҳамосро шикаст диҳад.”
Ин женероли исроилӣ дар бораи ҷабҳаи Лубнон низ таъкид кард, ки “ҳар гуна тасмими Натонёҳу барои ҳамла ба Ҳизбуллоҳ, як ҳулукост барои Исроил ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Зеро Исроил акнун наметавонад мушакҳои Ҳизбуллоҳ ва паҳподҳои Ҳизбуллоҳро мутаваққиф кунад. Ҳол дар сурати оғози ҷанги минтақаӣ ва шиллики ҳаррӯза на даҳҳо, балки ҳазорон мушак ба самти мо, чӣ иттифоқе хоҳад афтод?”
Аз оғози ҷанги Ғазза то ба имрӯз, ҳамвора гузинаи ҷанги фарогири Исроил алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон матраҳ шуда, аммо дар сояи ташдиди танишҳо дар ин рӯзҳо дар шимоли Фаластини ишғолӣ, саҳюнистҳо бори дигар ба оғоиз ҷанги фарогир алайҳи ҷануби Лубнон таҳдид мекунанд. Дар ҳамин росто низ вазир ва намояндаи собиқи порлумони Лубнон ва аз раҳбарони сиёсии Ҳизбуллоҳ, Муҳаммад Фниш, дар гуфтугӯ бо Алмаёдин, оғози чунини ҷанги фарогириро баъид донист ва дар айни ҳол таъкид кард, ки “муқовамат барои ҳар эҳтимоле омода мешавад.”
Farsnews
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: