Забони давлатӣ чигуна забон аст?
Ба муносибати Рӯзи Забон
Умеди Ҷайҳонӣ
Забони давлатӣ гунаи расмиву идории забон аст, ки давлат дар коргузорӣ ва хидматрасонӣ ба миллат ба кор мебарад.
Забони давлатӣ гунае аз забон аст, ки дар навиштани Қонуни асосӣ ва дигар қонуну қарорҳои ҳукумат, номаҳои идорӣ, бахшномаҳо ва дастурҳои иҷроии ҳукумат, баёнияҳои сиёсӣ, суханрониҳои сиёсӣ ба кор меравад. Аз вижагиҳои ормонии забони давлатӣ ин аст, ки бояд сохторҳои наҳвии рӯшан, таъбирҳои суфтаву пухтаву парварда ва вожаву истилоҳоти дақиқу таърифшуда дошта бошад.
Вале забони давлатии Тоҷикистон, яъне гунаи идориву ҳукуматии забони тоҷикӣ, бисёре аз ин вижагиҳои ормонии чунин забонеро надорад. Яке аз умдатарин эродҳои гунаи расмии забони тоҷикӣ дақиқ набудани маънои бисёре аз вожаҳову истилоҳоташ аст. Ин истилоҳот маъмулан аз русӣ баргардон мешаванд ва сохтори наҳвии бегона доранд.
Дар остонаи Рӯзи забони давлатӣ бояд дар бораи камбуди забони коргузории маҷлиси қонунгузор, вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳои давлатӣ гуфту навишт, на дар бораи забони гуфтугӯии мардум (гунаҳои гуфтории забон) ё забони шеъру достоннависӣ (гунаи адабии забон).
Умеди Ҷайҳонӣ
Қаламонлайн