Забони ниёгон – форсӣ ё тоҷикӣ; ё форсии тоҷикӣ

Фарҳанг

Забони ниёгон – форсӣ ё тоҷикӣ; ё форсии тоҷикӣ

Фарҳанг

Барои як тоҷики огоҳ ҳеч фарқе надорад, забони модарии ӯро дарӣ бихонанд, форсӣ бигӯянд ё тоҷикӣ.

Муҳим ин аст, ки ин чашмаи нур, шаффофӣ, боландагӣ ва асолати дерини худро олудаи селобҳои хасмонаи замон насозад, аз ривоҷ наафтад ва аз байн наравад…

Пас аз қудрат гирифтани Шӯравӣ дар Осиёи Миёна, роҳу равиши сиёсати ҳоким нисбат ба забони форсӣ, чандон дӯстона набуд. Аз ҷумла ин ки таблиғ мешуд, забони тоҷикӣ, забони ҷудо аз забони форсист; тағйири хатти форсизабонони Осиёи Миёна (ибтидо ба лотинӣ ва сипас ба кириллӣ) ва расмӣ кардани лаҳҷаи бухороӣ ба ҷои форсии меъёр низ қадаме дар ҷиҳати ҳамин сиёсат буд.

Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, (дар воқеъ аз замони ислоҳоти Горбачев), гурӯҳе аз фарҳехтагони тоҷик, ҳамчун Лоиқ Шералӣ, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Мирзо Шакурзода ва дигарон, нисбат ба ин клишаҳои Шӯравӣ шурӯъ ба огоҳсозӣ карданд.

Мирзо Шаркурзода, адиб ва журналисти муосири тоҷик дар ҳамин замина менависад:

Барои як тоҷики огоҳ ҳеч фарқе надорад, забони модарии ӯро дарӣ бихонанд, форсӣ бигӯянд ё тоҷикӣ.

Муҳим ин аст, ки ин чашмаи нур, шаффофӣ, боландагӣ ва асолати дерини худро олудаи селобҳои хасмонаи замон насозад, аз ривоҷ наафтад ва аз байн наравад. Душманони фарҳанг ва адаби мо ба хотири эҷоди ҷудоӣ миёни тоҷикони Вароруд, порсизабонони Афғонистон ва бародарони мо дар кишвари модар, яъне Эрони имрӯз, талош доштанд, тамоми мероси беш аз ҳазор солаи воҳидамонро ба Эрони феълӣ ва ба истилоҳи онҳо, “форсча тилӣ” илҳоқ намоянд, дар ҳоле ки ҳатто рӯшанзамирони Эрон комилан мухолифи чунин андешаанд, ба таври мисол, Сируси Эзадӣ, дар муқаддимаи китоби Бертелс, торихи адабиёти форсу тоҷик навиштааст: “Мо ва тоҷиконе, ки дар сарзаминҳои дигар ҳастанд ва давлатҳои дигаре доранд, ҳама аз як табор ва дорои як забон ҳастем ва аз дастовардҳои адабию илмӣ ва фарҳангии ягона ва пуровоза бархурдорем… ва ҳеч кадом бар дигарӣ дар ин бора бартарӣ надорем”.

Ҳастанд ашхосе дар Эрон ва иддае дар Тоҷикистон, ки дар миёни фарҳанги ягонаи мо тафриқа эҷод мекунанд ва об ба осиёби душмани муштараки мо мерезанд, аммо шумори онон беш аз андаке нест, касе ҳам ба сухани онҳо эътиборе намедиҳад!

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фаластин – қалби олами ислом
Мовароуннаҳр – II

Матолиби пурбоздид