Забони порсӣ дар давраи Сомониён

Фарҳанг

Забони порсӣ дар давраи Сомониён

Ба қалами Саидаи Султонии Муқаддам

Ҳаракати фарҳангии Сомониён заминаи муносибе барои рушд ва густариши забони порсӣ фароҳам сохт ва дар партави ҳимояти ин силсила, илму адаб дар Хуросон болидан гирифт. Агарчи Сомониён забони арабиро — ки забони идорӣ ва абзори иртиботи онҳо бо дигар билоди исломӣ ба шумор мерафт — ба кор мебурданд, аммо ба забони порсӣ таваҷҷӯҳи зиёде нишон медоданд ва бо алоқаи шадид, аз нависандагон ва шоироне, ки ба ин забон менавиштанд ё шеър месуруданд ҳимоят мекарданд, чунон ки дар давраи онон наҳзате барои тарҷума аз осори арабӣ ба порсӣ шакл гирифт ва китобҳое чун “Калила ва Димна”, “Тафсири Кабири Табарӣ” ва “Торихи Табарӣ” ба порсӣ баргардонида шуд:

“Наср ибни Аҳмад ин сухан бишнид, хуш омадаш, дастури хешро, Хоҷа Балъамӣ, бар он дошт, то аз забони тозӣ ба забони порсӣ гардонид, то ин нома ба дасти мардумон андар афтод, ва ҳар касе даст бад-ӯ андар заданд, ва Рӯдакиро фармуд, то ба назм овард, ва “Калила ва Димна” андар забони хурду бузург афтод ва номи ӯ бад-ин зинда гашт, ва ин нома аз ӯ ёдгорӣ бимонд.” (Торихномаи Табарӣ, гардонидаи мансуб ба Балъамӣ)

Порсии дарӣ

Порсии дарӣ дар давраи исломӣ нахустин бор дар дарборҳо ва шаҳрҳои навоҳии шарқи Эрон барои шеър ва наср ба кор рафт. Ва ба иборати дигар, нахустин зуҳури адабии он дар шарқи Эрон шакл гирифт. Ба ҳамин сабаб, таҳти таъсири луғати сарфу наҳви лаҳҷаҳои мутадовал дар ин навоҳӣ қарор гирифт. Мақдисӣ ва Ибни Ҳавқал минтақаи мавриди истифодаи ин забонро аз Нишопур то Суғд дар Фарорӯд донистааанд. (Аҳсанут-тақосим, ҷ.2, с.490) Ҳамчунин дар “Торихи Бухоро” омадааст: “Забони аҳли Бухоро ҳамон забони суғдӣ аст бо андак таҳрифе дар баъзе аз ҳуруф, ва забони дарӣ аст.” (Торихи Бухоро, Наршахӣ, с.167). Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ забони дариро мансуб ба дарбор медонад ва онро забони шаҳрҳои Мадоин бармешуморад, ки лаҳҷаҳои шарқи Эрон ба вижа луғати аҳли Балх, дар он ғолиб будааст. (Феҳрист, Ибни Надим, с.19)

Забоне, ки ба порсии дарӣ шӯҳрат ёфт, бо забони паҳлавӣ тафовут дошт. Забони паҳлавӣ забони расмӣ ва динии касоне буд, ки бар кеши зартуштӣ боқӣ монда буданд ва барои эрониёни мусалмон истифода аз забони ғайри мусалмон макрӯҳ шумурда мешуд. Ба ҳамин далел, забони порсии дарӣ, ки бо хатти арабӣ навишта мешуд, шароити лозим ва рушди кофӣ пайдо кард, то эрониёни мусалмон битавонанд онро ба унвони забони роиҷи худ баргузинанд. (Торихи адабиёти Эрон, Забеҳуллоҳи Сафо, с.3)

Ҳамон тавр ки гуфта шуд, порсии дарӣ ҷанбаи дарборӣ ва идорӣ ёфт ва забони шеър ва насри он навоҳӣ шуд ва андак-‏андак шоирон ва нависандагоне бад-ин забон шурӯъ ба шоирӣ ва нависандагӣ карданд ва чанде нагузашт, ки устодони мусалламе монанди Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Касоӣ ва дигарон дар қарни 4-ум зуҳур карданд ва бад-ин лаҳҷа осоре гаронбаҳо ва китоб‏ҳое бузург ба наср дар ҳамин лаҳҷа падид оварданд.

Баъд аз он ки ба унвони як лаҳҷаи расмии сиёсӣ ва адабӣ дар ҳамаи Эрон интишор ёфт, ба ҳамон вазъи аслӣ ва ибтидоии худ боқӣ намонд ва шоирони навоҳии марказ ва мағриб ва шимол ва ҷануби Эрон ҳар як миқдоре аз муфрадот ва таркиботи лаҳҷаҳои маҳаллии худро дар он ворид карданд. Забони арабӣ дар он ба ҳамон наҳв, ки аз оғози ғалабаи ислом шурӯъ шуда буд идома ёфт ва ба тадриҷ бисёре аз таркибот ва муфрадот ва бархе аз усули сарф ва иштиқоқи забони арабӣ дар он роҳ ҷуст ва лаҳҷа‏е, ки дар қуруни мутаъаххир маъмул шудааст, аз ин роҳ падид омад. (Торихи адабиёти Эрон, с.163)

Аммо ба тадриҷ ин забон дар манотиқи марказӣ ва ғарби Эрон низ корбурд пайдо кард, чунон ки Алоуддавлаи Кокуя аз Ибни Сино, ки тамоми осорашро ба забони арабӣ навишта буд, хост китобе низ ба порсии дарӣ бинависад: «Фармуд, то китобе тасниф кунам ба порсии дарӣ, ки андар вай аслҳо ва нуктаҳои панҷ илм аз пешинагон гирд оварам ба ғоят мухтасар.” (Донишномаи Алоӣ, Ибни Сино, с.25)

Дарбори сомонӣ аз оғози қарни 4-ум муҳимтарин нақшро дар густариши забони порсӣ бар ӯҳда дошт. Ин дарбор бо ҳимоят аз суханварони порсигӯй онҳоро ба халқи осоре ба назм ва насри порсӣ барангехт ва мӯҷиб шуд ин ба тадриҷ ба унвони забони илмӣ ва адабӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад. (Аз тулӯъи Тоҳириён то ғуруби Хаворазмшоҳиён, Расули Ҷаъфариён, с. 91)

Сомониён бо бархӯрдорӣ аз чанд вижагии муҳим, тавонистанд заминаи рушд ва густариши забони порсиро фароҳам созанд, ки ба чанд нуктаи он ишора мешавад:

а) Бухоро пойтахти онон аз назари суқулҷайшӣ аҳаммияти зиёде дошт. Ин шаҳр аз як сӯ рӯ ба Хуросон, Табаристон ва Систон дошт, ва аз сӯи дигар бо билоди Фарорӯд муртабит буд, ва ин худ сабаб шуд, то Бухоро маркази бархӯрди мазоҳиби мухталиф ва андешаҳои гуногун бошад.

б) Ҳимояти ҷиддии Сомониён аз илму адаб мӯҷиб гардид, то бисёре аз олимон ва адибон ба ин шаҳр рӯй оваранд. Иқболи аҳли илму адаб ба Бухоро ба ҳадде буд, ки дар қарни 4-ум онҷо маҷмаъи теъдоди зиёде аз донишмандон ва адибони барҷастаи рӯзгор шуд. Дарбори сомонӣ аносур ва абзорҳои фарҳангиро мавриди ҳимоят қарор медод ва бар тарҷумаи мутун аз арабӣ ё паҳлавӣ ба порсии дарӣ таъкид мекард.

в) Вуҷуди санъати коғазсозӣ дар ин минтақа ва равнақи он дар ин рӯзгор, аз дигар авомиле буд, ки ба тарвиҷи илму адаб ёрӣ мерасонд. Ин санъат дар соли 133 ҳ.қ ба василаи коргарони чинии асиршуда дар Самарқанд тавлид шуд ва ривоҷ ёфт ва 25 сол баъд асрори ин санъат нахуст ба Бағдод ва сипас ба Димишқ расид. (Торихи адабиёти Эрон, с.228)

г) Сомониён ба пайравӣ аз хулафои аббосӣ — ки шоирони бисёреро гирд оварда буданд ва аз онон ба унвони анбори таблиғот барои устувор сохтани пояҳои ҳукумат ва густариши нуфузи худ истифода мекарданд — заминаи ҳузури шоиронро дар дарбори худ фароҳам карданд ва чун бархе аз бузургони сомонӣ ба вижа вазирони ин силсила, худ аз аҳли илму адаб ба шумор меомаданд ва ба забони порсӣ низ алоқаи зиёде доштанд, шоирон ва нависандагонро бармеангехтанд, то ба порсӣ шеър бигӯянд ва китоб бинависанд. Чунин буд, ки осори арзишманде дар ин давра падид омад ва муқаддимаи офариниши осори дигаре монанди “Шоҳнома” фароҳам гардид. (Торихи адабиёт, Ризо Шафақзода, с. 117)

Забони арабӣ

Бо ҳамаи таваҷҷӯҳҳое, ки Сомониён ба тарвиҷ ва густариши забон ва адаби порсӣ аз худ нишон доданд, дар қаламрави онон донишмандон ва шоирон метавонистанд ба забони арабӣ низ таълиф кунанд ё шеър бигӯянд. Китоби “Мафотеҳул-улум” яке аз нахустин доиратулмаорифи илмӣ аст, ки дар даврони исломӣ ба василаи Абӯабдуллоҳ Муҳаммади Хаворазмӣ барои Утбӣ, вазири Амир Нӯҳи Сомонӣ ба арабӣ навишта шудааст. Ҳамчунин “Торихи Бухоро” дар соли 332 ҳ.қ. ба номи Амир Нӯҳи Сомонӣ ба арабӣ таълиф шуд. Сиккаҳое, ки дар Самарқанд, Бухоро ва шаҳрҳои Фарорӯд зарб шуда, ҳама ба забони арабӣ ва хатти куфӣ аст. Амирони сомонӣ ва вазирон ва дабирони онҳо ағлаб бо забони арабӣ ошно буданд.

Зодгоҳи забони порсӣ

Зодгоҳи забони порсӣ машриқи фалоти Эрон аст ва нахустин шоирон ва насрнависон аз ин диёр бархостаанд. Забон ва адаби порсӣ дар Фарорӯд аз қарни 4-уми ҳиҷрӣ бо падид омадани шоироне чун Рӯдакӣ ва нависандагоне чун Балъамӣ, Ҷайҳонӣ ва Утбӣ, яке аз бузургтарин ва пуршукӯҳтарин даврони худро пушти сар гузошт ва ин забон бо падид омадани шоирон ва адибони бузург, даврае аз рушд ва камоли худро тай кард.

Дар аҳаммият ва густариши забони порсӣ дар Фарорӯди қарни 4-уми ҳиҷрӣ, ҳамин бас, ки аввалин бор “Тафсири Кабири Табарӣ” ва “Торихи Табарӣ” ба унвони ду китоби асосӣ барои мусалмонон дар Фарорӯд ба порсӣ тарҷума шуд. Забони порсии роиҷ дар Бухоро ва Самарқанд аз қарни 4-уми ҳиҷрӣ порсии дарӣ буд, ки таркибе аз вожаҳои арабӣ ва суғдӣ ва хоразмиро бо худ дошт ва ин забон дар Фарорӯд, Хоразм ва Хуросон тақрибан муштарак ва қобили фаҳм буд.

Забони порсӣ дар Фарорӯд баъд аз Сомониён забони расмӣ буд ва на танҳо дар мукотиботи идорӣ, балки дар нигориши китобҳои гуногуне низ корбурд дошт. Густариши забони порсӣ корро ба ҷое расонда буд, ки аз алоқаи мардум ба арабӣ, ки мутуни зиёде ба он забон мавҷуд буд, рӯз ба рӯз коста шуд ва иддаи бештареро ба ин фикр водошт, то кутуби арабиро ба порсӣ тарҷума кунанд. (Торихи Бухоро, Наршахӣ, с.4)

Фарорӯд аз лиҳози ҷуғрофиёи табиӣ аз Хуросон ҷудо буд, аммо аз назари фарҳангӣ ва илмӣ ва ба вижа аз ҷанбаи адабӣ ва забонӣ, ҷузъе аз он ба ҳисоб меомад ва забон ва адабиёти порсӣ дар Хуросон пайванде ногусастанӣ бо адабиёти порсӣ дар Фарорӯд дорад. Шоирон, адибон ва нависандагони ин ду ноҳия ба вижа дар давраи исломӣ, бо ҳам дар иртибот буда ва гоҳ хуросониён барои касби улум ба Фарорӯд мерафтанд ва гоҳ толибони илм аз онҷо ба Хуросон меомаданд, то аз маҳзари бузургони ин диёр баҳра бигиранд.

Теъдоде аз шоирони маъруфи Фарорӯд чун адиб Собири Тирмизӣ ва Сайфи Исфарангӣ умри худро дар Хуросон ба поён бурдаанд. Аз ҳамин рӯст, ки баҳс дар улуми адабии Фарорӯд ба таври мустақим бо торихи адабиёти Эрон иртибот дорад. Адабиёти ин сарзамин дар қарнҳои 5-ум ва 6-уми ҳиҷрӣ, бахше аз адабиёти Эрон аст.

Фатвои уламои Фарорӯд дар бораи забони порсӣ ва ислом

Мансур ибни Нӯҳ, подшоҳи сомонӣ (350-365 ҳ.қ)‏, ҳангоме ки хост “Тафсири Кабири Табарӣ”-ро аз тозӣ ба порсӣ баргардонад, аз уламои Фарорӯд, қаламрави фармон‏равоии худ, дар бораи ҷавози он кор фатво гирифт. Ва чун фатвои уламои Фарорӯд дар ин ‏боб нуқтаи атфе буд дар торихи забони порсӣ ва фарҳанги исломӣ, ки мебоист аз он ёд шавад ва пайваста дар мадди назар бошад, аз ин ‏рӯ дар ин‏ҷо тавзеҳи бештаре дар бораи он хоҳад омад.

Касоне, ки Мансур аз онон барои баргардондани он китоб ба порсӣ назар хост, уламои шаҳрҳои бузурги он сомон ҳамчун Бухоро, Балх, Самарқанд, Сапиҷоб, Фарғона ва шаҳрҳои дигар буданд. Бархе аз уламое, ки аз ин шаҳрҳо ба дастури вай дар пойтахти ӯ гирд омада буданд, аз ин ҷумлаанд: Абӯбакр Аҳмад ибни Ҳомид, Халил ибни Аҳмади Сиҷистонӣ ва дар бархе нусха‏ҳо аз Абӯбакр Муҳаммад ибни ал-Фазл ал-Имом ва Абӯбакр Муҳаммад ибни Исмоил ал-Фақеҳ ва Абӯҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ва Фақеҳ Ҳасан ибни Алии Мандус ва Холид ибни Ҳонии Муттафаққеҳ ном бурдаанд. (Торихи Табарӣ)

Ин уламо ҷумлагӣ ба тарҷумаи он тафсир ба забони порсӣ фатво доданд ва ба дастури Мансур гурӯҳе аз уламои он сомон ба тарҷумаи он пардохтанд ва ҳосили кори эшон ҳамин тарҷумаи порсии “Тафсири Кабири Табарӣ” аст, ки ҳамвора яке аз захоири гаронқадри забони порсӣ ба ‏шумор рафта ва меравад.

Он чӣ дар достони ин тарҷума дар хӯри диққат ва таъаммул мебошад, далеле аст, ки ин уламо дар тавҷеҳи фатвои худ овардаанд, ки шояд бо нақли қисмате аз он, беҳтар битавон ба маъно ва мафҳуми он фатво пай бурд. Дар муқаддимаи китоб чунин омада:

“Пас уламои Мовароуннаҳрро гирд кард (яъне Мансур) ва ин аз эшон фатво кард, ки раво бошад мо ин китобро ба забони порсӣ баргардонем? Гуфтанд: раво бошад хондан ва набиштани тафсири Қуръон ба порсӣ мар он‏ касро, ки ӯ тозӣ надонад, аз қавли Худой ъазза ва ҷалла, ки гуфт: “Ва мо арсално мин расулин илло би лисони қавмиҳи.” Гуфт: ман ҳеч пайғомбареро нафиристодам, магар ба забони қавми ӯ ва он забоне, к-эшон донистанд. Ва дигар он буд, к-ин забони порсӣ аз қадим боздонистанд — аз рӯзгори Одам то рӯзгори Исмоили пайғомбар (а) — ҳамаи пайғомбарон ва мулукони замин ба порсӣ сухан гуфтандӣ ва аввал кас, ки сухан гуфт ба забони тозӣ Исмоили пайғомбар буд (а) ва пайғомбари мо салаллоҳу алайҳи аз араб берун омад ва ин Қуръон ба забони араб бар ӯ фиристоданд. Ва ин‏ҷо бад-ин ноҳият забони порсӣ аст ва мулукони инҷониб мулуки аҷаманд.” (Тарҷумаи тафсири Табарӣ, ҷ.1, с.5)

Ин фатво аз як ‏сӯ поя бар ин асл дошт, ки ислом динест инсонӣ ва ҷаҳонӣ, ки ҳеч қавмият ва забоне онро маҳдуд намесозад. Асле, ки аз оғоз гаройиши исломии эрониён бар он қарор гирифта буд. Ва бар пояи ҳамон асл ҳам бо умавиён ва пайравони эшон, ки исломро ҷуз ин ме‏хостанд даруфтоданд ва онҳоро аз миён бардоштанд. Ва аз сӯи дигар, реша дар фарҳанги куҳан ва устувори он ноҳия дошт, ки исломро ҷуз дар забони порсӣ намефаҳмида ва наме‏пазируфтаанд. Ба гуфтаи Наршахӣ дар Торихи Бухоро: “Мардуми Бухоро дар аввали ислом дар намоз Қуръон ба порсӣ хондандӣ ва арабӣ натавонистандӣ омӯхтан.” Ва ҳам ба гуфтаи ӯ, “дар намози ҷамоат дар ҳангоми рукӯъ ва суҷуд марде ба ҷойи такбири арабӣ, ба забони худашон бонг кардӣ ва онҳоро биогоҳонидӣ.” (Торихи Бухоро, с.67)

Фатвои Имом Абӯҳанифа ҳам, ки дар такбири намоз ҷоиз аст ба ‏ҷойи “Аллоҳу Акбар”, гуфта шавад: “Худой Бузург аст” ё “Худой Бузург” ё “Ба номи Худой”, реша дар ҳамин фарҳанг дорад. Ва ба ҳукми ҳамин фарҳанг ҳам буда, ки вақте Ашрас, коргузори Ҳишом халифаи умавӣ дар Хуросон, дар садад баромад, ки исломро аз роҳи даъват ва таблиғ дар Фарорӯд густариш диҳад, ночор шуд барои ин кор касонеро баргузинад, ки забони порсӣ хуб бидонанд ва дар он маҳорат дошта бошанд. (Торихи Табарӣ, ҷ.1, с.151)

Ва ногуфта намонад, ки дар ин даврон бад-ин‏ сабаб, ҳам фарҳанги куҳани Эрон ва ҳам гаройиши исломии эрониён ба сурати аслии худ фурсати бурузу зуҳур ёфтанд, ки давлати эронии сомонӣ бар ин минтақа фармон меронд ва аз қудрат ва шавкате баҳра‏манд буд, ки дар паноҳи он аҳли илму фикр аз озодии бештаре дар изҳори назарҳои худ бархӯрдор буданд.

Фатвои уламои Фарорӯд ва амали амири сомонӣ, аз он ‏рӯ нуқтаи атфе дар торихи забони порсӣ шумурда мешавад, ки таваҳҳуми беасосеро, ки дар азҳон русух ёфта буд ва дар асари илқоъоти мукаррар мерафт, ки ба сурати суннате пой‏дор ва исломӣ дарояд ва қаламрави забони порсиро аз он чӣ ки буд танг‏тар созад, дарҳам шикаст ва роҳи забони порсиро дар улуми қуръонӣ ва анвоъи маъорифи исломӣ боз кард ва мавонеъро то ҳадде аз ҷилави он бардошт ва ҳамин равиши хирадмандона буд, ки боис гардид, то забони порсӣ, гузашта аз шеъру адаб, ки дар он даврон равнақе басазое ёфта буд ва рӯ ба камол дошт, бо бори исломии худ низ ҳамчунон биболад ва исломро, ҳам дар қаламрави бисёр васеъи худ бигустаронад ва ҳам онро бо худ ба сарзаминҳои дурдасти Чин ва Ховари Дур бибарад ва дар он‏ҷоҳо бишносонад, ки худ фасле бадеъ дар торихи ислом дар қаламрави забони порсӣ аст.

Нахустин осори порсӣ

Нахустин асаре, ки аз насри порсӣ боқӣ монда, аз авоили қарни 4-ум аст. Пеш аз он фақат яке чанд ҷумлаест, ки муаллифони эронӣ ё араб дар китобҳое, ки ба забони тозӣ навиштаанд нақл кардаанд. Чизе, ки дар ин миён мусаллам аст ин аст, ки ҳатман дар қарни 2-ум насри порсӣ будааст, зеро ки Беҳофарид писари Моҳфарвардин, ки пеш аз хилофати Бани Аббос дар соли 132 ҳ.қ аз Хуросон дине тоза оварда буд ва аз мардуми ҳаволии Нишопур буд, пайравони худро ҳафт намоз ба забони порсӣ муқаррар дошт ва барои ин ҳафт намоз китобе ба забони порсӣ таълиф карда буд.

Баъд аз он, яке аз табибон ва мутарҷимони қарни 2-ум ба номи Манка, яке аз кутуби ҳиндиро ба исми китоби Шоноқ (ки дар нуҷум буд) аз ҳиндӣ ба забони порсӣ тарҷума кардааст ва Абӯҳотами Балхӣ дар миёни солҳои 170 ва 177 ҳ.қ он китобро барои Яҳёи Бармакӣ ба хатти порсӣ навиштааст. Аз ин ду китоб зоҳиран асаре боқӣ намонда ва низ аз кутубе, ки ба забони мо дар қарни 3-ум таълиф кардаанд, чизе ба даст нест. Вале то ҷое, ки иттилоъ дорем, дар қарни 4-ум дар натиҷаи ташвиқоти фавқулъодаи подшоҳони сомонӣ, китобҳои бисёре ба забони порсӣ таълиф шудааст, аз он ҷумла китобе дар луғати порсӣ ба исми “Тоҷул-мусодара”, ки ба Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ нисбат додаанд. Дар ҳамон замон Абӯҳафс Ҳаким ибни Аҳваси Суғдӣ низ китобе дар луғати порсӣ таълиф кардааст, ки то қарни 11-ум фарҳангнависон онро дар даст доштаанд.

Китобе, ки ба наср дар қарни 4-ум навишта шуда ва инак дар даст аст, мутаъаллиқ ба соли 346 ҳиҷрӣ мебошад. Ва он муқаддимае аст ба наср барои “Шоҳномаҳо”, яъне маҷмӯъаҳои торихи Эрони пеш аз ислом ва нависандаи он маълум нест. Вале пас аз он ки Фирдавсӣ ин достонҳоро назм карда, ҳамон муқаддимаи қадимро дар садри манзумаи Фирдавсӣ қарор додаанд ва сипас матолиби дигар дар аҳволи Фирдавсӣ бар он афзудаанд ва ин муқаддима ба фармони Абӯмансур Муҳаммад ибни Абдурразоқи Тӯcӣ, ҳукмрони Тӯс, тавассути чанд тан аз зартуштиёни Эрон навишта шудааст ва то соли 829 ҳ.қ, ки Бойсунқур Мирзо аз шоҳзодагони темурӣ дастур додааст муқаддимаи дигаре бар “Шоҳнома” бинависад. Ин дебочаи абӯмансурӣ ҳамвора дар садри “Шоҳнома” маъмул буд ва ҳанӯз дар баъзе нусахи хаттии қадим мутадовал аст. Ва ду муқаддимаи дигар ҳам пас аз он ва пеш аз дебочаи бойсунқурӣ навиштаанд. Пас аз он Абулқосим Исо ибни Алӣ, ки падараш Али ибни Исо ибни Довуд ал-Ҷироҳ, вазири муқтадири аббосӣ буд ва дар соли 334 реҳлат кард, китобе дар луғати порсӣ навиштааст, ки инак дар даст нест.

Дар ҳамин замонҳо Абулмуайиди Балхӣ, шоири маъруфи дарбори Сомониён, ба забони порсӣ таълифот кардааст ва аз ҷумлаи муаллафоти ӯ “Шоҳномае” будааст ба насри порсӣ, ки пеш аз соли 352, ки тарҷумаи Табарӣ тамом шуда онро таълиф карда буд. Ва низ зикре аз китоби “Гаршосбнома”-и ӯ ҳаст, ки маълум нест ҳамин “Шоҳнома” аст ё китобе дигар. Ва феълан танҳо китобе, ки аз муаллафоти ӯ боқист, китоби кучакест дар “Аҷоиби булдон”, ки дар миёни солҳои 366 ва 387 онро навишта.

Сипас дар замони Нӯҳ ибни Мансур, подшоҳи сомонӣ, “Тафсири Кабир” таълифи Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язиди Табариро, ки аз маъруфтарин кутуби фанн аст ба фармони ин подшоҳ ба забони порсӣ тарҷума кардаанд, вале мутарҷими он ба таҳқиқ маълум нест ва он китоб низ мавҷуд аст.

Китоби дигаре аз ҳамин муаллиф дар ҳамон овон тарҷума шуда ва он “Торихи Табарӣ” аст, ки зоҳиран дар соли 352 Абӯалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Убайдуллоҳи Балъмии вазир, ки шоир низ буд, тарҷума кардааст ва аз беҳтарин кутуби мутадовали насри форсӣ аст.

Дар соли 369 Нӯҳ ибни Мансур, подшоҳи сомонӣ, ба Хоҷа Амид Абулфавориси Қановузӣ фармон додааст, ки китоби “Синдбоднома”-ро аз забони паҳлавӣ ба забони порсӣ тарҷума кунад ва он тарҷума то қарни 6-ум мавҷуд будааст, ки Азрақии Ҳиравӣ шоири бузурги он замон он китобро назм кардааст ва Баҳоуддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Умари Заҳирӣ, котиби самарқандӣ, дар ҳамон қарн, тарҷумаи Қановузиро таҳзиб кардааст. Достони “Синдбоднома” маҷмӯи ҳикоётест, ки монанди “Калила ва Димна” дар замони Соcониён аз Ҳиндустон ба Эрон оварда ва ба забони паҳлавӣ тарҷума кардаанд ва аз онҷо ба забони порсӣ даромадааст.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дуои фаро расидани моҳи мубораки Рамазон
Ҳаё – асоси дин аст

Матолиби пурбоздид