Зеленский: Вашингтон ақибнишинӣ аз Донбассро шарти сулҳ медонад
Ахбори байналмилал
Президенти Украина Владимир Зеленский эълом кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба Киев пешниҳод додааст, ки дар сурати ақибнишинӣ аз минтақаи Донбас, имкони барқарории сулҳ дар кӯтоҳтарин фурсати мумкин фароҳам хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Зеленский, мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар ин назаранд, ки канорагирӣ аз идомаи даргириҳо дар Донбас метавонад заминаи оғози раванди сулҳ ва коҳиши танишҳои низомиро муҳайё созад.
Раиси ҷумҳури Украина таъкид намуд, ки чунин пешниҳодҳо дар ҳоли баррасӣ қарор доранд ва ҳар гуна тасмим бояд бо дарназардошти манофеи миллӣ, тамомияти арзии кишвар ва амнияти дарозмуддати Украина қабул гардад.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷанги идомаёбанда дар шарқи Украина ҳамчунон яке аз буҳронҳои калидии амнияти байналмилалӣ ба шумор меравад ва талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба он ҳамчунон идома дорад.
Қаламонлайн
qalamonline.net













