Зиндагиномаи шоир Субҳӣ Ҷавҳаризода

Адаб
Зиндагиномаи Субҳӣ Ҷавҳаризода
Ба қалами Устод Саидумари Султон
Убайдуллоҳи Ҳусейн мутахаллис ба СУБҲӢ Ҷавҳаризода, 15-сентябри соли 1946 дар гузари Намозгоҳи шаҳри Уротеппа (Истаравшан) таваллуд ёфтааст. Ӯ набераи писарии Зуфархон Ҷавҳарист. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1965 ба Институти педагогии шаҳри Хуҷанд, ба факултаи филология дохил шуда, онро соли 1969 бо муваффақият хатм намуд.
Субҳӣ ҳамчун омӯзгор аз соли 1969 то имрӯз, касби худро давом дода истодааст. (Мутаассифона Шоир Субҳӣ Ҷавҳаризода 8-маи соли 2020 бар асари беморӣ даргузаштаанд). Ӯ аз давраи мактабхониаш ба шеъргӯӣ ҳаваси калон дошт. Шеъргӯӣ ба Субҳӣ ирсӣ буда, бобою бобокалонҳояш шоирони машҳури давру замонҳо будаанд. Масалан шоирон: Солик, Толиб, Нола, Солеҳ, Аброр, Афсӯс, Шоҳид, Олӣ, Назмӣ, Ҷавҳарӣ, Киромӣ, Фитрат ва Муштарӣ барин, қариб 70 нафар шоирон ҳамагӣ ба ин оила мутааллиқанд. Дар ин хусус худи Ҷавҳарии бузургвор ҳам чунин изҳори ақида кардаанд:
Мо ҳама дар асл шоирзодаем
Андар ин раҳ дил на аз худ додаем.
Оре, агар шоири шоирон Хоҷа Юсуф – мутахаллис ба Вазеҳӣ саромади ин авлоди шоирон, мактаби шеъру шоириро ба фарзандон ва пайвандони хеш вогузошта бошад, саромади дуввуми шоирони ин оила шоири бедилкалом Зуфархон Ҷавҳарӣ мебошад, ки дар пайравӣ ва ёриву дастгирии ӯ як қатори сершумори шоирону шоираҳо тарбият ва рушду камол ёфтаанд.
Убайдуллоҳи Субҳӣ яке аз кучактарин шоирони ин даргоҳи шӯҳратёр аст, ки худи ӯ ҳам саромади дуввуми оилаи шоирон будани Зуфархон Ҷавҳариро чунин ба қалам медиҳад:
Ҷавҳариро ҷавҳари ҷон омада
Ворисони ӯ ба майдон омада
Мурғи дил бо шодмонӣ пар занад
Дил ба ранги чашма ҷӯшон омада
Фитрату итрат, ки бо ҳам тавъаманд
Субҳӣ дар кӯяш ғазалхон омада.
Субҳӣ таҳти назорати амакаш шоири ҳаҷвнигори мумтоз Суҳайлӣ Ҷавҳаризода аз соли 1962 аввалин шеърҳои худро дар рӯзномаву маҷаллаҳои Ҷумҳурӣ гоҳ-гоҳ ба табъ мерасонд. Намунаи ашъори Субҳӣ соли 1992 ба шакли маҷмӯа, таҳти унвони “Файзи чашма” чоп шудааст…
Ашъори рангоранги Субҳӣ бо як самимияти том бо забони ширину гуворо навишта шудаанд. Ғазалҳои ӯ тарзи ишқварзии хос дорад. Ғазалҳои иҷтимоии ӯ низ ҷолиби диққат мебошанд. Дар ашъори Субҳӣ ҷо-ҷо абёти шаклан ва мазмунан тоза ба назар мерасад. Масалан:
1. Хатти ниёгон турнаҳо
Дар коғази поки фазо
Чун қосиди субҳи сафо
Аз навбаҳорон омада.
***
2.Чун тори кокули ӯ ҳамранги обшорон
Ҳар тор-тори мӯяш монанди риштаборон
Ин аст, зиндагонӣ, хуш бод комронӣ
Домони ёр бар ман чун домани баҳорон.
Шоир баъзе мушоҳида, тааҷҷуб ва ҳайрати хешро роҷеъ ба зиндагӣ ва тарзи муошарати он баён месозад:
Кор агар омад кунад, хас пул шавад
Зоғ ҳам дар як нафас булбул шавад
Бахту давлат гар равад аз дасти кас
Обрӯяш ҳар куҷо як пул шавад.
Субҳӣ Ҷавҳаризода дар ҳаҷвнигорӣ маҳорате дорад. Ашъори ҳаҷвиаш сермурчу қаламфур буда, тамасхуру истеҳзо, писханду гӯшона, ҳазлу мазоҳ ва пичингу масхара дорад.
1.Дакангам ман, дакангам ман, хурӯси бедирангам ман
Бизан попархам, эй коно, бубинӣ то чӣ рангам ман
Ту худройӣ, ту худкомӣ, ту садрӯиву садроҳӣ
Валекин якдилу якрӯю як роҳу қашангам ман
Ба ғайбат устухонат нест, ба ҳарфи хуш забонат нест
Чу тӯтӣ шаккарафшону уқоби тезчангам ман.
***
2.Файзу шукӯҳи дониш аз бехабар напурсед
Қаймоқу ширу фалла аз гови нар напурсед
Ҳар як ниҳоли худрӯй, хушмева нест, донед
Ҳар кори неку бадро аз бехабар напурсед.
***
3.Қасди худро мебаранд охир ба гӯр ин ҳосидон
Шеъри ту Субҳӣ ба рӯйи гӯрашон гулдаста бод!…
(Ба қалами Устод Саидумари Султон)
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маъсияти ҷаҳолат
Маод – VII

Матолиби пурбоздид