Ибни Асир ва достони бемории ӯ

Таърих

Ибни Асир ва достони бемории ӯ

Нигоҳе ба торих

Ибни Асир, Маҷдуддин Абусаъодот, муаллифи «Ҷомеул-усул», аз бузургоне буд, ки назди подшоҳон манзилате баҷо дошт ва мансабҳои мухталиферо ба ӯҳда гирифта буд, то ин ки беморие оризи вай шуд, ки дасту пояш аз кор бозмонд. Ба ҳамин сабаб тарки машоғили хеш гуфт ва хонанишин шуд. Аммо руасо ва мақомот ҳамчунон ба хонааш омаду рафт мекарданд. То ин ки табибе ба наздаш омад ва дармони вайро ӯҳдадор шуд. Аммо замоне ки дармонаш кард ва наздик буд саломатияшро бозёбад, миқдоре тилло ба табиб дод ва гуфт: ба роҳи хеш рав!

Ёрон сарзанишаш карданд ва пурсиданд, ки намегузорияш, то шифои комил ҳосил ояд?

Гуфт: замоне ки беморам, маносиби ҳукуматӣ ӯҳдадор нестам ва аз ин рӯ, вақтҳоямро сарфи такмили хеш ва хондани китобҳои илмӣ мекунам.

Ибни Асир тарҷеҳ дод, ҷисмаш нотавон ва мариз бошад, аммо маносиби ҳукуматӣ бар ӯҳда нагирад. Вай дар ин муддат китоби боарзиши «Ҷомеъ-ул-усул» ва «Анниҳоя» ва ғайри онҳоро ба риштаи таҳрир даровард.

(Манбаъ: «Кашкули Миёнҷӣ»)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андарзҳое аз ҳазрати Муҳаммад(с)
Қазоқистон дар масири афзоиши зерсохтҳои бандарӣ ва киштиронӣ

Матолиби пурбоздид