Ибни Сино чӣ гуна Ибни Сино шуд?
Агар дар як ҷомеа нобиғае зуҳур мекунад, ин зуҳур, на танҳо ба далели ин аст, ки ин одам аз истеъдоди фавқулъодае бархӯрдор будааст. Балки омилҳои дигаре ҳам дар зуҳури ӯ муассир аст ва балки метавон гуфт, омилҳои дигар саҳми бештаре дар зуҳури нобиға дар як ҷомеа доранд.
Ин ҷо фақат ба ду омили асосӣ ишора мекунам: яке, муҳит ва дигар, вазъи иқтисодӣ ва молӣ:
1) Муҳити Ибни Сино як муҳити бисёр омода барои зуҳури нобиғаҳо буд. Манзурам, даврони Сомониён аст. Азизон таваҷҷӯҳ доранд, ки дар даврони Сомониён на танҳо мо Бӯалиро доштем, балки Форобӣ, Закариёи Розӣ, Берунӣ ва даҳҳо дигар нобиғаҳоямон, ба ҳамон даврон таъаллуқ доранд. Сомониён як давлати комилан мустақил ва қудратманд ва яке аз абарқудратҳо дар он даврон ба шумор мерафт. Умарои сомонӣ ҳарчанд ба зоҳир аз халифаи аббосӣ итоат мекарданд, вале дар воқеъ ҳеч вобастагие ба он надоштанд, балки баръакс, ин сомониҳо буданд, ки дорои таъсир ва нуфуз дар дастгоҳи хилофати аббосӣ буданд.
Ба сухани дигар, вақте давлати шумо як давлати мустақил (аз ҳамаи ҷиҳот) бошад ва мардумаш аз рафоҳи хубе бархӯрдор бошанд, ин шароит қатъан заминаи бурузи нобиғаҳо дар он ҷомеа хоҳад шуд.
Ва ҳамчунин, умарои сомонӣ (аксари онҳо албатта) одамони бисёр илмдӯст буданд, барои илму маърифат ва уламо арҷ мениҳоданд. Тибқи навиштаи Наршахӣ, дар даврони Сомониён, обрӯмандтарин ва мӯътабартарин табақа, табақаи уламо ва донишмандон ва шоирон буданд. Дарбори Сомонӣ онҳоро аз назари молӣ хуб таъмин мекард. Ва аз ҳамин рӯ буд, ки мардум бештар мехостанд фарзандонашон олиму донишманд шаванд, на масалан қозӣ ё низомӣ ва ё ғайра. Чаро? Чун одамони пулдор дар он замон, олимон ва муаллимон ва донишмандон буданд.
Хулоса, муҳит хеле таъсиргузор аст. Агар дар як ҷомеа олиму донишманду муаллиму устоди донишгоҳу мухтареъу ғайра аз эътибори лозим бархӯрдор набошанд ва дорои сарвату моли лозим ҳам набошанд, ва ба ҷойи он, низомиҳо ва қозиҳо (судяҳо) ва додситонҳо ва кормандони умури молия, дорои сарвату мол бошанд, дар якчунин ҷомеае мардум дӯст доранд фарзандонашон қозӣ ё додситон ё корманди умури молия ва ин ҷур пешаҳо шаванд ва алоқа ба илму маърифат дар он ҷомеа камранг мегардад.
2) Омили дигар, омили иқтисодӣ аст.
Падари Ибни Сино як одами бисёр сарватманд буд ба қадре, ки вақте дид писараш ба илму дониш алоқа дорад, як муаллими хусусӣ барои писараш мегирад (Нотилӣ) ва ин муаллим ба манзили онҳо меомад ва ба сурати хусусӣ тадрис мекард.
Қаламонлайн