Изҳороти ПМТ дар робита ба боздоштҳои ахири хонаводаҳои мухолифин

Изҳороти ПМТ дар робита ба боздоштҳои ахири хонаводаҳои мухолифин

Ахбори минтақа

Дар паи сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Олмон ва аксуламали мухолифини муқими Аврупо, аз ҷумла партоби тухми мурғ ба мошине, ки Раҳмон дар он нишаста буд, дар Тоҷикистон, алайҳи хонаводаҳои мухолифин вокунишҳое нишон дода шудааст, дар ҳадде ки бархе боздошт низ шудаанд.

Дарҳамин маврид ПМТ изҳоротеро мунташир намудааст.

Матни изҳороти ПМТ ба шарҳи зер мебошад:

ИЗҲОРОТИ ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Паймони Миллии Тоҷикистон боздоштҳои охири наздикону пайвандони мухолифонро, ки бавосита ё бевосита дар гирдиҳамоии эътирозӣ зиддиҳукуматӣ дар шаҳри Берлин рӯзҳои 28 ва 29 сентябри соли ҷорӣ ширкат доштанд маҳкум карда, ин амали мақомоти Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ва ҷиноятӣ байналмиллалӣ меҳисобад.

Дар гузашта ин намуд ҷиноятҳоро низомҳои нозӣ содир мекарданд. Боздошт ва ба гаравгонгирии падару модар, хоҳару бародар ва ҳатто афроди ноболиғро дар гузашта ҳам мақомоти Тоҷикистон муртакиб мешуд. Аммо дар натиҷаи хомӯш ва ё камфаъолиятии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ мақомоти Тоҷикистон даст аз ин ҷиноят ҳеҷ бардоштани нест.

Аз рӯи хабарҳои охир наздикон ва пайвандони мухолифонро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо дар Тоҷикистон боздошт карда то ин замон оиди тақдири онҳо мақомот маълумот намедиҳанд.

Дар аксар маврид боздоштҳо бо таври дастаҷамъӣ ба роҳ монда шудааст, яъне мақомоти қудратӣ тамоми аҳли хонаводаи мухолифони низоми Эмомалӣ Раҳмонро боздошт мекунанд.

Аз ин лиҳоз Паймони Миллии Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбари он талаб мекунад, то даст аз ҷиноят бардоранд ва ба боздошт ва гаравгон гирифтани афроди бегуноҳ хотима дода афроди бегоҳро фавран озод кунанд.

Мо шак надорем, ки ин ҳама боздоштҳо ва гаравгон гирифтани хонаводаи мухолифон аз ҷониби мақомот, посух ба фаъолияти сиёсии онҳо буда, бо мақсади фишор овардан болои мухолифони ҳукумат аст.

Паймони Миллии Тоҷикистон аз ҳамаи созмонҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва корпусҳои дипломатӣ муқими Тоҷикистон даъват мекунад, то ҳарчи зудтар вориди қазия шуда ҳукумати Тоҷикистонро водор созанд, то ӯҳдадориҳои худро дар масъалаи озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон риоя кунад.

Паймони Миллии Тоҷикистон инчунин аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мекунад, то дар ин қазия хомӯш набошанд, то пеши роҳи ин ҷиноят гирифта шавад.

Хадамоти матбуотии Паймони Миллии Тоҷикистон

1-октябри соли 2023.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андешаҳои Стивен Ҳокинг дар гуфтугӯ бо Маҳдии Гулшанӣ
Сармоягузории Амрико дар саноати ҳамлу нақли Қазоқистон

Матолиби пурбоздид