Иллати вуҷуди мавҷудот

Адаб

Иллати вуҷуди мавҷудот

Бӯалӣ Сино дар ҷойе аз “Рисолаи ишқ”-и худ мегӯяд:

“Таҷаллии ӯ иллати вуҷуди мавҷудот аст; (зеро агар таҷаллии илоҳӣ набуд, ҳеч мавҷуде либоси вуҷуд бар тан намекард). Ва чун Ҳақ Таъоло ошиқи вуҷуди хеш аст, аз ин рӯ ошиқи маълулот низ (ки осори ӯянд) ҳаст; (зеро ки куллияи маълулот партави таҷаллиёти ӯст). Ва чун ишқ ба “иллати уло” (Худо) фозилтарини ишқҳост, пас маъшуқи ҳақиқии ӯ он аст, ки ноил шавад таҷаллии ӯро. Ва ин таҷаллии ҳақиқӣ матлуби нуфуси мутаъаллеҳ аст ва худи инҳо ҳам маъшуқоти “иллати уло” мебошанд. Ва дар хабар омада (ки Худои Таъоло фармуда: “Ҳар як аз бандагони ман, ки дорои фалон авсоф бошанд ва ошиқи ман шаванд, ман ҳам ошиқи онҳо мешавам”)…”

(Рисолаи ишқ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Матни баёнияи муштараки Эрон ва Арабистон
Матлаи ҳусну латофат

Матолиби пурбоздид