Иллатҳои мафосиди ахлоқӣ

Таҳлили хабарӣ

Иллатҳои мафосиди ахлоқӣ

Маърифатнома

Ҳикматҳо ва андарзҳо – Муртазо Мутаҳҳарӣ

Иллатҳои мафосиди ахлоқӣ

Ахлоқи хуб ва ахлоқи бад ба навбаи худ монанди ҳама чизи дигари ин ҷаҳон, иллатҳо ва сабабҳо дорад. Агар бихоҳем ахлоқи хубро таҳсил ва бо ахлоқи бад мубориза кунем, бояд ба иллати инҳо пай бибарем.

Ҳарчанд башар, ҳам истеъдоди хулқу хӯйи хуб дорад ва ҳам истеъдоди хулқу хӯйи бад, аммо ахлоқи хуб ба табиат ва фитрати башар наздиктар аст. Ҳамон тавре, ки тани башар мумкин аст солим ва мумкин аст бемор буда бошад, аммо саломат ба табиати ҷисми инсон наздиктар аст. (Яъне дастгоҳи хилқат ба ҳасби табъи аввалии худ, ҷисмро солим месозад, агар аҳёнан беморӣ пайдо шуд, дар асари иллатҳо ва сабабҳои хориҷӣ ва микробҳо ва зойеъот ва уфунатҳост.) Табиат ва фитрати руҳи башар низ бар ростӣ ва дурустӣ ва тақво ва адолат ва озодӣ ва каромат аст, дурӯғ ва хиёнат ва нопорсоӣ ва ситам ва дунсифатӣ ва пастӣ ва амсоли инҳо, дар асари як силсила инҳирофот ва иллатҳо ва сабабҳои хориҷӣ падид меояд.

Расули Акрам фармуд: “Ҳар навзоде тибқи фитрати исломӣ мутаваллид мегардад, сипас аҳёнан падару модари вай ӯро ба кеши яҳудӣ ё насронӣ ё маҷусӣ ворид мекунанд.” Мақсуд ин аст, ки аввалан, дастгоҳи хилқат ба ҳасби табъи руҳияи солим ва беайб месозад. Сониян, дастуроти ислом ҳамоҳанг бо муқтазои қонунҳои хилқат аст, асоси тарбияти исломӣ бар истихроҷ ва ба зуҳур овардани муқтазои аслии фитрат ва табиат аст.

Пас он чизе, ки зарурӣ ва лозим аст шинохтан иллатҳо ва сабабҳое аст, ки руҳияҳоро мунҳариф ва бемор месозад.

Яке аз онҳо, муҳити фосид ва олуда аст. Муҳит яъне маҷмӯае аз инсонҳо ва осори онҳо, ки ҳар фарде хоҳ нохоҳ бо онҳо мувоҷеҳ аст. Муҳит агар фосид ва мунофии ахлоқи писандида бошад, ахлоқи афродро фосид мегардонад. Мисоле зикр мекунам: вақте, ки ба аҷсоме, ки дар атрофи мо ҳаст нигоҳ мекунем, мебинем бархе аз онҳо таҳти таъсири ашёи муҷовир қарор намегиранд ва ё камтар қарор мегиранд. Як сахраи бузург мумкин аст ҳазорон сол якнавохт бимонад; агар ҳам харобӣ дар вай воқеъ шавад, ба ин сурат аст, ки шикаст ё соидагӣ дар вай воқеъ мешавад, аммо дар табиаташ фасод рух намедиҳад. Аммо баъзе дигар аз аҷсом табиати латиф доранд, зуд таҳти таъсири ашёи муҷовир қарор мегиранд, монанди об. Об, ки аз чашма меҷӯшад, соф ва пок ва қобили ошомидан аст, аммо ҳамин, ки андаке дар бистари олуда ҷараён пайдо кард ё дасти олуда ё ҷомаи олуда ба он зада шуд, олуда ва касиф ва ғайри қобили истифода мегардад.

Табиати руҳӣ ва ахлоқии одамӣ монанди об аст, таҳти таъсири ашёи муҷовир қарор мегирад. Бистари олуда яъне муҳити иҷтимоии олуда вайро олуда мекунад ва ӯро ба шакл ва табиати худ дармеоварад. Аз ин рӯ яке аз вазоиф ва фароизи исломии мо ислоҳи муҳит ва эҷоди муҳити мусоид аст, ки ба номи “амр ба маъруф ва наҳй аз мункар” хонда мешавад ва ҳамчунон, ки мулоқоти даст ё ҷомаи олуда оби зулолро фосид мекунад — ҳарчанд бистари об яъне маҷрои об пок буда бошад — муоширони фосидулахлоқ ва таълимҳо ва талқинҳои гумроҳкунанда низ руҳро фосид мекунад, ҳарчанд муҳити умумӣ фосид набошад.

Муошарат ва ҳамнишинӣ асари шигифт дорад. Муошири хуб таъсири хуб мебахшад ва муошири бад таъсири бад. Расули Акрам фармуд: “Ҳар кас ҳамон равиш ва равияро дорад, ки муошираш дорад.” Алӣ алайҳис салом фармуд: “Ҳамнишинӣ бо аҳли ҳаво ва ҳавас фаромӯшхонаи имон аст.”

Меравад аз синаҳо дар синаҳо,

Аз раҳи пинҳон салоҳу кинаҳо.

Балки худ аз одамӣ дар гову хар

Меравад доноиву илму ҳунар.

Аспи суксук мешавад раҳвору ром,

Хирс бозӣ мекунад, буз ҳам салом.

Рафт андар саг зи одамён ҳавас,

То шубон шуд ё шикорӣ ё ҳарас.

(Мавлоно)

Яке дигар (аз иллатҳои мафосиди ахлоқ) ифроту тафрит дар “кор” аст. Бекорӣ ва ҳамчунин талоши зиёдтар аз ҳадд, ба навбаи худ яке аз иллатҳои харобии руҳия ва фасоди ахлоқ аст. Бекорӣ маншаъи порае аз ахлоқи разила аз қабили ғайбат ва фитнаангезӣ ва дунҳимматӣ ва шаҳватпарастӣ аст ва талоши зиёд маншаъи порае дигар аз онҳо аз қабили тундхӯӣ ва асабоният ва камҳавсалагӣ аст.

Яке дигар, фуқдони адолати иҷтимоӣ аст. Агар адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа набошад, хоҳ аз ин ҷиҳат, ки русум ва муқаррарот ва сунани он иҷтимоъ маншаъи беадолатиҳо шуда бошад ва ҷомеаро мунқасим кунад ба табақаи мураффаҳ ва мутраф ва табақаи маҳрум ва бадбахт ва ё аз ин ҷиҳат, ки адолат ва додгустарӣ заъиф бошад ва бархе бар ҷону мол ва обрӯи бархе дигар ситам кунанд, ахлоқи иҷтимоии мардум фосид мегардад. Зеро инсон вақте метавонад ахлоқи хуб ва солим дошта бошад, ки руҳу равоне ором дошта бошад; агар ба иллате оромиши руҳӣ баҳам бихӯрад (хоҳ ба иллати нозпарвардагӣ ё маҳрумият ва эҳсоси ғабн ё ситамгарӣ ва ҷабборӣ ё мазлумият ва уқдаи интиқом), дигар қодир ба ҳифзи таъодули руҳӣ, ки модари ҳамаи ахлоқи писандида аст нахоҳад буд.

Бемории тан ва маҳрумият аз саломат низ ба навбаи худ дар барҳам задани таъодули руҳӣ саҳми басазое дорад. Саломат ва амният илова бар ин ки ду неъмати бузурги Худо ҳастанд, шарти ахлоқи хуб ба шумор мераванд.

Ҷаҳл ва нодонӣ ва таваҷҷӯҳ надоштан ба осори ахлоқи нек ва ахлоқи зишт, яке дигар аз иллатҳои ахлоқи разила аст.

Шароити таҳсили ахлоқи нек маҷмӯан аз ин қарор аст: имон ва ақида, муаллими шоиста, китобҳои нофеъ, кори саҳеҳ ба андоза, миёнаравӣ дар истифода аз лаззот, саломат, адолати иҷтимоӣ, муҳити солим, муошири хуб.

Ҳикматҳо ва андарзҳо – Муртазо Мутаҳҳарӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вақте душман нуқтаи қуввати шуморо ба нуқтаи заъфи шумо табдил медиҳад
Посухи Яман ба таҳдидҳои ахири Омрико

Матолиби пурбоздид