“Илми динӣ, ҷаҳони ҳастиро беҳтар тавзеҳ медиҳад”
Гуфтугӯи бисёр ҷаззоб ва хондании сойти Асри Эрон бо дуктур Маҳдии Гулшанӣ, ки як физикдони ҷаҳонӣ аст.
Ишора:
Дуктур Маҳдии Гулшанӣ, физикдони барҷаста ва устоди Донишгоҳи санъатии Шариф аст ва дар сатҳи ҷаҳон ба унвони назарияпардози илми физик шинохта мешавад.
Оқои Гулшанӣ дар ин гуфтугӯ, дар бораи маънои “илми динӣ” ва имкони таҳаққуқи он ва низ самароташ тавзеҳ медиҳад.
– Оқои дуктур Гулшанӣ, лутфан ибтидо бифармоед, илми динӣ аз назари шумо дақиқан яъне чӣ?
– Ин қазия як буъди назарӣ дорад ва як буъди амалӣ. Буъди назарияш бармегардад ба ин ки манзури мо аз исломӣ шудани улум чист. Ман дар китоби “Аз илми секулор то илми динӣ” гуфтаам, бархе афрод манзурашон аз илми исломӣ ин аст, ки мо Қуръон ё аҳодисро бихонем ва бибинем дар бораи илм чӣ чизе аз дили онҳо метавонем истихроҷ кунем. Ё ин ки илмеро, ки тавассути мусалмонон тавлид ва тарвиҷ мешавад, илми исломӣ бидонем. Масалан, марҳум муҳандис Бозаргон дунболи ин буд, ки баъзе аҳкоми шариатро бо илми имрӯз татбиқ диҳад. Масалан, оби курро воҷиди маводди лозим барои зидди уфунӣ шудани бадани фарде медонист, ки мехост худашро тамйиз кунад.
– Ин яъне мутобиқати ислом бо илм. Вале ба маънои исломӣ шудани илм нест.
– Бардошти баъзеҳо аз исломӣ кардани илм ин буд, ки мо бибинем дар кутуби диниамон дар бораи илм чӣ чизе гуфта шуда ва ҳамонро пайгирӣ кунем.
– Масалан, фарз кунем, дар Қуръон чанд оят ҳам дар бораи мавзӯъи илми физик дорем. Мутобиқи тавзеҳи шумо дар бораи назари муҳандис Бозаргон, ӯ пас аз дидани ин чандто оят, чӣ тавр мехост физикро исломӣ кунад?
– Бозаргон дунболи тағйири физик набуд. Ӯ фақат мехост бигӯяд, илм филвоқеъ исломӣ аст. Вақте илм вориди ҷаҳони ислом шуд, марҳуми Сайидҷамолуддини Асадободӣ назараш ин буд, ки илми урупоиҳо идомаи илми худи мо мусалмонон аст. Бозаргон ҳам нигоҳаш ба нисбати ислом ва илми ҷадид, мисли нигоҳи Сайидҷамол буд.
– Яъне омӯзаҳои улуми ҷадид, дар ислом ҳам вуҷуд дорад ё дастикам мавриди таъйиди ислом аст.
– Бале, дақиқан.
– Ғолибан вақте, ки мегуфтанд, илм бояд исломӣ шавад, манзурашон ин буд, ки физик ва шимӣ мӯҳтоҷи ислоҳоти исломианд?
– Бале, манзурашон ин буд, ки агар дидем бахшҳое аз улуми ҷадид бо оёти Қуръон ва аҳодис мунофот дорад, ин қисматҳои илмро ислоҳ кунем. Дар маҷмӯъ ҳам мӯътақид буданд мунофоти зиёде байни ислом ва илми ҷадид вуҷуд надорад. Аммо агар мунофоте ҳам ҳаст, бояд илмро ислоҳ кунем ё ҳадди ақал таъбирамонро аз оёт ва ривоёт иваз кунем.
– Агар чунин дидгоҳи нурмоле дидгоҳи ғолиб буд, пас чаро дубора дар даҳаҳои баъдӣ, идеяи исломӣ шудани илм ва донишгоҳ бо кулли сару садо матраҳ шуд?
– Барои ин ки иддае ташхис доданд, ки ин рӯйкард, илмро исломӣ намекунад ва қазия амиқтар аз ин ҳарфҳост. Ин идда, дар илм решаҳои илҳодӣ медиданд ва ба ҳамин далел бо он рӯйкарди сатҳии собиқ мувофиқ набуданд. Яъне агарчӣ ҷанбаҳое аз илми рӯз ё илми мавҷуд дар дунё, бо ислом ва Қуръон татбиқ пайдо мекунад, вале порае аз ҷанбаҳои бунёдии илм бо ислом ва Қуръон мунофот дорад. Аммо пружаи исломӣ шудани илм ва донишгоҳ дар ин кишвар, тавассути ин афрод пеш нарафт.
– Агар назари шумо дар бораи раъйи муҳандис Бозаргонро канор бигузорем, зоҳиран дар кишвари мо се дидгоҳ дар бораи исломӣ шудани илм вуҷуд дошта: 1- илми исломӣ, илме аст, ки бо оёт ва ривоёт татбиқ дода шавад ва омӯзаҳои нодурусташ ҳазф шавад. 2- илми исломӣ, илме аст, ки тавассути донишмандони мусалмон тавлид мешавад. 3- илми исломӣ, илме аст, ки тавассути донишмандони мусалмоне тавлид мешавад, ки ҷаҳонбинии исломӣ доранд. Зоҳиран худатон қоил ба ин дидгоҳи севвум ҳастед.
– Бале.
– Дар ибтидои инқилоб, ҳаводорони дидгоҳи аввал ва дуввум (масалан Оятуллоҳ Мисбоҳ ва дуктур Суруш) даргири пружаи исломӣ кардани илм ва донишгоҳ буданд, дар даҳаи ҳафтод ҳам тарафдорони дидгоҳи аввал ва севвум (масалан Мисбоҳи Яздӣ ва шумо).
– Дар даврае, ки ман даргири ин пружа будам, ҷараёни ғолиб мисли ҳамон давраи аввали инқилоб, ҷараёни аввал буд. Ин ҷараён дар воқеъ идеяе надошт барои исломӣ кардани улум ва донишгоҳҳо.
– Идея, ки дошт, вале шумо мӯътақидед идеяи ин ҷараён сатҳӣ буда.
– Бале, идеяашон сатҳӣ буд.
– Ҳоло лутфан назари худатонро мухтасаран тавзеҳ бидиҳед.
– Ҳарфи ман ин буд, ки мо бояд ба ҷараёни тавлиди илм нигоҳ кунем. Илми ҷадид бо таҷриба шурӯъ мешавад, бо назарияпардозӣ идома пайдо мекунад ва бо ҳокимияти як назария хотима пайдо мекунад ва ҳар назарияе барои муддате маҳдуд ҳоким аст. Вақте, ки хуб баррасӣ мекунем, мебинем дар қисмати аввал, ки ҷамъоварӣ ва танзими додаҳост, тафовути чандоне байни илми исломӣ ва илми ғайри исломӣ вуҷуд надорад. Дар Эрон ва Русия ва Омрико озмоише анҷом мешавад ва як ҷамъбандӣ ҳам сурат мегирад. Масалан, як симро ҳарорат медиҳем ва ба ин ҷамъбандӣ мерасем, ки ҳарорат мӯҷиби афзоиши тӯли сим мешавад.
Дар марҳилаи баъд, мехоҳем дар бораи афзоиши тӯли сим як назария бисозем, ки ин падидаро тавзеҳ бидиҳад. Масалан, як назарияи молекулӣ месозем ва мегӯем, ҳарорат додани сим, боиси афзоиши фосилаи молекулаҳои сим мешавад; ва бо дур шудани молекулаҳо аз ҳам, тӯли сим афзоиш меёбад. Ин назарияи молекулии шумо, бахше аз як назарияи васеътар аст ва ин назарияи дуввум ҳам худаш бахше аз як назарияи васеътари дигар аст; то ин ки ба ҷойе мерасед, ки мехоҳед кулли сохтори зерини моддаро тавзеҳ диҳед.
Дар инҷо дигар, шумо бо умур ва ҳавзаҳое сару кор доред, ки аз тариқи таҷриба ба онҳо дастрасӣ надоред; чӣ дар қисмати микрофизик, чӣ дар қисмати макрофизик ё ҷаҳони калон. Мо ба “ҷаҳони калон” ҳам то ҳадде дастрасии мустақим дорем, аммо баъдаш дигар бояд “тафаҳҳус” кунем; тафаҳҳусе, ки пас аз муддате, бахше аз онро “таҷриба” таъйид мекунад ва бахшҳое аз онро ҳам таҷриба ҳеч вақт наметавонад таъйид кунад. Яъне агар тафаҳҳуси мо ба ин натиҷа мунтаҳӣ шавад, ки сохтори олам бо як инфиҷори бузург шурӯъ шудааст, ин инфиҷор чизе аст, ки мо ба он дастрасӣ надорем ва наметавонем онро бифаҳмем.
– Чаро?
– Чун барои фаҳми ин инфиҷор бояд энержие дошта бошем, ки бо истифода аз ин энержӣ битавонем зарротеро, ки он мавқеъ дастандаркори инфиҷори бузург будаанд, тавлид кунем; ва чунин чизе мумкин нест. Пас мо ба ҷоҳое мерасем, ки дастамон аз “озмоиш” кӯтоҳ аст.
– Ва инҷост, ки пойи мафрузоти метафизикии илм ба миён меояд.
– Бале. Ва шумо дар иттихози ин мафрузоти метафизикӣ то ҳадде мухторед. Яъне метавонед ин мафрузотро аз инҷо ё аз онҷо ахз кунед. Ва дуруст дар ҳамин ҷоҳост, ки мафрузоти шумо, агар шумо ба ин сӯ биёед зидди динӣ мешавад ва агар ба он сӯ биравед, динӣ мешавад.
Масалан ба ҷоҳое мерасед, ки ё бояд бигӯед олам ҳадаф дорад, ё ин ки бигӯед олам ҳадаф надорад. Масъала ин аст, ки шумо ҳеч вақт наметавонед собит кунед олам ҳадаф надорад. Ҳадди аксар метавонед бигӯед, ман барои олам ҳадафе наёфтам.
Бинобар ин, инҷост, ки тафовут ҳосил мешавад. Дар илми ҷадид чизе, ки ҳоким шуда, мафрузоти зидди динӣ буда. Мафрузоте аз ин қабил, ки “олам худзост”, “олам ҳадаф надорад” ва ғайра. Ин оро ва мафрузот, аз худи “илм” берун наомада. Аз ҷоҳои дигаре омада.
Вақте, ки ман мақолаи “Аз илми динӣ то илми секулор”-ро навиштам ва дар муҷаллаи American Journal of Islamic Social Sciences мунташир шуд, як файласуфи суэдӣ (шветсияӣ) ба номи Истенморк (Стенмарк), дар як маҷаллаи омрикоӣ мақолае дар нақди мақолаи ман навишт. Албатта ман ин нуктаро ҳам матраҳ карда будам, ки дидгоҳи динӣ илова бар эҷоди тафовут дар ҷаҳонбинии донишмандон, дар масъалаи “корбурди илм” ҳам тафовут эҷод мекунад. Илми динӣ муқайяд аст, ки барои нобудии башар ва муҳити зист ба кор наравад.
Пас аз нақди раъйи ман тавассути Истенморк, он муҷаллаи омрикоӣ аз ман хост, ки ба нақди Истенморк посух бидиҳам. Ман ҳам ҷавоб додам ва он маҷалла ҷавоби ман ва нақди муҷаддади ӯ ба ҷавоби маро ҳамзамон мунташир кард. Истенморк китобе ҳам навишта буд, ки дар он китоб мақолаи аввали ман ва орои Плантинга ва дигаронро нақд карда буд. Ӯ чӣ дар китобаш ва чӣ дар мақолае, ки дар он маҷалла мунташир кард, гуфт, мо қабул дорем, ки шумо фарзиёти илмро аз ҳар ҷойе метавонед ахз кунед ва дар масъалаи корбурди илм ҳам метавонед ба дастуроти ислом ё масеҳият амал кунед; аммо ин ки дар мақоми “доварӣ”, динро дахолат бидиҳед, дуруст нест; чаро ки илм хунсост ва дар фароянди тавлиди илм, динро набояд дар марҳилаи доварӣ нисбат ба фарзиёт ва додаҳои гирдоваришуда, дахолат дод.
– Яъне дар мақоми тафсири додаҳо.
– Бале. Ҷавоби ман ҳамон буд, ки арз кардам. Яъне гуфтам, мо дар мақоми тавлид ва фаъолияти илмӣ, гоҳе ниҳоятан ба ҷойе мерасем, ки дастрасӣ ба таҷриба надорем ва мавзеъгирии мо, ба ночор, динӣ ё зидди динӣ ё лоадригароёна хоҳад буд. Ман ба Истенморк гуфтам, дар чунин ҷоҳое, шумо агар мавзеъи лоадригароёна иттихоз кунед, ҳеч эроде надорад, аммо масъала ин аст, ки алъон дар мақоми амал, иддае дар дунёи илм расман дар мавзеъи зидди динӣ истодаанд; ва ба назари мо, чунин мавзеъе муттакӣ ба истидлоли кофӣ нест; ва мавзеъи динӣ, дар мавориде, ки дастрасӣ ба таҷриба надорем, қазияро беҳтар тавзеҳ медиҳад.
Яъне дидгоҳи динӣ тавзеҳи беҳтаре дар бораи муваффақияти илм ва ин ки мо чаро илмро метавонем бифаҳмем, ироа медиҳад. Вале агар илм хунсо бимонад, пеш намеравад. Албатта Истенморк ҳам бо ин нукта мувофиқ буд, ки дар мавориде, ки дасти мо аз домани таҷриба кӯтоҳ аст, илм ночор аст иттихози мавзеъ кунад ва наметавонад хунсо бимонад.
Ҳарфи ман ин буд, ки илм ба сирфи “додаҳо” пешрафт намекунад; мо дар илм бо “таъмим” сару кор дорем. Таъмим мӯҷиб мешавад мо озмоишҳои ҷадиде бикунем ва уфуқҳои тозае пеши рӯямон гушуда шавад. Пас таъмим муфид аст, вале дар мақоми таъмим аст, ки мо бояд мавзеъи динӣ ё зидди динӣ ё лоадригароёна иттихоз кунем.
Идома дорад…
(Фейсбук, аз сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн