Инсоният аз дидгоҳи Зигмунд Фрейд

Инсоният аз дидгоҳи Зигмунд Фрейд

Зигмунт Фрейд мӯътақид аст, ки бисёре аз таҷаллиёти равони нохудогоҳи инсон аносури рондашуда аз равони худогоҳ аст, ки ибтидо ҷанбаи паст ва ҳайвонӣ доштаанд, баъд гурехтаанд ва ба равони нохудогоҳ рафтаанд ва чорае надидаанд ҷуз ин ки дар як либос ва бо моск ва чеҳраи дигаре берун биёянд. Масалан, ба сурати як хайрхоҳии ахлоқӣ буруз мекунанд. Вақте инсон мебинад отифае дар дилаш буруз карда ва масалан муддатест ин майл дар ӯ пайдо шуда, ки дар муассисоти некӯкорӣ хидмат кунад, он вақт ба он иҷозаи берун омадан медиҳад. Чаро? Чун шиноснома ва гузарномааш иваз шуда, чеҳра ва либос ва қиёфааш тағйир кардааст.
Фрейд аслан ба инсоният эътиқод надорад; мегӯяд: он чи, ки шумо онро “инсоният” меномед, зоташ ҳайвоният аст; ҳайвонияти рондашуда аз равони нохудогоҳ ва “рафта дар дарун” бидуни ин ки моҳият ва зоташ тағйир карда бошад, фақат чеҳра ва шиноснома ва гузарнома ва либос иваз карда ва берун омадааст. Назарияи Фрейд яке аз он назарияҳое аст, ки дар он, зери пойи тавҷеҳу тафсири “инсоният” ба куллӣ рӯбида мегардад ва фотеҳаи инсоният хонда мешавад…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Масъалаи шинохт)
(Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афзоши бесобиқаи итеҳсоли силоҳҳои ҷангӣ, пас аз ҷанги Украина
ФУТБОЛ

Матолиби пурбоздид