Инсони мутамаддин
Инсони мутамаддин касест, ки метавонад хашми худро ба таъхир биандозад.
Норберт Элиас
***
Наметавон сарзаминҳои ҷадидро кашф кард, магар он ки дурахшиши соҳилро ба муддатҳои тӯлонӣ аз даст дод.
Андре Жид
***
Инсон ҳамон аст, ки анҷом медиҳад.
Сартр
***
Одамӣ дар иқлиме метавонад инсон бошад, ки умед дошта бошад худ ва фарзандонаш он қадар хоҳанд зист, ки солҳои баъд ва солҳои баъдро бубинанд.
Эрих Фромм
***
Шӯхӣ латифаест, ки аз эҳсоси мурда сарчашма мегирад.
Ниче
***
Ҳар вақт ниёз ба донишро ба андозаи ниёз ба ҳаво эҳсос кардӣ, онро ба даст хоҳӣ овард.
Суқрот
***
Ин воқеият надорад, ки некӣ танҳо метавноад ба дунболи некӣ ва шарорат танҳо ба дунболи шарорат биёяд, балки ағлаб мутазоди он сиҳҳат дорад.
Макс Вебер
Қаламонлайн