Инсон ва озодихоҳӣ
Бахши чаҳорум
Нақди назарияи Иммануил Кант
Дар қисмати пешин, бо назари Иммануил Кант, файласуфи олмонӣ дар бораи ахлоқ ва “боядҳо” (ки озодихоҳӣ аз “боядҳост”) ошно шудем. Дар бахши имрӯз яке ду нақде, ки ба дидгоҳи Кант шудааст арз хоҳам кард. Дар қисматҳои баъдӣ бо назари ҳукамои исломӣ – ки метавон гуфт, назари ислом ҳамон аст – ошно хоҳем шуд. Албатта, қабл аз он, холӣ аз фоида нест нигоҳе ҳам ба назари тарафдорони материализми диалектикӣ кунем. Ва ҳамчунин лозим аст ба яке ду ишкол, ки шудааст нигоҳ ва ба онҳо посух дода шавад. Яке ин ишкол, ки чаро афроде аз моддигароён дар таърих буданд (ва имрӯз низ ҳастанд), ки барои озодӣ арҷ қоиланд ва ҳозиранд дар роҳи он ҳатто ҷонашонро қурбон намоянд, дар ҳоле, ки гуфтем, бо таваҷҷӯҳ ба дидгоҳи моддигароён, бисёр сахт аст бовар кунем, ки одам барои озодӣ ҷоннисор бошад. Ишколи дигар он ки оё дингароӣ ва пойбандӣ ба шариат, худаш навъе қайду банд ва асорат нест? Дар ҳоле, ки иддао кардем, озодихоҳӣ танҳо дар сояи динмадорӣ қобили тасаввур аст. Иншоаллоҳ дар оянда ба ин ду ишкол посух хоҳем дод. Дар ин қисмат аз ёддошт аммо нигоҳе ба яке ду нақде, ки ба дидгоҳи Иммануил Кант шудааст, меафканем, ба ин шарҳ:
1) Кант бар ин бовар аст, ки ҳамаи аҳкоми виҷдони ахлоқӣ мутлақ аст, дар ҳоле, ки мутакаллимони мусалмон мӯътақиданд, ки фақат бархе аз аҳкоми виҷдони ахлоқӣ монанди амр ба адолат ва наҳй аз зулм мутлақ аст, вале бархе дигар аз аҳкоми виҷдони ахлоқӣ мутлақ нестанд монанди ростӣ, ки як ҳукми мутлақ нест, зеро ҳангоме, ки ҷони як инсон дар хатар аст, дигар наметавон ва набояд рост гуфт, зеро ростӣ фалсафаи худро аз даст медиҳад. Дар ҳоле, ки тибқи назарияи Кант, инҷо низ бояд рост гуфт, чун ростӣ ҳукме аз аҳкоми виҷдони ахлоқӣ аст ва ҳамаи аҳкоми виҷдони ахлоқӣ мутлақ ҳастанд. Шаҳид Мутаҳҳарӣ мегӯяд:
“Ба оқои Кант ин эродро гирифтаанд, ки ту, ки ин қадр тобеъи ҳукми мутлақ ҳастӣ ва масалан мегӯӣ, ростӣ фармони мутлақи виҷдон аст ва маслиҳат сараш намешавад, фарз кунем, як девонаи золиме корде ба даст гирифта ва суроғи бечораеро мегирад, ки шикамашро пора кунад ва аз ту мепурсад: оё иттилоъ дорӣ ӯ куҷост? Дар инҷо ту бояд ҷавоб бидиҳӣ. Агар бихоҳӣ сукут бикунӣ, шиками худатро пора мекунад. Чӣ ҷавоб медиҳӣ? Оё мегӯӣ, иттилоъ дорам ё мегӯӣ, иттилоъ надорам? Агар бигӯӣ, иттилоъ надорам, ки дурӯғ гуфтаӣ, дар ҳоле, ки виҷдон гуфта бояд рост бигӯӣ; ва агар бигӯӣ, иттилоъ дорам, аз ту мепурсад: куҷост? Оё нишон медиҳӣ куҷост ё на? Агар нишон бидиҳӣ, меравад баноҳақ шиками ӯро пора мекунад. Оё воқеан виҷдони инсон ин қадр мутлақ аст ва мегӯяд, ту бояд рост бигӯӣ мутлақан ва ба натиҷа кор надошта бошӣ?!” (Маҷмӯаи осор, фалсафаи ахлоқ, 22/516)
2) Бузургтарин костии назарияи Кант ин аст, ки виҷдони ахлоқӣ дар мактаби ахлоқии вай манзилате чун Худованд дар адёни илоҳӣ ёфтааст, дар ҳоле, ки Кант таваҷҷӯҳ надошта, ки виҷдони ахлоқӣ ҳисси мустақил аз ҳисси Худошиносӣ нест, виҷдон ва илҳомоти виҷдонӣ ҳама ношӣ аз фитрати Худошиносии одамӣ аст:
وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا. فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا
“Савганд ба нафс ва он, ки ӯро мӯътадил сохт ва ба ӯ шарру хайрашро илҳом кард.” (Сураи Шамс, оятҳои7 ва 8 )
Он ки таклиф муайян мекунад, Худованд аст. Виҷдон ба таври мустақил наметавонад таклиф муайян кунад, балки ӯ низ таклифро аз Худованд гирифта ва ба одамӣ иблоғ мекунад.
Агар Кант қадаме ҷилавтар мениҳод ва виҷдонро ба Худованд, ки решаи ҳамаи олами ҳастӣ аст муттасил мекард ва таклифкунандаро Худованд медонист ва ҳукм ба мутлақ будани аҳкоми илоҳӣ менамуд, назарияи бисёр дурусте дошт.
Идома дорад…
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн