Инҳитот дар кишварҳои исломӣ

Инҳитот дар кишварҳои исломӣ

“Дар миёни кишварҳои дунё ба истиснои баъзе кишварҳо, кишварҳои исломӣ ақибмондатарин ва мунҳаттарини кишварҳост. На танҳо дар санъат ақиб ҳастанд, (балки) дар илм ақиб ҳастанд, дар ахлоқ ақиб ҳастанд, дар инсоният ва маънавият ақиб ҳастанд. Чаро? Ё бояд бигӯем, ислом, яъне ҳамон ҳақиқати ислом, дар мағзу руҳи ин миллатҳо ҳаст, вале хоссияти ислом ин аст, ки миллатҳоро ақиб мебарад. (Душманони дин ҳам бузургтарин ҳарбаи таблиғии онҳо, ҳамин инҳитоти феълии мусалмонон аст.) Ва ё бояд эътироф кунем, ки ҳақиқати ислом ба сурати аслӣ дар мағзу руҳи мо мавҷуд нест, балки ин фикр ағлаб дар мағзҳои мо ба сурати масхшуда мавҷуд аст; тавҳиди мо тавҳиди масхшуда аст, нубуввати мо нубуввати масхшуда аст, вилоят ва имомати мо масхшуда аст, эътиқод ба қиёмати мо каму беш ҳамин тавр. Тамоми дастурҳои усулии ислом дар фикри мо ҳама тағйири шакл дода. Дар дин сабр ҳаст, зуҳд ҳаст, тақво ҳаст, таваккул ҳаст, тамоми инҳо бидуни истисно ба сурати масхшуда дар зеҳни мо мавҷуд аст. Шояд ҳамон андоза, ки то ба ҳол дар ин ҷаласот баҳс шудааст, ин матлабро то андозае равшан кунад. Масалан роҷеъ ба тақво баҳс шудааст. Агар мутолеа карда бошед, шояд битавонад он ҷузваҳо ба шумо собит бикунад, ки то ба ҳол тақво ба як сурати масхшудае дар зеҳни мо буд. Ҳар мавзӯе, ки баҳс шуда ҳама ин гуна аст, ки мефаҳмонад ислом маъкус шудааст.”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Даҳ гуфтор; Эҳёи тафаккури исломӣ)

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муноҷот
Лагад ба афтода

Матолиби пурбоздид