Ин “ҷанг” дар ҷаҳон бесобиқа будааст!
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Баъд аз зарбаҳои кушандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба режими Исроил дар ҷанги 12-рӯза ва ноумедии саҳюнистҳо ва Омрико ва дунболаравонаш аз шикасти сахти Эрон, (яъне аз шикасти Эрон бо набарди низомӣ), ҳоло ҳудуди 5-6 моҳ аст, ки Исроил ва Омрико чунон “ҷанге” (ҷанги нарм албатта) алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳ андохтаанд – ва бо тамоми васоил ва имконот ва дар канораш ҷанги иқтисодӣ – ки дар ҷаҳон ва таърих собиқа надоштааст; ҷанге, ки агар ба ҷойи Ҷ.И.Эрон ҳар кишваре буд, муталошӣ ва аз ҳам пошида буд.
Аммо Ҷ.И.Эрон пойбарҷост ва медонад чӣ гуна муқовимат кунад!
Бале, ҷанге, ки ба роҳ афтодааст, дар абъод ва густардагиаш воқеан бесобиқа аст; дар ин ҷанг аз ҳамаи васоил ва роҳҳо ва абзор истифода мекунанд, то Ҷумҳурии Исломии Эронро ба зону нишонанд: аз ҳамла ба намодҳои исломӣ, (мисли сатр ва ғайра), бигир то арсаи варзиш ва ҳатто туризм ва ҷаҳонгардӣ ва то барҷаста кардани чеҳраҳое мисли Куруш (дар муқобили чеҳраҳои исломӣ) ва то ҳатто масоили мазҳабии хосси мусалмонони шиа (мисли зери суол бурдани масоили марбут ба ҳазрати Заҳро (с)) – ки ҳоло имрӯз, ҳатто расонаҳое мисли International низ дилашон – масалан – ба Ислом сӯхта ва аз сари “дилсӯзӣ” ба маорифи исломӣ, даст ба кор шудаанд.
Албатта дар ин миён, лашкари Хавориҷи замон – яъне салафиҳои аблаҳ – ки ба лашкариёни муфту маҷонии Омрико ва Исроил дар набардашон алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон табдил ёфтаанд – низ саҳми худро дар ин “ҷанг” мегузорад. Ин “хорҳои дар чашм” – ба таъбири ҳазрати Алӣ (а) дар мавриди аслофи ин аблаҳҳо – ҳамеша ва дар тӯли таърих дарди сар будаанд.
Омрико ва Исроил ва ин аблаҳҳо бешак дар ин набард низ (набарди нарм) бо шикасти бисёр муфтазаҳонае рӯбарӯ хоҳанд шуд, иншоаллоҳ!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
qalamonline.net
Қаламонлайн













