Ироқчӣ: Нетонёҳу Амрикоро фиреб дод
Ахбори байналмилал
Ироқчӣ: “Нетонёҳу Амрикоро фиреб дод”
“Ӯ як афъӣ аст”
Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷ.И.Эрон дар Х навишт:
“Нетонёҳу вақте ба забони ибрӣ сӯҳбат мекунад, бо ифтихор мегӯяд, ки давлати Амрикоро фиреб дода ва онро ба ниёбат аз Исроил вориди ҷанг бо Эрон кардааст”.
Ироқчӣ афзуд: “Нетонёҳу сароҳатан бо ханда ва истеҳзо мегӯяд, ки чӣ гуна аз тариқи ҳазор соати ҳузури расонаӣ дар шабакаҳои телевизиюнии Амрико, бар афкор ва сиёсати онҳо таъсир гузоштааст. Аммо вақте англисӣ сӯҳбат мекунад, ӯ аз тавони раҳбарии раиси ҷумҳури Амрико тамҷид мекунад”.
Ироқчӣ дар поёни ин матлаб, Нетонёҳуро бо таъбири “афъӣ” тавсиф кард.
Қаламонлайн













