Ирфон ва ориф дар баёни Абуалӣ ибни Сино – II

Адаб

Ирфон ва ориф дар баёни Абуалӣ ибни Сино – II

Бахши дуввум

Ориф аз забони Абӯалӣ ибни Сино

Аввалин манзил

اول درجات حرکات العارفین ما یسمونه هم الارادة وهو ما یعترى المستبصر بالیقین البرهانى أو الساکن النفس الى العقد الایمانى من الرغبة فى اعتلاق العروة الوثقى فیتحرک سره الى القدس لینال من روح الاتصال

“Аввалин манзили сайру сулуки орифон он чизе аст, ки онро “ирода” меноманд, ва он иборат аст аз навъе шавқу рағбат, ки дар асари бурҳон ё таъаббуду имон дар инсон барои чанг задан ба дастгираи боистеҳкоми ҳақиқат падид меояд, он гоҳ руҳу замир ба ҷунбиш меояд, то ба иттисол ба ҳақиқат даст‏ ёбад.”

Барои баёни аввалин манзили сайру сулук, ки аз як назар ҳамаи ирфон дар он мавҷуд аст, ночорем андаке тавзеҳ бидиҳем… Фирори ҳар ҷудошуда ва танҳову ғарибмонда, ба сӯи ватани аслии худаш аст. Урафо мӯътақиданд, ки ин майл дар тамоми зарроти ҳастӣ ва аз он ҷумла инсон ҳаст, вале дар инсон гоҳе “комин‏” (пинҳон) ва махфӣ аст, шавоғил (андармониҳо) монеи фаъолияти ин ҳисс аст. Дар асари як силсила танбеҳот, ин майли ботинӣ зуҳур мекунад. Зуҳуру бурузи ҳамин майл аст, ки аз он ба “ирода” таъбир мешавад. Ин ирода дар ҳақиқат навъе бедории як шуъури хуфта аст…

Мавлавӣ дар дебочаи Маснавӣ сухани худро бо даъват ба гӯш фаро додан ба дарди дилҳои “най” оғоз мекунад, ки аз ҷудоӣ ва дур шудан аз найистон менолад ва шикоят мекунад. Мавлавӣ дар ҳақиқат дар аввалин абёти Маснавӣ аввалин манзили ориф яъне “ирода” ба истилоҳи урафоро тарҳ мекунад, ки иборат аст аз шавқу майл ба бозгашт ба асл, ки тавъам бо эҳсоси танҳоӣ ва ҷудоӣ аст. Мегӯяд:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

К-аз найистон то маро бубридаанд,

Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,

То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Мақсуди Бӯалӣ дар иборати боло ин аст, ки “ирода” майлу иштиёқест, ки дар инсон падид меояд пас аз эҳсоси ғурбату танҳоӣ ва бетакягоҳӣ, барои чанг задан ва муттасил шудан ба ҳақиқате, ки дигар бо ӯ на эҳсоси ғурбату танҳоӣ аст ва на эҳсоси бетакягоҳӣ.

* * *

Тамрин ва риёзат

ثم إنه لیحتاج الی الریاضة، والریاضة متوجهة الی ثلثة أغراض: الاول تنحیة مادون الحق عن مستنّ الایثار، والثانی تطویع النفس الأمّارة للنفس المطمئنّة… والثالث تلطیف السرّ للتنبّه

“Пас аз ин, навбати амалу тамрину риёзат мерасад. Риёзат мутаваҷҷеҳи се ҳадаф аст: аввал дур кардани ғайри Худо аз сари роҳ, дуввум ром сохтани нафси аммора барои нафси мутмаинна, севвум нарму латиф сохтани ботин барои огоҳӣ.”

Пас аз марҳилаи ирода, ки оғози парвоз аст, марҳилаи тамрину омодагӣ мерасад. Аз ин омодагӣ бо луғати “риёзат” таъбир шудааст, мафҳуми заҷр додани нафсро дорад. Дар баъзе мактабҳо асосан заҷр додани нафс ва таъзиби он асолат дорад ва аз ин рӯ қоил ба заҷру таъзиби нафс ҳастанд. Намунаашро дар муртозони Ҳинд ми‏бинем. Вале дар истилоҳи Бӯалӣ, калимаи “риёзат” мафҳуми аслии худро дорад.

“Риёзат” дар асли луғати араб ба маънои тамрину таълими аспи навҷавон аст, ки роҳу расми хушроҳӣ ба он ёд дода мешавад. Сипас дар мавриди варзишҳои бадании инсонҳо ба кор рафтааст. Дар ҳоли ҳозир низ дар забони арабӣ ба варзиш риёза мегӯянд, ва дар истилоҳи урафо ба тамрину омода сохтани руҳ барои ишроқи нури маърифат итлоқ мешавад.

Ба ҳар ҳол, “риёзат” дар ин ҷо тамрину омода сохтани руҳ аст ва мутаваҷҷеҳи се ҳадаф аст. Яке аз он се ҳадаф марбут ба умури хориҷӣ аст, яъне аз байн бурдани шавоғилу (андармониҳову) мӯҷиботи ғафлат. Дуввум марбут аст ба интизоми қувваҳои дарунӣ ва аз байн бурдани ошуфтагиҳои руҳӣ, ки аз он ба ром сохтани нафси аммора барои нафси мутмаинна таъбир шудааст. Ва севвум марбут аст ба навъе тағйироти кайфӣ дар ботини руҳ, ки аз он ба “талтифи сирр” таъбир шудааст.

والأول یُعین علیه الزهد الحقیقی، والثانی یُعین علیه عدة اشیاء: العبادة المشفوعة بالفكرة، ثم الألحان المستخدمة لقوی النفس الموقعه لما لحن به من الكلام موقع القبول من الأوهام، ثم نفس الكلام الواعظ من قائل زكیّ بعبارة بلیغة ونغمة رخیمة وسمت رشید، وأما الغرض الثالث فیُعین علیه الفكر اللطیف والعشق العفیف الذی یأمر فیه شمائل المعشوق لیس سلطان الشهوة

“Зуҳд, ба ҳадафи аввал аз се ҳадафи риёзат кӯмак мекунад. (Яъне зуҳд сабаб мешавад, ки монеаҳо ва шавоғилу мӯҷиботи ғафлат аз сари роҳ бардошта шавад). Ва аммо ҳадафи дуввум (яъне ром шудани нафси аммора барои нафси мутмаинна ва пайдоиши интизом дар дарун ва бартараф шудани ошуфтагиҳои равонӣ), чанд чиз аст, ки ба он кӯмак мекунад. Яке, ибодат, ба шарти он ки бо ҳузури қалб ва тафаккур тавъам бошад. Дигар, овози хушоҳанги муносиб бо маонии руҳонӣ, ки тамаркузи зеҳн эҷод кунад, ва суханеро, ки бо он адо мешавад (масалан ояти Қуръон, ки тиловат мешавад ва ё дуо ва муноҷоте, ки қироат мешавад ва ё шеъри ирфонӣ, ки хонда мешавад) дар қалб нуфуз диҳад. Севвум, сухане пандомӯз, ки аз гӯяндае покдил бо баёне фасеҳу балиғ ва лаҳне нарму нофиз ва ҳайате роҳнамоёна шунида шавад. Аммо ҳадафи севвум (яъне нарму латифу рақиқ сохтани руҳ ва берун кардани ғилзатҳо ва хушунатҳо аз дарун), он чи ба он кӯмак мекунад, яке, андеша‏ҳои латифу зариф аст (тасаввури маонии дақиқ ва андеша‏ҳои нозуку рақиқ мӯҷиби зарофату риққату латофати руҳ мегардад), дигар, ишқи тавъам бо иффат ба шарти он ки аз навъи ишқи руҳӣ бошад, на ишқи ҷисмӣ ва шаҳавонӣ, ва ҳусну эътидоли шамоили маъшуқ ҳоким бошад, на шаҳват.”

ثم إنه اذا بلغت به الارادة والریاضة حدّاً ما، عنت له خلسات من اطلاع نور الحق علیه لذیذة كأنها بروق تومض الیه ثم تخمد عنه وهو المسمی عندهم أوقاتاً ثم إنه لیكثر علیه هذه الغواشی اذا أمعن فی الارتیاض

“Сипас ҳар гоҳ ирода ва риёзат ба мизони муайяне бирасад, порае “хилса”-ҳо (рубоишҳо) барояш падид меояд, ба ин наҳв, ки нуре бар қалбаш тулӯъ мекунад дар ҳоле, ки сахт лазиз аст ва ба суръат мегузарад, гӯӣ барқе меҷаҳад ва хомӯш мегардад. Ин ҳолот дар истилоҳоти урафо “авқот” номида мешаванд, ва агар дар риёзат пеш равад, ин ҳолот фузунӣ мегирад.”

إنه لیتوغّل فی ذلك حتی یغشاه فی غیر الارتیاض. فكلما لمح شیئاً عاج منه الی جناب القدس یتذكر من أمره أمراً فغشیه غاش فیكاد یری الحق فی كل شیء

“Ориф он қадр дар ин кор пеш меравад, то он ҷо, ки ин ҳолот дар ғайри ҳолати риёзат низ гоҳ ба гоҳ даст медиҳад, басо ки як нигоҳи мухтасар ба чизе руҳашро мутазаккири олами қудс мекунад ва ҳолат ба ӯ даст медиҳад, кор ба ҷое мерасад, ки наздик аст Худоро дар ҳама чиз бибинад.”

ولعله الی هذا الحد یستعلی علیه غواشیه و یزول هو عن سكینته فیتنبّه جلیسه

“Ориф то вақте, ки дар ин марҳила ва ин манзил аст, ин ҳолот, ки ориз мешавад, бар ӯ ғалаба менамояд ва оромиши оддии ӯро ба ҳам мезанад, қаҳран агар касе паҳлӯяш нишаста бошад, мутаваҷҷеҳи тағйири ҳолати вай мегардад.”

ثم إنه لتبلغ به الریاضة مبلغاً ینقلب وقته سكینة فیصیر المخطوف مألوفاً والومیض شهاباً بیّناً ویحصل له معارفة مستقرة كأنها صحبة مستمرة ویستمتع فیها ببهجته، فاذا انقلب عنها انقلب حیران اسفاً

“Сипас кори муҷоҳидату риёзат ба он ҷо мекашад, ки “вақт” табдил ба “сакина” мешавад, яъне он чи гоҳ-гоҳ буд ва оромишро ба ҳам мезад, тадриҷан дар асари такрору унси руҳ бо он, тавъам бо оромиш мегардад. Он чи қаблан ҳолати бегона дошт ва монанди як “рубоиш” зуҳур мекард, табдил ба амри маънус мешавад. Барқи ҷаҳанда табдил ба шӯълаҳ‏ои равшан мегардад. Навъе ошноии собит барқарор мегардад. Гӯӣ ӯ ҳамеша ҳамнишини Ҳақ аст. Бо беҳҷату сурури он баҳра‏манд мегардад. Ҳар гоҳ он ҳолат аз ӯ дур мешавад, сахт нороҳат мегардад.”

ولعله الی هذا الحد یظهر علیه ما به فاذا تغلغل فی هذه المعارفة قلّ ظهوره علیه فكان وهو غائب ظاهراً وهو ظاعن مقیماً

“Шояд ба ин марҳила, ки ориф бирасад, боз осори ҳолати дарунӣ (баҳҷат ва ё таассуф) бар ӯ зоҳир шавад, ва агар касе наздики ӯ бошад, аз рӯи аломатҳо он ҳолотро эҳсос кунад. Агар ин ошноӣ бештару бештар шавад, тадриҷан осораш дар зоҳир намоён намегардад. Вақте, ки ориф ба марҳилаи комилтар бирасад, ҷамъи маротиб мекунад, дар ҳоле, ки ғоибу пинҳон аст аз мардум (руҳаш дар олами дигар аст) дар ҳамон ҳол зоҳир аст, ва дар ҳоле, ки кӯч карда ва ба ҷои дигар рафта, назди мардум муқим аст.”

Ин ҷумла моро ба ёди ҷумлаи мавлои муттақиён меандозад, ки дар сӯҳбаташ бо Кумайл ибни Зиёд роҷеъ ба авлиёи Ҳақ, ки дар ҳамаи асрҳо ҳастанд, фармуд:

هَجَمَ بِهِمُ الْعِلْمُ عَلی حَقیقَةِ الْبَصیرَةِ وَباشَروا روحَ الْیَقینِ وَاسْتَلانوا مَا اسْتَوْعَرَهُ الْمُتْرَفونَ وَاَنِسوا بِمَا اسْتَوْحَشَ مِنْهُ الْجاهِلونَ وَصَحِبُوا الدُّنْیا بِاَبْدانٍ اَرْواحُها مُعَلَقَّةٌ بِالْمَحَلِّ الْاَعْلی

“Илму маърифати тавъам бо басирате ҳақиқӣ аз даруни қалби онҳо бар онҳо ҳуҷум овардааст, руҳи яқинро ламс кардаанд, он чи, ки бар аҳли лаззат сахту душвор аст, барои онҳо рому нарм аст, ва ба он чи ҷоҳилон аз он ваҳшат доранд, маънусанд, бо баданҳои худ бо мардум маҳшуру мусоҳибанд, дар ҳоле, ки руҳҳои онҳо ба бартарин ҷойгоҳҳо пайвастааст.” (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 147)

(Дар идома Бӯалӣ мегӯяд:)

ولعله الی هذا الحد انما یتیسّر له هذه المعارفة احیاناً ثم یتدرّج الی ان یكون له متی شاء

“Шояд то ориф дар ин манзил аст, пайдоиши ин ҳолат барои ӯ амре ғайриихтиёрӣ бошад, вале тадриҷан дараҷа ба дараҷа боло меравад, то он ҷо, ки ин ҳолат таҳти забту ихтиёри ӯ дармеояд.”

ثم إنه لیتقدم هذه الرتبة، فلا یتوقف أمره الی مشیئته بل كلما لاحظ شیئاً لاحظ غیره وان لم تكن ملاحظته للاعتبار فیسنح له تعریج عن عالم الزور الی عالم الحق، مستقر به ویحتف حوله الغافلون

“Сипас аз ин ҳам пештар меравад, кораш ба ҷое мерасад, ки дидани Ҳақ мутаваққиф бар хости ӯ нест, зеро ҳар вақт ҳар чиро мебинад, пушти ‏сари он чиз Худоро мебинад, ҳарчанд ӯ ба назари ибрат ва танаббуҳ ба ашё нигоҳ накунад. Пас барояш инсироф аз ғайри Худо ва таваҷҷӯҳи куллӣ ба зоти Ҳақ пайдо мешавад ва худро наздик мебинад, дар ҳоле, ки мардуме, ки даври ӯ ҳастанд, ба куллӣ аз ҳолати ӯ ғофиланд.”

فاذا عبر الریاضة الی النیل صار سرّه مرآة مجلوة محاذیاً بها شطر الحق ودرت علیه اللذات العلی وفرح بنفسه لما بها من أثر الحق وكان له نظر الی الحق ونظر الی نفسه وكان بعد متردداً

То ин ҷо ҳама марбут ба марҳилаи риёзату муҷоҳида ва сайру сулук буд, ва акнун “ориф ба мақсад расидааст. Дар ин ҳол замири хешро монанди ойинае мебинад софу сайқалӣ, ки дар он Ҳақ намоён шудааст, ва дар ин ҳол лаззоти маънавӣ ба таври тавсифнашуда бар ӯ резиш мекунад. Ҳангоме ки ба худ менигарад ва вуҷуди хешро ҳаққонӣ ва раббонӣ мебинад, фараҳу инбисот ба вай даст медиҳад. Дар ин ҳангом миёни ду назар мураддад аст: назаре ба Ҳақ, ва назаре ба худ; монанди касе, ки дар ойина менигарад, (ки) гоҳе дар сурати мунъакис дар ойина дақиқ мешавад ва гоҳе дар худи ойина дақиқ мешавад ва гоҳе дар худи ойина, ки он суратро мунъакис сохтааст.”

ثم إنه لیغیب عن نفسه فیلحظ جناب القدس فقط، وان لحظ نفسه فمن حیث هی لاحظة لا من حیث هی بزینتها. وهناك یحق الوصول

“Дар марҳилаи баъд, худи ориф низ аз худаш пинҳон мегардад, Худоро мебинаду бас. Агар худро мебинад, аз он ҷиҳат аст, ки дар ҳар мулоҳизае, лиҳозкунанда низ ба наҳве дида мешавад; дуруст монанди ойина, ки дар ҳоле ҳам, ки таваҷҷӯҳ ба сурат аст ва ба ойина таваҷҷӯҳе нест, боз назар ба сурат мусталзими назар ба ойина ҳаст ҳарчанд мусталзими таваҷҷӯҳ ба ӯ ва дидани камолоташ нест. Дар ин марҳила аст, ки ориф ба Ҳақ восил шуда ва сайри ориф аз халқ ба Ҳақ поён ёфтааст.”

Ин буд хулосае аз қисмате аз намати “Ишорот”.

Нуктае, ки лозим аст ‏ёдоварӣ шавад ин аст, ки урафо ба чаҳор сайр мӯътақиданд:

سیر من الخلق الی الحق، سیر بالحق فی الحق، سیر من الحق الی الخلق بالحق، سیر فی الخلق بالحق

(Сайр аз халқ ба сӯи Ҳақ, сайр ба Ҳақ дар Ҳақ, сайр аз Ҳақ ба сӯи халқ ба Ҳақ, сайр дар халқ ба Ҳақ).

Сайри аввал аз махлуқ аст ба Холиқ. Сайри дуввум дар худи Холиқ аст, яъне дар ин марҳила бо сифоту асмои илоҳӣ ошно мешавад ва бад-онҳо муттасиф мегардад. Дар сафари севвум бори дигар ба сӯи халқ бозмегардад бидуни он ки аз Ҳақ ҷудо шавад, яъне дар ҳоле, ки бо Худост ба сӯи халқ барои иршоду дастгирӣ ва ҳидоят бозмегардад. Сайри чаҳорум сафар дар миёни халқ аст бо Ҳақ. Дар ин сайр ориф бо мардум ва дар миёни мардум аст ва ба сомондиҳии умури онҳо мепардозад барои он ки онҳоро ба сӯи Ҳақ савқ диҳад.

Онч и аз “Ишорот”-и Бӯалӣ талхис кардем, марбут ба сафари аввал аз ин чаҳор сафар буд. Бӯалӣ роҷеъ ба сафари дуввум ҳам андаке баҳс кардааст ва мо лузуме намебинем онҳоро дунбол кунем. Ҳамчунон ки Хоҷа Насируддини Тӯcӣ дар шарҳи “Ишорот” гуфтааст, Бӯалӣ сафари аввали ирфониро дар 9 марҳила баён кардааст. Се марҳила марбут аст ба мабдаи сафар, ва се марҳила марбут аст ба убур аз мабдаъ ба мунтаҳо, ва се марҳилаи дигар марбут аст ба марҳилаи вусул ба мақсад. Бо тааммул дар каломи Шайх ин нукта равшан мешавад. Мақсуди Бӯалӣ аз “риёзат” , ки тарҷумааш “варзиш” аст, ҳамон тамринҳо ва муҷоҳидатҳое аст, ки ориф анҷом медиҳад. Ин муҷоҳидатҳо зиёд аст ва ориф бояд манозилеро дар ин хилол тай кунад. Бӯалӣ ин ҷо ба иҷмол баён кард, вале урафо ба тафсил дар ин бора баҳс мекунанд. Аз кутуби ирфонӣ он тафсилотро бояд ҷустуҷӯ кард.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нолаи ту маро хуш ояд
Идрок

Матолиби пурбоздид