Ирфон ва тасаввуф ба баёни содда

Адаб

 

Ирфон ва тасаввуф ба баёни содда

Воқеияти ирфон ва тасаввуф ба забони содда

Посух ба пурсише дар бораи ирфон ва тасаввуф

Одатан, гумон мекунанд, тасаввуф ва сӯфигарӣ ҳамин аст, ки мебинем. Масалан, як нафар пир аст ва ӯ муридоне дорад ва гоҳе онҳо ҷамъ мешаванд ва ҳаракатҳое мекунанд ва зикрҳое мехонанд. Ва чун ин гуна равиш на дар сираи ҳазрати Паёмбар (с) дида мешавад ва на аз саҳоба нақл шуда, бинобар ин баъзеҳо онро бидъат мешуморанд. Яъне чизе медонанд, ки нав ба вуҷуд омада, ба ин маъно, ки дар замони баъд аз Паёмбар (с) падид омада ва аз ин рӯ кори дурусте нест ва набояд ба он наздик шуд. Зеро ҳазрати Паёмбар (с) аз бидъат ба шиддат наҳй кардаанд ва ҷойи бидъатгузорро дӯзах донистаанд.

Ин гумон бештар ба хотири ҳамон расму русуме аст, ки дар сӯфиҳо дида мешавад, ки дар воқеъ ба ин шакл на дар ҳаёти ҳазрати Паёмбар (с) вуҷуд дошт ва на саҳоба ба он машғул мешуданд. Ва ба иборати дигар, тасаввуф ба тадриҷ ба як силсила расму одатҳое табдил ёфта ва имрӯза бештари касоне, ки ба сӯфигарӣ шинохта мешаванд, фақат ба ҳамин зоҳир худро машғул медоранд ва аз ин рӯ гумон меравад, тасаввуф ва сӯфигарӣ ҷуз ин нест.

Дар ҳоле, ки воқеияти тасаввуф ва ҳақиқати он – ки ирфон низ ба як маъно ҷуз он намебошад – танҳо ин нест. Яъне ҳақиқат ва воқеияти тасаввуф ва сӯфигарӣ фақат ин расму одатҳо нест. Комилан чизе дигар аст. Албатта, намегӯям, ин расму одат рабте ба тасаввуф надорад, на, балки манзурам ин аст, ки воқеияти тасаввуф фақат ин ҳаракот ва ин одатҳо, ки мебинем, нест. Ин равишҳо танҳо зоҳире аз як ҳақиқат ва аз як гавҳар буда.

Дар ин навиштор, ба баёни ҳамон ҳақиқат ва воқеият мепардозам, дар чанд нукта: (Азизон ҳавсала ба харҷ диҳанд ва ба диққат бихонанд):

1) Огоҳ шудани инсон ба чизе ва ба сухани дигар, илм пайдо кардани ӯ ба чизе, ба ду сурат аст: бе восита ва бо восита. Яъне вақте мегӯем, ман ба фалон чиз огоҳ шудам ва илм пайдо кардам, як вақт ҳаст, ки байни шумо ва воқеияти он чиз (яъне маълум) воситае қарор гирифта, аммо як вақти дигар, он чиз (яъне маълум) ба воқеияташ пеши шумо ҳозир аст, байни шумо ва байни он чиз воситае нест. Ба баёни дигар ва дақиқтар: дар фароянд ва раванди донистан ва огоҳ шудан ва илм пайдо кардан (ва ба ҳар вожае бихоҳед, таъбираш кунед), дар воқеъ се чиз ҳаст: яке, олим яъне ҳамон шахс, ки огоҳ гардида ва дар ӯ огоҳӣ ва илм ҳосил шуда. Дигар, худи илм ва донистан. Ва севвум, чизе, ки нисбат ба он огоҳ шудаед ва ба он илм ҳосил кардаед. Масалан, шумо як дарахтро, ки мебинед ва дар баробари шумо қарор мегирад, дар ин фароянд се чиз ҳаст: яке, шумо, ки нисбат ба он дарахт огоҳ шудаед яъне огоҳӣ дар шумо ҳосил шуда; чашматонро, ки боз мекунед, он дарахтро мебинед. Дуввум, воқеияти илм ва огоҳӣ. Ва севвум, воқеияти дарахт яъне маълум. Маъмулан, ба аввалӣ “олим”, ба дуввумӣ “илм” ва ба севвумӣ “маълум” гуфта мешавад.

Хуб, ба огоҳ шуданҳое ба монанди ин огоҳ шуданро (яъне ба монанди огоҳ шудан ба дарахтро) – ки бештари огоҳиҳои мо аз дунё ва перомунамон, ҳамин гуна аст – “илми ҳусулӣ” мегӯянд. Дар ин гуна огоҳиҳо, он се чиз (олим, илм, маълум) аз ҳам ҷудо ҳастанд, яъне се чиз ҳастанд. Мисолаш ҳамин дидани мо дарахтро аст. Дар ин раванд, олим ин шумоед, ки як чиз аст. Илму огоҳии шумо ба дарахт, як чизи дигар аст. Яъне пеш аз боз кардани чашмонатон, ин огоҳӣ набуд ва баъд, ки боз кардед, падид омад. Ва севвумӣ, маълум, яъне воқеияти ҳамон дарахт, ки равшан аст чизе дигар аст.

Аммо мо огоҳиҳое дорем, ки дар онҳо “олим” бо “маълум” муттаҳид аст, ҷудо нест. Ба иборати дигар, маълум ба воқеияти худаш ва ба вуҷудаш, пеши олим ҳозир аст, бо ӯст ё дар ӯст, аз ӯ ҷудо нест. Ин гуна огоҳиҳоро “илми ҳузурӣ” меноманд. Мисолаш, огоҳии ҳамаи мо ба худамон, ё огоҳии мо ба яке аз ҳолатҳои равониамон аст, мисли ғазаб, хушҳолӣ, тарс ва ғайра. Вақте шумо масалан аз чизе меҳаросед, дар шумо як ҳолате пайдо мешавад, ки пеш аз ин набуд, шумо ин ҳолатро эҳсос мекунед, ки номашро тарс меномем. Ин ҳолат, ки шумо ба он огоҳ мешавед, пеши шумо ба воқеияташ ҳозир аст. Мисли мисоли дарахт нест.

Дар дарахт, воқеияти дарахт чизе аст, ки дар берун аст. Вақте шумо чашматонро боз мекунед, сурате аз он дарахт дар пеши шумо ҳозир мешавад, на худаш. Яъне, дар воқеъ он чи бе восита барои шумо маълум аст, сурати дарахт аст, на воқеияти дарахт. Чашми инсон мисли дастгоҳи аксбардорӣ аст, ки чизҳоеро, ки мебинад, суратгирӣ мекунад ва он суратҳо пеши шумо ҳозир мешаванд. Аммо вақте ҳолати тарс дар шумо эҷод мешавад ва шумо онро эҳсос мекунед, воқеияти тарс ҳамон ҳолат ва ҳамон чизе аст, ки дар шумо ҳосил шуда. Мисли дарахт нест, ки фақат сурате аз он дар пеши шумо ҳозир бошад, балки ба воқеияташ ва ба вуҷудаш пеши мо ҳозир аст. Ба иборати дақиқтар, маълум бо шумо ва бо вуҷуди шумо муттаҳид ва як чиз аст, ду чиз нест. Ҳамон тавре, ки арз шуд, номи ин гуна илмро “илми ҳузурӣ” мегӯянд, аммо огоҳии шумо ба дарахтро “илми ҳусулӣ”.

2) Бештари огоҳиҳои мо, аз навъи “илми ҳусулӣ” аст. Яъне сурате аз шайъ (на худаш) пеши мо ҳозир аст. Ва барои ҳамин, баъзе фалосифа дар қадим ва дар асри мо, дар огоҳиҳои ҳусулӣ шакку тардид кардаанд, ки оё ин сурат аз он шайъи берунӣ, айни онро нишон медиҳад, ё ин ки сураташ ғайр аз он шайъ аст?

Вале дар “илми ҳузурӣ” маҳол аст, ки шакку тардид намоед. Зеро “маълум” ба воқеияти худаш (на сураташ) пеши шумо ҳозир аст. Вақте ҳолати тарс ё хушҳолӣ дар шумо ҳосил мешавад, сурати он пеши шумо нест, балки худаш, воқеияташ, ба вуҷудаш пеши шумо ҳозир мешавад. Дар илмҳои ҳусулӣ сурате аз шайъ дар зеҳни мо ҳосил шуда.

Улуме, ки ҳастанд (ҳамаи улум мисли физик, шимиё, зистшиносӣ ва ғайра…) инҳо “илми ҳусулӣ”-анд ва сару корашон бо зеҳн аст, бо тасаввуроте аст, ки дар зеҳни мо, одамҳост. Хулоса, ҳар чи ба зеҳни мо марбут аст, илми ҳусулӣ аст, огоҳиҳоест бо восита. Сурате аз шайъ дар зеҳни мо ҳаст, ки чи басо бо воқеияти он мутобиқ бошад ва чи басо набошад. Асосан, хато ва иштибоҳ дар ин гуна илм мешавад. Дар “илми ҳузурӣ” хато ва иштибоҳ маъно надорад. Одам, ки ба воқеияти чизе огоҳ бошад, дар огоҳии ӯ ва илми ӯ хато маъно надорад. Масалан, вақте мегӯед, ман ба вуҷуди худам огоҳам ва ба худам илм дорам, дар инҷо маҳол аст, ин огоҳии шумо хатобардор бошад. Зеро воқеияти шумо барои шумо маълум шуда. Вале вақте мегӯед, ман огоҳам ва илм дорам, ки замин атрофи хуршед давр мезанад ва ё вақте мегӯед, ман огоҳам ва илм дорам, ки замин куравишакл аст, дар инҷо илми шумо чи басо бо воқеият мутобиқ бошад ва чи басо набошад. Дар қадим, одамҳо гумон мекарданд, ки ин хуршед аст, ки гирди замин мечархад, на замин гирди хуреш. Ва ё гумон мекарданд, ки замин куравишакл нест, балки мусаттаҳ аст, ки хатост.

3) Инак, гӯем: илм ва огоҳӣ ба вуҷуди Худо, ба ду сурат метавонад бошад: ё шумо ба вуҷуди ӯ (на моҳият ва сураташ, ки ин маҳол аст, балки вуҷудаш) илми ҳусулӣ доред, ё илми ҳузурӣ. Далелҳои Худошиносӣ мисли далели назм ва далели ҳудус, ки уламои илми калом ва ақоид (мутакаллимон) бо онҳо сару кор доранд ва ё далели фалосифа, инҳо ҳама аз навъи илми ҳусулӣ ҳастанд. Ва барои ҳамин аст, ки мавриди баҳс ва аҳёнан шакку тардид қарор мегиранд. Ҳамаи ин далелҳо бо зеҳни мо сару кор доранд. Ҳама аз навъи илми ҳусулӣ ҳастанд. Ва ё ин ки илм ва огоҳӣ ба вуҷуди Худо, аз навъи илми ҳузурӣ аст мисли он чи ба фитрат маъруф шуда. Сӯфиҳо ва урафо ба ҳамин навъ огоҳӣ сару кор доранд, онҳо илми ҳусулиро яқиновар намедонанд. Ин ки Мавлоно мегӯяд:

Пойи истидлолиён чӯбин бувад,

Пойи чӯбин сахт бетамкин бувад.

Манзури ӯ аз “истидлолиён”, уламои илми калом ва фалосифа ҳастанд, ки сару корашон бо илми ҳусулӣ аст, на ҳузурӣ. Ин ки мегӯяд, “пойи чӯбин сахт бетамкин бувад”, муродаш ҳамон далелҳое аст, ки мутакаллимон ва фалосифа бар вуҷуди Худо барпо доштаанд.

Ва дар муқобил, сӯфия мӯътақиданд, ки илм ба вуҷуди Худо бояд ҳузурӣ бошад, ки дар он, “маълум” ба воқеияташ назди “олим” ҳузур ёфта бошад, на ин ки сурате аз вуҷуди ӯ (на моҳияташ, ки аслан маҳол аст ва баҳси мо он нест) пеши вай ҳосил шуда бошад.

4) Ин ки мо дар сӯфиҳо мебинем, ки ҳимматашон фақат аз навъи амал аст, на омӯхтан, ба хотири он аст, ки онҳо ҳамаи улумро аз навъи илми ҳусулӣ медонанд. Асосан, дар илми ҳузурӣ омӯхтан маъно надорад. Омӯхтану омӯзондан яъне сару кор доштан бо зеҳн. Балки бояд, ба истилоҳ, қалбро пок кард, то мисли ойинаи софу беғубор гардад ва одам Худоро дар он бибинад. Аз назари онҳо, вақте қалби инсон яъне руҳу равони ӯ пок мешавад ва аз олудагиҳо ва гуноҳон соф мегардад ва ҳамаи пардаҳо ва ҳиҷобҳо бардошта мешаванд, одам Худоро мебинад, ба омӯхтан дигар ниёзе нест.

Мавлоно дар ҳикояти “Қиссаи миро кардани румиёну чиниён дар илми наққошӣ ва суратгарӣ”, ки бо матлаъи:

Чиниён гуфтанд, мо наққоштар,

Румиён гуфтанд, моро карру фар.

— шурӯъ мешавад, чӣ қадр ин воқеиятро зебо баён карда.

Хулосаи он ин аст, ки мардуми Чину Рум бар сари маҳорату чирагии худ дар ҳунари наққошӣ бо якдигар баҳсҳо ва гуфтугӯҳо мекарданд. Ҳар як аз он ду гурӯҳ маҳорату устодии худро месутуд. Подшоҳи он даврон хост, ки ба ин мубоҳисаҳо ва раҷазхониҳо поён диҳад ва ҳунари ононро дар амал ба бӯтаи озмоиш дароварад. Наққошони чинӣ аз шоҳ хонае хостанд, ки ҳунари худро дар он ба маърази дид қарор диҳанд. Шоҳ хонае ба чиниҳо ва хонае низ ба румиён дод, то маҳорату устодии худро нишон диҳанд. Шоҳ ҳамаи имконоти лозимро барои наққошони чинӣ фароҳам овард, вале румиҳо ҳеч чиз аз шоҳ нагирифтанд, балки дарҳои хонаро бастанд ва фақат ба сайқал задани дару девори хона пардохтанд.

Чиниҳо ҳамагуна рангро бо устодии тамом ба кор гирифтанд ва таркиботи бадеъу дилнишине аз он сохтанд ва бар девори хона нақш карданд. Вақте аз кори худ фориғ шуданд, аз шодиву шӯр таблҳо заданду карнайҳо навохтанд.

Шоҳ ба тамошои кори наққошони чинӣ рафт ва аз дидани он нақшҳои дилфиреб бисёр хурсанду шодмон шуд. Сипас ба сӯи коргоҳи румиён рафт ва ҳамин ки бад-он ҷо расид, пардаҳоро пас заданд ва ногаҳон подшоҳ саҳнаи руъёии ҳайратангезе дид; ҳамаи нақшҳо ва тасовири рангину зебои чиниҳо бар девори утоқҳои румиён ба гунае шукӯҳманду афсонаӣ мунъакис шуда буд. Шоҳ аз дидани ин саҳна шӯре хосс пайдо кард ва дид, ки маърифати румиҳо сабаб шуда, ки коре халлоқтару бадеътар ба вуҷуд ояд. Пас маҷзуби кори румиҳо шуд.

Дар ин достони зебо, чиниён намудори олимони зоҳирӣ ҳастанд, ки дили худро бо анвоъи улуму маҳфузот нақш задаанд яъне ҳамон улуми ҳусулӣ. Ва румиён намудори асҳоби кашфу шуҳуд ҳастанд яъне улуми ҳузурӣ. Мавлоно мехоҳад ин паёмро бирасонад, ки илми аъло аз роҳи тасфияи ботин ва тазкияи нафс ҳосил меояд ва илми адно сирфан маҳфузоте чанд аст, ки бори одамӣ аст, на бори ӯ Таъоло.

Румиён он сӯфиёнанд, эй падар!

Бе зи такрору китобу бе ҳунар.

Лек сайқал кардаанд он синаҳо,

Пок аз озу ҳирсу бухлу кинаҳо.

5) Ин буд гавҳари тасаввуф ва ирфон, на фақат ин расму русуму одатҳое, ки имрӯза аз онҳо маъруф аст. Бале, онҳо мӯътақиданд, ҳамин расму русум яъне ҳамин ҳаракот ва ҳамин равишҳо қалби одамиро пок ва барои дидани Худо муҳайё месозанд.

Баъд, нуктаи дигаре, ки онҳо рӯи он таъкид доранд он аст, ки онҳо мӯътақиданд, роҳи поксозии қалбҳо ва муҳайё кардани он барои тобидани хуршеди оламтоби Худо дар он, фақат ва фақат ин аст, ки дасти инсони комилеро яъне ҳамин пиреро бигирӣ ва ӯ роҳнамоият кунад. Худат ба танҳоӣ наметавонӣ. Роҳи бисёр хатарнок аст. Бояд пир дастонатро бигирад.

Хуб, ин буд, тавзеҳи мухтасар дар бораи чистии тасаввуфу ирфон.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мақсад якест
Иллати таваҷҷуҳ ба осори Мавлавӣ

Матолиби пурбоздид