Ислом ва тамаддуни мағрибзамин
Ислом аз дидгоҳи донишмандони ғарб
Вил Дурон менависад:
“Масеҳиён қарнҳо шоҳид буданд, ки мусалмонон пайваста вилоятҳои масеҳиро яке пас аз дигаре мигирифтанд ва ақвоми масеҳиро паёпай ба қаламрави нуфузи худ мебурданд… Натиҷаи ин тасодум, комилан ба суди ҷаҳони ғарб буд; чун мағрибзамин дар ҷангҳои салибӣ шикаст хӯрд, вале дар ҷанги фарҳангӣ пирӯз шуд ва улуми мусалмононро фаро гирифт ва вориси илму санъат шуд. Дар иваз, ҷаҳони ислом пас аз он ки офаринандаи ин ҳама улум ва мубтакири он буд, бо ҳуҷуми муғул ва даргириҳои дохилӣ ва инқирози тамаддунҳо, дар торикии нодонӣ ва надорӣ гирифтор шуд, дар сурате, ки мағрибзамини шикастхӯрда, ки аз кӯшишҳои мудовим таҷриба омӯхта ва шикастҳоро аз ёд бурда буд, аташи (ташнагии) илм ва алоқа ба тараққиро аз душманон (яъне аз мусалмонон) фаро гирифт ва майдонҳои ақлро паймуд… ва бо сарбаландӣ ба даврони ренусонс қадам ниҳод…”
(Таърихи тамаддун, ҷ.4, с.435)
Қаламонлайн
qalamonline.net













