Ислом, имон ва эҳсон дар баёни Расули Акрам(с)
Маориф ва андеша
Аз Абӯҳарайра (р) ривоят аст, ки рӯзе Расули Акрам (с) дар ҷамъи асҳобу ёрон нишаста буд, ки шахсе вориди маҷлис шуд ва аз Расули Худо (с) пурсид:
— Имон чист?
Расули Худо (с) фармуд:
— Имон, эътиқод доштан ба ягонагии Худованд ва ба вуҷуди фариштагон ва ба ҳаққонияти маод (зинда шудани пас аз марг) ва ба дидор бо Худованд дар рӯзи қиёмат ва ба ҳаққонияти паёмбарон аст.
Он шахс пурсид:
— Ислом чист?
Расули Акрам (с) фармуд:
— Ислом ин аст, ки: танҳо Худованди оламро бипарастӣ, ширк наварзӣ, намоз бихонӣ, закоти амволатро бипардозӣ ва дар моҳи Рамазон рӯза бигирӣ.
Он шахс пурсид:
— Эҳсон чист?
Расули Худо (с) фармуд:
— Эҳсон ин аст, ки: Худовандро чунон ибодат кунӣ, ки гӯӣ ӯро мебинӣ ва агар (имонат ба дараҷае нест, ки) битавонӣ ӯро бибинӣ, ӯ қатъан туро мебинад…
Пас аз поёни гуфтугӯ, ҳазрати Паёмбар (с) ба ёрон фармуд:
— Ин шахс Ҷабраили Амин (а) аст, омада буд, то ба мардум динашонро биёмӯзад.
(Ривояти Бухорӣ)
Қаламонлайн
qalamonline.net













