Ислом чӣ гуна одамҳоро мутаҳаввил мекунад?

Таърих

Ислом чӣ гуна одамҳоро мутаҳаввил мекунад?

Суханронии Ҷаъфар ибни Абӯтолиб (р) дар баробари Наҷҷошӣ — подшоҳи Ҳабаша, ба бисёре аз пурсишҳои ҳатто имрӯзиҳо, ки – аз маориф ва омӯзаҳои ойини наҷотбахши ислом чандон огоҳ нестанд — посух медиҳад.

Моҷаро аз ин қарор аст, ки дар садри ислом, замоне ки ҳанӯз ҳазрати Паёмбар (с) дар Макка буданд ва шумори мӯъминон ҳам ангуштшумор вақте фишори мушрикон бар мӯъминон зиёд шуд, ҳазрати Паёмбар (с) ба онҳо дастур доданд, то муддате ба Ҳабаша ҳиҷрат кунанд, чун подшоҳи масеҳии он сарзамин ба адлу дод маъруф буд. Вақте мӯъминон ба онҷо паноҳ оварданд, мушрикони Макка тасмим гирифтанд намояндагони худро ба он сарзамин эъзом кунанд ва Наҷҷошӣ, подшоҳи Ҳабашаро алайҳи мусалмонон барангезанд. Шуморе аз мушрикон ба раҳбарии Амр ибни Ос барои анҷоми ин вазифа ба Ҳабаша омаданд ва бо сиёҳ кардани ҳазрати Муҳаммад (с) ва пайравонаш ба Наҷҷошӣ, аз ӯ хостанд, мӯъминонро аз кишвараш биронад. Наҷҷошӣ тасмим гирифт аввал ҷаласае бо ҳузури намояндаҳои мушрикон ва мӯъминон ташкил дода ба ҳарфи ҳар ду гӯш кунад ва сипас тасмими лозимро бигирад. Дар ин маҷлис аввал Амр ибни Ос суханронӣ кард ва иттиҳомоте зад ва гуфт, ин ҷамъ ба дини обову аҷдоди худ пушт кардаанд. Сипас, ба намояндагӣ аз мусалмонон, ҳазрати Ҷаъфар ибни Абӯтолиб (р) ба сухан пардохт ва аз ҷумла гуфт:

“Ҷаноби Наҷҷошӣ! Мо мардуме нодону бутпараст будем. Аз хӯрдани мурдор худдорӣ намекардем ва аз фаҳшо рӯйгардон набудем. Бо хешони худ ба некӣ рафтор намекардем ва эҳтироми ҳамсоягонро нигоҳ намедоштем.

Инон (яъне намояндагони мушрикони Қурайш), ки аз ҷониби сарони мо ба манзури бозгардондани мо ба инҷо омадаанд, пайрави бадтарини ойинҳо ҳастанд: сангҳоро мепарастанд ва барои бутон намоз мегузоранд ва пайванди хешовандонро мегсаланд ва даст ба зулму ситам мезананд, маҳорими худро ҳалол мешуморанд, зӯрмандони мо саъй дар нобудии заъифон доранд ва ҳаққи якдигарро риоят намекунанд.

Мо чунин будем… То он ки дар ин вазъи асафангез ва дунёи торик, Худованди олам пайғамбаре дар миёни мо барангехт, ки насаби ӯ ва садоқату амонату покии ӯро ба хубӣ мешинохтем.

Ӯ моро ба парастиши Худованди якто ва итоати ӯ ва тарки он чи худ ва падаронамон мепарастидем, фаро хонд. Ӯ моро аз парастиши сангҳо ва ҷисмҳои беҷон, қиморбозӣ, зулму ситам, хунрезии бемаврид, зино, рибохорӣ, хӯрдани мурдор барҳазар дошт ва ба адлу эҳсон ва ростиву дурустӣ ва амонатдориву некӣ нисбат ба хешон ва ҳамсоягон даъват фармуд ва аз хӯрдани моли ятим ва иртикоби фаҳшо ва мункар ва дурӯғ наҳй кард ва дастур дод, Худои ягонаро парастиш кунем…

Мо низ, ки ин суханони нағзу санҷидаро аз вай шунидем ва худи ӯро дар амал чунин дидем, ба вай имон овардем ва гуфтаи ӯро тасдиқ кардем. Ҳар чиро ҳалол карда буд, бар худ ҳалол карда ва он чиро ҳаром дониста буд, ҳаром шумурдем.

Қавми мо вақте вазъро чунин диданд, бо мо ба душманӣ бархостанд ва ба озору шиканҷаи мо пардохтанд ва саъй карданд, моро аз ин таъолими ҳаётбахш мунсариф созанд ва бори дигар ба парастиши бутҳо водоранд.

Чун корро бар мо танг гирифтанд ва монеъи диндории мо шуданд, ба дастури пайғамбар рӯ ба кишвари шумо овардем, то дар паноҳи адли шумо аз осеби онҳо рӯзгоре чанд дар амон бошем ва умедворем, ки дигар дар инҷо ситаме набинем”.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсоният вақте мемирад
Ленин кӣ буд?

Матолиби пурбоздид