Ислоҳи зеҳн ё ислоҳи зоиқа

Адаб

Ислоҳи зеҳн ё ислоҳи зоиқа

Нуктаи ахлоқӣ аз “Фалсафаи ахлоқ”-и Муртазо Мутаҳҳарӣ

“Коре бикунед, ки мардум зебоиҳои макорими ахлоқиро дарк кунанд, фикрашон дар зебоӣ, маҳдуд набошад ба масоиле, ки марбут ба умури ҷинсӣ аст; ҳазорон зебоии дигарро, ки дар табиат вуҷуд дорад; зебоиҳое, ки хаёл дарк мекунад эҳсос намояд ва баъд биравад болотар ва авҷ бигирад, зебоиҳои корҳои некро, зебоии неккирдориро дарк кунад ва дар муқобил, зиштӣ ва бадӣ ва манфурияти корҳои бадро ҳисс кунад.

Коре бикунед, ки аслан дурӯғ дар назараш зишт ва як шайъи мутаъаффин бошад; шайъе, ки асосан завқи ӯ аз он танаффур дорад. Аслан зоиқаашро ислоҳ кунед, ки зоиқаи ӯ аз ғайбат кардан танаффур дошта бошад.

Оё бовар мекунед, ки ахлоқиюн – яъне онҳое, ки филҷумла худашонро тарбият кардаанд – воқеан зоиқаашон аз ғайбат кардан танаффур дорад, зоиқаашон аз дурӯғ гуфтан танаффур дорад, зоиқаашон аз хиёнат кардан танаффур дорад, зоиқаашон аз зулм ва таҷовуз ба ҳуқуқи мардум танаффур дорад?! Аслан зоиқаи онҳо ин аъмолро намеписандад, намехоҳад ва дур меандозад.

Зоиқаро дуруст кунед, вале зоиқаи ақлӣ, зоиқаи фикрӣ, зоиқаи маънавӣ. Зоиқа, ки дуруст бишавад, инсон худ ба худ ҳамин ҷур мешавад…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Фалсафаи ахлоқ)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бозии бузург; талоши Амрико барои хориҷ кардани кишварҳои Осиёи Миёна аз мадори Русия
Осӯхта

Матолиби пурбоздид