Исроил: Раҳбарони Ҳамосро дар Қатар ва Туркия терур мекунем
Ахбори байналмилал
Reuters: “Навори савтии ифшошуда аз раиси ШОБОК: раҳбарони Ҳамосро дар Қатар ва Туркия терур мекунем”
Шабакаи 11 (“КАН”)-и Исроил аз як навори савтии мутаъаллиқ ба Ронен Бар, раиси ШОБОК парда бардошт, ки дар он, вай изҳор доштааст: “Исроил барои терури раҳбарони ҷунбиши Ҳамос дар Қатар ва Туркия талош хоҳад кард”.
Reuters ба нақл аз шабакаи 11 (“КАН”) афзуд: “Ин нахустин бор аз замони оғози ҷанг аст, ки Ронен Бар бо садои худаш дар мавриди воқеаҳои 7 октябр (амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”) дар як навори савтии ифшошуда сӯҳбат мекунад”.
Ин шабакаи исроилӣ идома дод: “Ронен Бар, ки то ба имрӯз дар мавриди он чи рух дода сӯҳбат накарда буд, масъулияти ин шикасти бузург (амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”)-ро бар ӯҳда гирифт; амалиёте, ки мунҷар ба воқеаҳое шуд, ки дар Исроил ба он “шанбеи сиёҳ” мегӯянд”.
Бар ин асос, “ин аввалин бор аст, ки як мақоми аршади исроилӣ ба сароҳат мегӯяд, Исроил раҳбарони аршади Ҳамосро дар Қатар ба унвони кишвари миёнҷӣ дар тавофуқи табодули асирон ва ҳамчунин дар Туркия терур хоҳад кард”.
Бар тибқи навори мунташиршуда, Ронен Бар гуфт: “Кобина (кобинаи амниятӣ) ҳадаферо барои мо ба манзури терури раҳбарони Ҳамос таъйин кардааст. Мо мусаммам ба иҷрои ин ҳадаф ҳастем. Инҷо Мюнхени махсуси мост”.
Манзури Бар ин буд, ки “ҳамон тавр, ки омилони амалиёте, ки мунҷар ба кушта шудани 11 варзишкори исроилӣ дар Мюнхени Олмон шуд, тайи ҳудуди 20 сол пас аз боздошти онҳо дар бозиҳои олимпии 1972 терур шуданд, дубора ин иттифоқ хоҳад афтод.”
Ронен Бар дар ин навор афзуд: “Дар ҳамаҷо, дар Ғазза, каронаи Бохтарӣ, Лубнон, Туркия, Қатар, ҳамаҷо, мо қодир ба расидан ба ҳадафи худ ҳастем, ин амр шояд чандин сол тӯл бикашад. Масъулияти амниятӣ бар ӯҳдаи мост. Вазифаи мо таъмини амният ва эҳсоси амният аст, мутаассифона дар 7 октябр дар ин амр муваффақ набудем, фикр мекунам дар масири суъудӣ ҳаракат мекунем ва мунтазир намемонем”.
Вай идома дод: “Мо шурӯъ ба дарс гирифтан аз воқеаҳо кардаем ва онро ба ҷоҳои дигар ва на фақат Ғазза интиқол додем. Ҳаҷми таҳдидоте, ки Исроил дар маърази он қарор дорад, дар соли гузашта ва ҳатто пеш аз ин рухдодҳо собиқа надоштааст, мо машғули фаъолиятҳое ҳастем, ки аз дидагон пинҳон аст, мавориди бисёре дар зери сатҳи замин дар ҷараён аст”.
Ба гузориши Ирно, Тоҳир Нуну, мушовири расонаии раиси дафтари сиёсии Ҳамос, дар аввалин изҳори назари ин гурӯҳ дар мавриди ин таҳдидоти Исроил, гуфт: “Таҳдидҳо мунъакискунанда бунбасти сиёсӣ ва майдонӣ аст, ки душман ба далели устувории қаҳрамононаи мо таҷриба мекунад. Ин таҳдидот, ҳеч кадом аз раҳбарони Ҳамосро наметарсонад; раҳбароне, ки хуни онҳо ва хуни хонаводаҳояшон бо хуни мардуми сабур ва солеҳи мо омехта шудааст.”