Истиқлоли таҷовузшуда – II

Истиқлоли таҷовузшуда – II

Бахши дуввум

Меҳмоншо Шарифзода

Имрӯз вазъи фарҳанги-сиёсӣ дар ин сарзамин чӣ гуна аст…

Бешак, чи мухолиф ва чи мувофиқи ин режим, ҳар ки огоҳ аст шояд дакр кардаанд, ки раванди аз соли 1992 оғозшуда имруза ба нуқтаи охири худ расидааст. Ин раванди истеъмор, тасхир ё барда шудани ҷомеа ва ҳаёти аксарияти мардум аз тарафи зарфияти сиёси-музофотӣ-маҳаллии ба мансаб расида дар солҳои навадум буд ва ҳаст, ки оқибат ин мардумро пароканда, парканда ва ба бардаи дигарон табдил дод.

Бубинед раванди истеъмори дохилро (internal colonization) бисёр давлатҳои дунё аз сар гузаронидаанд ва метавонанд гузаронидан. Масалан дар Фаронса баъди ин раванд ҳама музофотҳои дигар дар арофи Париж ҷамъ шуданд, ки ба ташкили давлати ягонаи миллии Фаронса оварда расонид ё Англисҳо мардуми Уелс ва Ирландияро тобеъ ва Шотландиҳоро ба як иттиҳоди парламентӣ маҷбур карданд ва ба давлати миллии ягона бунёд гузоштанд. Бале дар бисёр ҷойҳо ин раванд ба ташкилӣ давлатҳои миллӣ овард расонид, вале дар ин сарзамин, ки як вақтҳо бо ном ҷумҳурии “мустақилли” Шӯравӣ вуҷуд дошт ва бегонаҳо як зарфияти сиёсии музофотӣ-маҳаллиро ба сари қудрат оварданд чӣ гузашт.

Дар ин солҳои бо ном дар қудрат будан ин қавм бо сиёсати берун кардани мардуми фикркунанда, мухолифини сиёсӣ аз фазои сиёсӣ ва умуман аз ин сарзамин, фазои музофотӣ-маҳалӣ-оилавиро шакл доданд. Дар ин роҳ ба ақли абзорӣ ва бюрократияи музофотӣ-маҳаллӣ такя карда аз мардуми дигар музофотҳои Тоҷикистон ва мухолифони сиёсии худ “душманони миллат”, “ҳаросафкан”, “сепаратист” ва “хоин” тарошиданд, дар пойтахт ҳама ниҳодҳои роҳбарикунанда, қудратӣ, тақсимотӣ ва илмӣ-таҳқиқотиро музофотӣ-маҳаллӣ намуданд ва дар ҳама музофотҳо роҳбариро ба намояндагони як қавму музофот супориданд. Албатта, чоплусҳо-хокшапҳои музофотҳои дигар ҳам аз мансаб гирифтан дар ин зинаҳои навкарӣ ё нукарии шаклгирифта бенасиб намонданд…

Маънии “истеъмори дохилӣ”-ро файласуф Ҳабермас ба таври одӣ ва олӣ дар китоби Назарияи Амалияи Иртиботӣ (Theory of Communicative Action) ҳамчун “истеъмори ҳаётҷаҳонии мардум” (colonization of lifeworld) тасвир кардааст, ки ба воқеияти Тоҷикистон наздиктар аст. Дақиқан, ин қавми аз созандагӣ дур, арзишҳои дар шуравӣ ҳукумрон, ақлгароӣ, прогресс, дунявият, демократия ва дигаронро шиор карда бо фарҳанг ва мардум ҷанг эълон карданд, вале ин ҷуз шиор чизе дигар набуд ва нест.

Дар Шуравии собиқ бо фарҳанги суннатӣ ҷанг эълон карда буданд, вале бо такя ба илми ҷаҳонӣ мардумро дигар карданд ва фазои сотсиалистиро бунёд карданд, вале дар фарқият бо болшевикон ин қавм ягон фазои будан барои ин мардум бунёд кардан натавонистанд, балки фасод, дуздӣ ва дуруғро ниҳодина ва мардумро ба муҳоҷир, бегона ва ғариб табдил доданд…

Ин қавм баъди воқеаҳои Амрико дар сентябри 2001 ва шиори “ҷанг бо террор”- и Буш, аз фурсат истифода карда мардуми худро ба гуруҳҳои бунёдгаро, ҳаросафкан шомил карданд ва ҳануз бар ҳамин равишанд. Ба хусус ҳизби динии сиёсии ин сарзаминро, бо ҳамин иттиҳом аз фазои сиёсии ин сарзамин ва умуман аз ин сарзамин берун карданд.

Ин шиоре буд, ки ҳукуматдорон бо истифода аз он раванди аз фазои сиёсӣ берун кардани “унсури тоҷикӣ”- ро амалӣ карданд. Ин раванде буд, ки дар сулолаҳои турки-муғулии минтақа садсолаҳо боз вуҷуд дошт. Мардум ҳазорҳо муҳоҷир ва дар руйхати ҷинояткорони байнахалқӣ дохил шудаанд ва мондаҳои ватан дар руйхати бунёдгаро ва сепаратистҳои эҳтимолианд. Ҳамин рӯзҳо ҳазорҳо мардуми аз ин сарзамин ҳиҷрат карда номи худро дар руйхати «ҷинояткорони» дар ҷустуҷу буда пайдо намудаанд.

Ҳатто дар Амрико ва дар тамоми дунё хатои сиёсати Амрико ва муттаҳидонашро дар Шарқи Наздик, Афғонистон ва минтақаҳои дигар шинохтанд ва қисме аз сиёсатмадорони ҷаҳонӣ аз кардаҳои худ пузиш ҳам пурсиданд, вале то ҳануз дар Тоҷикистон ин қавм аз мардуми худ бунёдгаро, тундрав ва даҳшатафкан метарошанд. Бубинед, вақте аз раиси Садо ва симои Тоҷикистон Нуриддини Сайидро дар бораи китоби Абдухалил Холиқзода ва дар бораи Абдулқодири Рустам мепурсанд аз ҷавоб мегурезад, ки ба фикри ӯ гуё дар ин маҳфил «ӯро ҳамчун олим пурсидаанд ва ин ҷо на ҷои ба ин пурсиш ҷавоб додан аст». Маълум набуд, ки дар ин маҷлис оқои Ҷартиев ҳамчун олим иштирок дошт ва ё ҳамчун одам – …Ва чун рузноманигор пофишорӣ карда аз ӯ ҷавоб хост, оқои Ҷартӣ ба таври мухтасар натиҷаро гуфт, ки «муаллифони китоб мисли ҳизби терористии ҳизби Наҳзат амал кардаанд».

Дар воқеият ҳам ин қавм, таркибҳои ҷомеаро хароб кардаанд ва муносибатҳои солимеро аз байн бурдаанд ва шароитро барои муҳоҷир, ғариб ва баъдан ҳаросафкан шудани ҷавонони Тоҷик ба вуҷуд овардаанд.

Бубинед, дигар ҳар чи мухолифони сиёсӣ карданд, ҳар баду неке, ки кардаанд то сулҳи Тоҷикон карданд ва баъди сулҳи Тоҷикон дигар дар тақдири ин мамлакат ва мардум ягон нақши калидӣ набозидаанд, вале чиро намояндагони ин зарфияти сиёсии музофотӣ-маҳаллии аз тарафи бегонагон ба қудрат овардашуда, ки ҳукуматро хусусӣ карданд, аз худ намепурсанд, ки дар ин муддат чи кор карданд!? Ва чиро гузариш ба демократия, ки зиёд лоф мезаданд – худ гузариш ба худкомагӣ ва аз он ба золимӣ ба анҷом расид ва дар ин муддат лашкари кадрҳои равонгусехтаи “худи”- ро таёр карданд, ки дар фасод, дуздӣ ва дуруғ гуфтан собиқа надоранд ва “ҳукумати” худро бо чунин кадрҳо қалъабандӣ кардаанд. Кадрҳое, ки мисли роҳбарони худ як пой даруни қонун ва як пой беруни қонун ва ахлоқ доранд.

Дақиқан, ҳамин системаи нукарии аморати Бухорост, вале намояндагони ин аморати нав ҳаристар, бахилтар ва тангназартар аз намояндагони амири Бухороянд ва инҳо барои касе гузашт карданӣ нестанд. Бубинед, ин ҳукумат дар ноҳияҳои марказӣ ва ҳам марзии Тоҷикистон, ба хусус дар Бадахшон, пеш аз ҳама ба сохтани биноҳои амният, пулис ва судҳо машғул буд ва ҳаст то мардумро “хубтар” идора карда бошанд ва то намояндагони ҳизбҳои мухолиф ва ҷавонмардони огоҳ ва соҳибфикрро аз байн бибаранд.

Ба роҳбарии ниҳодҳои қудратии ноҳияҳо, шаҳру вилоятҳо аслан намояндагони маҳаллии худ, музофоти худ ва касони содиқ ба худро таъин мекунанд ва ин “садоқат”-ро бо пул (ришва) мустаҳкам мекунанд. Ришва додан ва гирифтан замоне дар Аморати Бухоро амал мекард. Дар ин зинаҳои нукарӣ амалдорон, баъди вазифаро харидан сармояи барои мансаб сарфкардааашонро аз мардум ҷамъ мекунанд ва инчунин ҳиссаи болоро ҳам мефиристанд. Аслан садоқат арзише дигар аст ва дар ин зинаҳо вуҷуд надорад…

Имруз дар бораи дустӣ (садоқат) дар сиёсат зиёд ҳарф мезананд. Дар таърихи тафаккури ғарбӣ аз замони Арасту то Деррида ҳарфҳое гуфтаанд, вале ин маъаларо мутафаккири мусулмон Абуҳайёни Тавҳидӣ дар асри даҳум ба таври назарияви баррасӣ карда буд. Тавҳидӣ, назарияи дустии Арастуро ба таври таҳлилӣ-танқидӣ қабул карда боварӣ дошт, ки садоқат (дӯстӣ) метавонад инсонро солеҳ ва комил намудан, бунёди ҷомеаро солим гардонидан ва сарчашмаи хушбахтиии инсонҳо будан.

Вале ба ҳарфи Тавҳидӣ садоқатро дар вуҷуди худ чун худшиносӣ бояд таҷруба кард то дустии (садоқати) як нафар ба нафари дигар воқеӣ бошад. Имруз куҷо садоқат, ин қавм ба хотири манфиати шахсӣ ва оилавии худ ба роҳбарони худ “садоқат” доранд. Ин ҷо дар бораи тамаъ ва тарс гуфтан ба ҳақиқат наздиктар аст, зеро садоқат ба боварии Тавҳидӣ дар инсонҳоест, ки нафси худро тарбият карда бошанд. Муҳитест, ки бераҳмона кушта шудани мардуми мулкӣ ва беяроқ дар Бадахшон, бераҳмона кушта шудани банкдор, кушта шудани устоди донишгоҳ ва дигар мисолҳо аз будани хушунат, хиёнат ва набудани раҳму саадоқат дарак медиҳанд. Умуман таркибҳои муносибатҳои ин қавм дар ин зинаҳои нукарӣ сахт заифанд ва ба хотири манфиати боло ва ё манфиату амнияти шахсӣ метавонанд якдигарро ва дигаронро фурухтан, харидан ва бераҳмона куштан…

Амалдорони ин зиннаҳои нукарӣ дар умум аз боло то поён объекти (чиз, мутааллиқи чизе ва касеанд) хоҷаи худанд ва дар баробари чашми Хоҷаи худ вобаста ба завқи вай аз худ ҳар чиз ва ҳар каси дилхоҳро метавонанд сохтан. Ин руйдодро метавон дар сатҳи фарҳангҳо ва инчунин дар сатҳи шахсиятҳо ва муносибатҳои онҳо мушоҳида кард. Имрўз бисёри роҳбарони пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳо ва шахсиятҳо дар баробари қудрат худро шаклҳои гуногун медиҳанд, ниқобҳои дилхоҳи дигаронро мепӯшанд ва онро мегӯянд, ки ба табъу нафси мансабдорон мувофиқ аст, на ба ҳақиқат.

Вақте, ки “худӣ”, “ қудрат” ва “ҳақиқат” дар вуҷуди як шахсияти мутасаддӣ ва ҷавобгарӣ зиндагии мардум ҳамоҳанг нестанд, метавон гуфт, ки ин шахсиятҳо ҳамоҳангии “дониш” ва “қудратро” дар ҷомеа вайрон мекунанд ва ин боиси носолимии ҷомеа мегардад…

Бубинед, аз меҳргон, сада, навруз ва дигар ҷашнҳои миллӣ фахр мекунанд ва ин ҷашнҳоро чун туҳфа қабул карда ба шиор тадил додаанд. Ин ҳама ҷашнҳо ва қиссаҳои миллии дар табиат реша дошта дар руҳ ва дар фарҳанги маънавии мардум ҳам реша доранд ва паёме ҳам доранд. Ба хусус паёми фарҳангӣ-сиёсӣ доранд. Паёме доранд барои шинохти инсоният ва ҳам ваҳшоният дар сиришти як инсон ва аз ин ру ин мардум роҳҳои худсозии амиқе инкишоф дода буданд. Агар чунин паём набуд, ин мардум фарҳангсолор, соҳиби тамаддун ва империяҳо наметавонистанд шудан.

Қиссаи қурбонии гов дар “оини меҳр” худ ишора ба куштан ва ё тарбияти нафси бад мекунад, ки баъдан дар масеҳият онро ба куштани аждаҳо иваз карданд. Аз як сӯ ин тарбияти нафс аст ва аз суи дигар қурбонии гов барои серҳосилӣ ва кушоиши корҳо буд… Чунон ки Мавлоно дар ғазали машуҳури худ мегуяд “Ин гов чу қурбон шуд то бод чунин бодо…”

Мардуми воқеан фарҳансолорро зарурат нест ин ишораҳоро аз қиссаҳои юнонии говмард ё расмҳои Пикассо шинохта бошанд, ки нафси бетарбият ба шаклгирии фашизм дар шаклҳои гуногун оварда мерасонад. Имруз раванди истеъмори дохилӣ дар ин сарзамин ба шаклгирии фашизми музофотӣ-маҳаллӣ расонидааст ва инро ба осонӣ метавон дарк кард.

Дигар ин ки бисёрии мардум ҳарфи “пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек”-ро ҳамчун туҳфа қабул кардаанд ва инро дарк накардаанд, ки ин танҳо ҳарфи зебо ва ё шиор нест, балки ин худ хулосаи таҷрубаи амиқи шинохти худӣ, ҳақ ва ҳастист. Ин муқовимат, мубориза ё ҷиҳод аст дар роҳи шинохти ҳақ ва расидан ба ҳақиқати худ ва оштинопазир будан бо бадӣ, дуруғ, беадолатӣ, фасод ва дуздӣ.

Ин ки Талбаков мегӯяд, “дар оини Зартушт ҷиҳод нест” чӣ будани ҷиҳод ва муҷоҳидро дуруст нашинохтааст. Инсоне, ки воқеан зарфият ва таҷрубаи шинохт дорад, он сӯи вожаҳо меандешад ва таҷрубаҳои болои имон, ақл ва ишқ бунёд ёфтаро бо ҳарфҳои идеологӣ омехта намекунад.

Мақомоти имрузаи Тоҷик солҳо боз кушиши аз фазои сиёсӣ дур кардани мухолифони сиёсии худро доранд ва яке аз роҳҳои амалкарди онҳо ҳамин аст, ки бо такя ба вожаҳо ва ҳатто маъниҳои аз дигарон қарз гирифта мардумро ба “бунёдгаро”, “террорист” будан гунаҳгор мекунанд ва ба ҳар чӣ исломист чун барзагов ба матои сурх ҳуҷум мекунанд…

Ҳарчанд, ки дар фазои сиёсии байналхалқӣ ин сиёсат дигар шуда ва дигар мусулмонҳоро ба «мусулмони “хуб” ва “бaд”” (Mamadani) ҷудо намекунанд, вале дар Тоҷикистон ҳануз ҳам чунин мантиқи зидди тоҷикӣ ба таври ҷоҳилона дар зеҳнҳо боқи мондааст…

Идома дорад…

Меҳмоншо Шарифзода

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ташкили давлати муваққати вифоқи миллӣ дар Фаластин
Маъруфии Балхӣ

Матолиби пурбоздид