Истиқрори фарҳанги худӣ

Фарҳанг

Истиқрори фарҳанги худӣ

Мактаби андеша

Луқмон Бойматов

Кибр қотили сарафрозии инсон аст.

Ватанпарастони меҳан ғарибонеанд, ки дар оғӯши гарми ватан хуфтаанд. Ғарибон меҳандӯстонеанд, ки дар ғурбати сарди хеш бедоранд.

Меҳандӯстони бузургу ростин арзишҳои неки башарро хор намекунанд.

Дареғ бар миллате, ки асроҳои аср қудрати ҷаҳлро таҷаллии фазл ва чоплусони қудратро доноёни рӯзгор пиндоштааст.

Кинаҳоро дафн мебояд кард ва оташи душманиро хомӯш.

Набояд он қадр ба хотири кишвардорон кӯр бошем, ки кишвари воқеиямонро фаромӯш кунем.

Миллате, ки тарс аз нуфузи фарҳанги бегонагон дорад, далелу бурҳони истиқрори фарҳанги худро ба дурустӣ дарк накардааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳтимоли оташбас ва табодули асирон бо Ҳамос
Бадкирдории кормандон бархоста аз ҳимояти ҳокимон

Матолиби пурбоздид