Ифшои иттилооти пойгоҳи низомии Амрико дар Юнон
Пойгоҳи Судоби (Souda Bay) дар ҷазираи Крит (Creta), Юнон воқеъ шуда ва пуштибониҳои зерро барои Амрико анҷом медиҳад:
– Фаъолияти пуштибонии нируи дарёӣ (Naval Support Activity / NSA)
– Маъмурияти аслии ин пойгоҳ пуштбионӣ барои амалиётҳои Сентком, Африком ва Юком аст ва маркази контроли фармондеҳии нируи дарёӣ, ҳавоӣ ва НАТО аст.
– Ин пойгоҳи амрикоӣ амалиётҳои парандаҳои шиносоӣ/шунуди муштараки нируи ҳавоӣ ва нируи дарёиро анҷом медиҳад.
– Воҳиди манотиқи мухобирот ва компютери дарёӣ, истгоҳи ҳидоят (Master Station) қисмати уқёнуси Атлас, Судоби дар ин пойгоҳ аст.
– Амрикоба далоили амниятӣ нақшаи ин пойгоҳро дар интернет (Гугл мап) тира кардааст то қобили шиносоӣ набошад.
– Пуштибонӣ аз новҳои ҳавопаймобари Амрико.
– Фаъол дар пуштибонии Исроил дар ҳамла ба Ғазза.
Иттилооти ошкор ва гузоришҳои хабаргузориҳо дармавриди истифодаи Амрико аз ин пойгоҳ барои пуштибонӣ аз Исроил:
– Дар 24-октябри соли 2023 Greekreporter.com гузориш кард, Амрико даҳҳо ҳавопаймои низомиро ба унвони қисмате аз уокуниши ҷанги Исроил-Ҳамос ба пойгоҳи Судоби эъзом намуд. Илова бар ин теъдоди зиёде аз неруи туфангдори дарёӣ ба Судоби эъзом шуданд.
– Дар 3-ноябри соли 2023, СИЭНЭН гузориш кард, паподи ЭЙСИЭСОР-и амрикоӣ бар рӯи Ғазза парвоз мекунад то барои шиносоӣ ва пайдо кардани гаравгонҳо кумак кунад. Ин паҳподҳо ба унвони неруи такмилкунанда барои афзоиши манобеи иттилоотии артиши Амрико ба минтақа баъд аз шурӯи ҷанг фиристода шуд.
– Расади парвозҳо нишон медиҳад, ҳавопаймоҳои АЙЭСОР, Арси-135, дар пойгоҳи Судоби ҳастанд, барои пуштибонии ин ҷанг дар минтақа парвоз мекунанд:
– Охирин парвози Арси-135, 11-ноябри соли 2023 буд.
– Давлати ҳомии бузурги Исроил аст, аммо мардуми Юнон ҳомии Фаластин ҳастанд.
– Дар 5-ноябри соли 2023, ҳазорон юнонӣ бо парчами Фаластин дар Отен роҳпаймоӣ карданд:
– Тибқи подкасти Юнон, The Greek Current, ки таъйид кард, ҳавопаймо ва коркунони зиёде баъд аз шурӯи ҷанги Исроил-Ҳамос ба Судоби эъзом шуданд, коммунистҳо ва ҳизби Чапи Юнон алайҳи ҳузури артиши Амрико буда ва мегӯянд, мо мушорикати Юнон дар моневрҳои империалистии НАТО-ро рад мекунем.
Гурӯҳе аз афсарони артиши Амрико, ки ду сол пеш аз Афғонистон хорич шуда буданд, баъд аз шурӯи ҷанги Исроил ва Ҳамос ба пойгоҳи Судоби, Юнон эъзом гариданд. Аз ибтидо эшон норозӣ буданд ва аслан идеяи кумак ба ҷанги Исроилро қабул надоштанд. Онҳо дар фаъолияти пуштибонии Исроил бо ОЙЭСОР (ҷамъоварии иттилоот, шиносоӣ, шунуд) нақш доштанд, вале зуд мутаваҷҷеҳ шуданд, ки Исроил дар ҳоли анҷоми ҷинояти ҷангӣ алайҳи мардуми Фаластин аст ва барои Исроил муҳофизат аз ҷони афроди ғайринизомӣ аҳамият надошт.
Бинобар ин, ин афрод мутаваҷҷеҳ шуданд, Амрико додаҳо ва иттилооти ҳадафгирӣ ба Исроил медиҳад, ки бо ин кор Исроил ба ин маконҳо ҳамла карда ва ҳамзамон ғайринизомиёнро мекушад. Баҳрабардории Амрико аз онҳо муҷиби асабонияти онҳо шуд ва ҳам метарсанд, ки дар ҷинояти ҷангӣ ширкат кунанд.
Ба хотири ин асабоният ва азоби виҷдон мехоҳанд ҳақиқатро ба ҷаҳониён бозгӯ кунанд. Вале шабакаҳо ихабарии Амрико ҳозир ба ҳамкорӣ ва ифшои ин ҷиноят нашуданд. Дар ниҳоят ба фарде, ки ба вай эътимод доштанд, тамос гирифта ва иттилооти марбут ба пойгоҳро ба ӯ дода ва дархост намудаанд, ба ҳар хабарнигор ва хабаргузлориҳо ироа диҳад.
Матни иттилоот:
Паём ба хабаргузорӣ:
11/12/2023
Салом.
Ман иттилооти нороҳаткунандае аз афсарони низомие, ки ахиран ба Пойгоҳи фаъолияти пуштибонии дарёӣ (Naval Support Activity/NSA) Судобии Крити Юнон, дар вокуниш ба ҷанги байни Исроил ва Ҳамос эъзом шуданд, дарёфт кардам.
Мумкин аст ин иттилоот арзиши гузоришдиҳӣ ё баррасӣ дошта бошад.
Эшон ин иттилоотро ба ман доданд то ҳувияти худашон пинҳон бимонад ва аз иқдоми талофиҷӯёна аз Вазорати дифоъро ҷилавгирӣ кунанд. Аммо ин шахс, аз он чи мебинад он қадар ошуфта аст, ки мехоҳад достони худро ифшо кунад. Дар ин ҷо чизест, ки онҳо бояд бигӯянд:
Судоби барои расади фаъолиятҳои Русия дар Сурия истифода мешуд, аммо баъд аз шурӯи ҷанги Исроил ва Ҳамос, густардагии низомиён афзоиш ёфт. Фаъолиятҳои аслии ин пойгоҳ ироаи пуштибонии аттилоот шиносоӣ ва шунуд ва додаҳои ҳадафгирӣ ба нируи дифои Исроил аст.
Сиэнэн гузориш кард, паҳподҳои артиши Амрико барои шиносоӣ дар болои Ғазза парвоз мекунанд то гаравгонҳоро пайдо кунад, аммо ин дурӯғ аст.
Ҳамаи манобеи ин пойгоҳ барои кашфи аҳдоф ва ироаи ин додаҳо ба Ойдиэф истифода мешавад.
Ҳамаи иртибототи Ҳамосро шунуд карда ва мавқеияти манобеи ин иртибототро ба Ойдиэф ва сипас Исроил ин манотиқро бомборон мекунад.
Дар чанд рӯзи ахир, артиши пуштибонии ин пойгоҳи махфии амрикоӣ иттилоотро ба Ойдиэф ироа дод ва бемористони Ашшифои Ғазза мавриди муҳосираи нируҳои исроилӣ қарор гирифт.
Афсарони зиёде (амрикоӣ) аз ин хеле нороҳат ҳастанд. Зеро он афроде, ки Ойэсор (интиқоли додаҳо ва иттилоот) анҷом медиҳанд, дар сандалии радифи пеш, дар ҷиноятҳои ҷангии Исроил алайҳи Ғазза қарор гирифтаанд. Ва баъзе аз онҳо нигаронанд, дар оянда ба унвони ҳамдасти ҷиноятҳои ҷангӣ маҳкум шаванд.
Исроил ҳеч нигароонӣ дар мавриди муҳофизат аз ҷони ғайринизомиён надорад ва мушаххас аст, қасди ин режим, ба минтақаи ғайри қобили зиндагӣ табдил кардани Ғазза аст.
Афсарони амрикоие вуҷуд доранд, ки тарҳе доранд то баъд аз ин эъзом артишро тарк кунанд васарбозон намехоҳанд дубора хидмат кунанд.
Барои онҳо мантиқе нест, ки чаро бояд дар ҷанг аз Исроил пуштибонӣ мекунанд ва медонанд ба сиёсати Бойден, ки ба унвони саги дастомӯз ба Натонёҳу хидмат мекунад, ҳатман дар оянда вокуниши баде барои Амрико ба длунбол хоҳад дошт.
Руҳия дар пойгоҳ поин аст ва мардуми Юнон, ки барои ҳимояти Фаластин роҳпаймоӣ карданд, бештар аз ҳузури Амрико душман мешаванд. Чанд рӯз пеш, Юнон ҳавопаймои Си-130 бо лавозими башардӯстона ба Ғазза эъзом кард, аммо ин як сарпӯш барои (Юнон) аз амалиётҳои Амрико буд, то мардуми худро таскин диҳад.
Ин афсарон (-и амрикоӣ) афроди хубе ҳастанд, ки мехоҳанд ҷаҳон бидонад бештари низомиёни амрикоӣ алайҳи ин ҷанг ҳастанд. Эшон нақшаи пойгоҳ ва манотиқи амалиётиеро, ки ба маъмурияти Ойэсор пуштибонӣ мекунанд, ироа додаанд. Ин иттилоот худ матлабро собит мекунад.
Ин иттилооти контролшуда, аммо ғайримаҳрамона аст ва шумо метавонед бубинед Амрико намехоҳад ин иттилоот ифшо шавад, ба хотири ин ки пойгоҳи Судоби дар нақшаи Гугл тира шудааст. Онон низ талош мекунанд, мадорики ҷурмҳои ҷангии Исроилро ҷамъоварӣ кунанд, аммо ин тӯл мекашад, ба хотири ин ки баъд аз ифшои иттилооти ахир, тавоноии донлуди додаҳо дар шабакаҳои маҳрамона тақрибан қуфл шудааст.
Пойгоҳи иттилоърасонии Қаламонлайн
Нақшаи пойгоҳи Судоби
Нақшаи пойгоҳи Судоби дар Гугл
Маркази амалиётҳои ҳавоӣ
Маркази амалиётҳои муштарак
Сохтмони фармондеҳии пойгоҳ
Истгоҳи роёнаӣ ва мухобироти пойгоҳи Судоби
Пойгоҳи иттилоърасонии Қаламонлайн