Ихтилоф – самари ҷаҳл аст
Мактаби инсоният
Агар нодонон сукут кунанд, ихтилоф аз миён бархезад.
***
Такмили ҷавонмардӣ ба ин аст, ки ҳаққи худро фаромӯш кунӣ ва ҳаққи дигаронро ба хотир супорӣ.
***
Чун ба касе бад кунӣ, онро бузург шуморӣ, ва чун ба ту бад кунанд, онро кучак ҳисобӣ.
***
Ҳар кӣ дар роҳи бародараш чоҳе биканад, худ дар он афтад.
***
Ҳар кӣ атояш зиёд бошад, дӯстони фаровон дорад.
***
Бандаи Ҳақ озод аст.
Қаламонлайн
qalamonline.net













