Кашфи шабакаи ҷосусӣ дар нерӯи ҳавоии Исроил
Ахбори байналмилал
Ҷузъиёти кашфи шабакаи ҷосусӣ дар нерӯи ҳавоии Исроил, ки ба нафъи Эрон фаъолият мекарданд
Коноли 15 телевизиони Исроил ҷузъиёте дар бораи кашфи шабакаи ҷосусӣ дар нерӯи ҳавоии Исроил, ки ба нафъи Эрон фаъолият мекарданд, гузориш дод.
Ин конол гуфт, ду афсари баландпоя дар нерӯи ҳавоии Исроил, ки муддатҳои тӯлонӣ барои Эрон кор мекардаанд, тавассути нерӯҳои амнияти дохилӣ (ШАБАК) шиносоӣ ва дастгир шудаанд.
Ба гузориши ин конол ва бо такя бар манобеи амниятӣ, ба далели ҳассосияти мавзӯъ, ҳувият ва ҷойгоҳи ин ду афсар дар нерӯи ҳавоии Исроил то анҷоми таҳқиқоти лозим ва эҳтимоли вуҷуди ҳамдастоне аз онҳо, эълом нахоҳад шуд.
Қаламонлайн













