Кумаки Бонки Ҷаҳонӣ ба мактабҳои Тоҷикистон
Ахбори минтақа
Ба гузориши Радиои Озодӣ, Бонки Ҷаҳонӣ эълон кард, барои беҳтар кардани таҳсилоти хонандагон ва тармими мактабҳои фарсудаи Тоҷикистон 50 миллион доллар кумаки бебозгашт ихтисос медиҳад.
Бар асоси ин гузориш, Шӯрои мудирони бонк ин қарорро рӯзи 23-юми феврал қабул намудааст.
Дар баёнияи Бонки Ҷаҳонӣ омадааст, бо вуҷуди онки бештар аз 96 дарсади кӯдакони Тоҷикистон дарс мехонанд, аммо сатҳи дониши онҳо баробар бо меъёрҳои таъйинкардаи кишвар нест.
Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ҳамчунин мактабҳои зиёди Тоҷикистон ба беҳтарсозии шароит эҳтиёҷ доранд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн