Мамдонӣ: Ҷанг бо Эрон бояд поён ёбад!

Мамдонӣ: Ҷанг бо Эрон бояд поён ёбад!

Ахбори байналмилал

Зуҳрон Мамдонӣ дар бораи таҷовузи Омрико ва Исроил алайҳи Эрон: “Ман аз рӯзи аввал бо ин ҷанг мухолиф будам, ҳанӯз ҳам бо он мухолифам, бояд поён ёбад”

Зуҳрон Мамдонӣ, шаҳрдори Ню-Йорк, рӯзи панҷшанбе дар паёме дар расонаи иҷтимоии Х навишт:

“3 моҳ пеш дар чунин рӯзе ҷанге оғоз шуд, ки ҳеч кас ба он раъй надод ва ҳазинаи онро афроде пардохтаанд, ки дар он нақше надоштанд.

Ҳазорон ғайринизомӣ ҷони худро аз даст додаанд ва 13 сарбози омрикоӣ ҳаргиз ба хона ва назди хонаводаҳои худ боз нахоҳанд гашт.

Омрикоиҳо дар саросари ин кишвар ва шаҳри мо шоҳиди афзоиши қиматҳои бензин ва маводди ғизоӣ будаанд ва буҷаҳои онҳо ба далели ҷанге, ки бидуни ҳатто як раъйи Кунгура оғоз шуда, коҳиш ёфтааст.

Ҳар ҷоне, ки дар хориҷ аз кишвар аз даст рафта ва ҳар долларе, ки аз як хонаводаи коргар дар Омрико гирифта шуда, бахше аз ҳамон суратҳисоби бемулоҳизае аст, ки тавассути касоне, ки ҳаргиз худ онро пардохт нахоҳанд кард, ба афроде, ки камтарин тавони молиро доранд таҳмил мешавад.

Ман аз рӯзи аввал бо ин ҷанг мухолиф будам, ҳанӯз ҳам бо он мухолифам, бояд поён ёбад”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афзоиши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Уммон бо Эрон
Роҳкорҳои бозгашт ба хатти форсӣ

Матолиби пурбоздид