Ман мисли бародари шумо ҳастам

Ман мисли бародари шумо ҳастам

Сабки зиндагӣ

Рӯзе як араби биёбонӣ хидмати Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) омад; ӯ ҳоҷате дошт. Вақте ки наздик омад, убуҳҳати Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ӯро гирифт ва забонаш ба лукнат афтод.

Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нороҳат шуданд ва суол карданд:

— Оё аз дидани ман забонат ба лукнат афтод?

Сипас ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ӯро ба оғӯш гирифтанд ва ба тавре фишурданд, ки баданаш бадани Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро ламс намояд, он гоҳ фармуданд:

— Осон бигир! Аз чӣ метарсӣ? Ман аз ҷобирон (подшоҳони ситампеша) нестам. Ман писари он зане ҳастам, ки бо дасти худаш аз пистони гӯсфанд шир медӯшид, ман мисли як бародари шумо ҳастам. (Ҳар чӣ мехоҳад дили тангат, бигӯ!)

(Манбаъ: Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо)

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳаё – асоси дин аст
Ахлоқи ҳамидаи Расули Акрам(с)

Матолиби пурбоздид