Марди фақир ва ганҷнома

Адаб

Марди фақир ва ганҷнома

Худшиносӣ дар Маснавӣ

Мавлоно дар дафтари шашуми Маснавӣ достоне овардааст бисёр зебо дар бораи худшиносӣ.

Мегӯяд, фақири муфлисе буд, ки аз зиёдии фақр ва надорӣ ҷонаш ба лаб расида буд, дар намозу дуо аз Худованд ризқе дархост кард аммо бидуни он ки заҳмате бикашад ва саъйе намояд. Ӯ муддате ҳамин дархостро мекард, то он ки шабе дар хоб ҳотифе ба ӯ гуфт: Ганҷномае дар миёни коғазпораҳои фалон қоғазфурӯш ҳаст, ба мағозаи ӯ бирав ва он ганҷномаро махфиёна бардор ва онро бихон ва тибқи дастур амал кун, то ба ганҷе азим даст биёбӣ.

Фақир ба дӯкони коғазфурӯш рафт ва ганҷномаро ёфт ва ба хилват рафт ва онро хонд. Дар ганҷнома чунин омада буд: Ба беруни шаҳр меравӣ, фалон ҷойро меёбӣ, сипас пушт ба он мекунӣ ва рӯй ба қибла меорӣ, тире дар камон мениҳӣ, ҳарҷо тир афтод, ҳамон ҷоро меканӣ ва ганҷро меёбӣ.

Фақир давид ва камонҳои муҳкам овард ва тирҳо ба чилла ниҳод ва партоб кард ва маҳалли суқути тирҳоро ковид, вале аз ганҷ хабаре нашуд. Чун рӯзҳо бар ин кори аҷибу ғариб буд, мардум ба ӯ суизанн пайдо карданд. Вай аз бими он ки мабодо мардум ба подшоҳ суханчинӣ кунанд, аз тарси шиканҷаи подшоҳ, ганҷномаро ба ӯ таслим кард.

Шоҳ, ки аз ин ганҷ ба ҳаяҷон омада буд, камонгирони озмударо ба кор гуморид ва моҳҳо тибқи дастур амал кард, вале ганҷе ёфт нашуд, саранҷом ноумед шуд ва ганҷномаро ба фақир бозгардонд.

Фақир дубора кор аз сар гирифт, аммо аз ганҷ хабаре набуд.

Ӯ, ки аз ёфтани ганҷ маъюс шуда буд, дар аснои ниёиш, бо диле шикаста аз ҳазрати Ҳақ хост, то рози ганҷномаро бар ӯ макшуф кунад. Дар ин асно ҳотифи ғайбӣ ба ӯ гуфт: Дастур ин буд, ки тир дар камон гузорӣ, на он ки тир партоб намоӣ. Кӣ гуфт, ки камонро бо тамоми қувват баркашӣ? Инак бархез ва тир дар камон неҳ, аммо камонро накаш, бигузор тир худ ба худ аз камон фурӯ афтад.

Фақир ҳамин гуна амал кард, тир пеши пояш афтод ва фавран он макон барковид ва ганҷ ёфт шуд.

Мавлоно бо ин достон мехоҳад бигӯяд, ганҷи ҳақиқат берун аз инсон нест, дар даруни ӯст. Ту худатро бишнос, ҳама чиз пеши худат хоҳӣ ёфт, Худоро ҳам хоҳӣ ёфт, ки наздиктар аз раги гардан ба инсон аст.

Он чӣ ҳақ аст, ақраб аз ҳаблил-варид,

Ту фиганда тири фикратро баъид.

Эй камону тирҳо барсохта,

Сайд наздику ту дур андохта.

Ҳар кӣ дурандозтар, ӯ дуртар

В-аз чунин ганҷ аст ӯ маҳҷуртар.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раиси пешини бахши амалиёти Мусод: “Ҳизбуллоҳ табдил ба таҳдиде шуда, ки тасаввури онро намекардем”
Созмони Милал Исроилро дар феҳристи сиёҳ қарор дод

Матолиби пурбоздид