Мардуми Яман: “Мо ба ҳеч унвон Фаластин ва Ғаззаро раҳо нахоҳем кард”
Ахбори байналмилал
Миллионҳо нафар аз мардуми Яман бо баргузории тазоҳурот дар шаҳрҳои ин кишвар, бо ишора ба шикасти омрикоиҳо дар ҷанги баҳрӣ бо Санъо, таъкид карданд, ки ба ҳимоятҳои худ аз Ғазза идома хоҳанд дод.
Яманиҳо дар устонҳои мухталифи ин кишвар имрӯз ҳам дар ҳимоят аз Ғазза ва Масҷидулақсо тазоҳурот карданд ва гуфтанд, ки ба ҳеч унвон Фаластин ва Ғаззаро раҳо нахоҳанд кард.
Мардуми Яман бо интишори баёнияе дар поёни ин роҳпаймоӣ таъкид карданд: “Мо аз масири Паёмбари худ дифоъ хоҳем кард ва ҳамчунон бар сар мавзеъи имонии худ мабнӣ бар кӯмак ба миллати Фаластин боқӣ хоҳем монд.”
Дар ин баёния омадааст: “Ба хотири пирӯзиҳои бузурге, ки нерӯҳои мусаллаҳи мо ба даст оварданд, Худовандро шокирем. Нерӯҳои мусаллаҳи мо дар об ба душманон осеб расонданд.
Мардуми Яман тасреҳ карданд: “Омрикоиҳо фирор карданд ва ба шикасти худ дар об эътироф доранд. Бахши зиёде аз дарёҳои мо низ хориҷ аз ҳайманаи Омрико ва ҳежмунии ин кишвар қарор гирифтааст.”
Мардуми Яман бо баёни ин ки посух ба саҳюнистҳо қатъист, тасреҳ карданд: “Ғофилгириҳо бисёр бештар аз посух (ба Исроил) хоҳад буд. Мо аз миллатҳои арабӣ ва исломӣ мехоҳем, ки дар роҳи Худо ва барои кӯмак ба мардуми мазлуми Фаластин даст ба ҷиҳод бизананд.”
Дар поёни баёния омадааст: “Аз уммати исломӣ мехоҳем, ки ба сираи набавӣ бозгарданд ва касоне ҳам, ки дар баробари саҳюнистҳо сар хам кардаанд, ҳеч узре дар баробари Худованд нахоҳанд дошт ва касоне, ки ҷиҳодро канор гузоштаанд, сарнавиште ҷуз хорӣ ва расвоӣ нахоҳад дошт.”
Қаламонлайн