Маркази пажӯҳишии исроилӣ: “325 ҳамлаи Ҳизбуллоҳи Лубнон алайҳи Исроил фақат дар як моҳ”

Маркази пажӯҳишии исроилии Alma: “325 ҳамлаи Ҳизбуллоҳи Лубнон алайҳи Исроил фақат дар як моҳ”

Ахбори байналмилал

Маркази пажӯҳишии Alma-и режими саҳюнистӣ эълом кард, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон бо афзоиши доманаи амалиёти низомии худ дар моҳи май, 325 бор ба мавозеъи артиши ин режим ва шаҳракҳои саҳюнистнишин дар шимоли Фаластини ишғолӣ ва минтақаи Ҷулони ишғолӣ ҳамла кард.

Маркази пажӯҳишии Alma дар ҷадидтарин гузориши худ овардааст: “Ҳизбуллоҳи Лубнон дар моҳи майи 2024 бештарин ҳамалотро алайҳи Исроил аз оғози моҳи октябри соли 2023 то кунун анҷом дод.”

Ин марказ афзуд: “Дар моҳи майи 2024, Ҳизбуллоҳ 325 ҳамла бо миёнгини рӯзона 10 ҳамла анҷом дод ва ин дар ҳоле аст, ки Ҳизбуллоҳ дар моҳи апрели 2024, 238 ҳамла бо миёнгини рӯзона 7.8 ҳамла анҷом дод.”

Бар асоси гузориши ин маркази пажӯҳишӣ, Ҳизбуллоҳ дар моҳи май бисёр бештар аз моҳи апрел аз мушакҳои зидди зиреҳ ва паҳпод алайҳи мавозеъи артиши режими саҳюнистӣ ва шаҳракҳои саҳюнистнишин истифода кардааст.

Alma

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳалокати беш аз 16 ҳазор низомии исроилӣ дар ҷанги Ғазза
То ба кай…

Матолиби пурбоздид