Матлаи ҳусну латофат

Адаб

Матлаи ҳусну латофат

Камоли Хуҷандӣ

Дилбаро, чашми хушат офати мастон омад,

Ташнаи лаъли ту сарчашмаи ҳайвон омад.

Партаве з-ойинаи рӯйи ҷаҳонороят

Матлаи ҳусну латофат, маҳи тобон омад.

Шаммае аз сари гесӯйи абирафшонат

Нофаи оҳуи Чин, турраи райҳон омад.

То расид аз сари кӯйи ту насиме ба биҳишт,

Бандаи хоки раҳат равзаи ризвон омад.

Солҳо пеши висоли ту набитвон гуфтан

К-он чӣ бар ҷони ман аз миҳнати ҳиҷрон омад.

Дил ба умеди саропардаи васлат, ҳайҳот,

Рафт чандон, ки раҳи умр ба поён омад.

Ҳар киро дар ду ҷаҳон орзуи рӯйи ту нест,

Ҳаявонест, ки дар сурати инсон омад.

Эй, ки дил металабӣ, дар шикани зулфаш ҷӯй,

З-он ки ӯ маҷмаъи дилҳои парешон омад.

Кӣ расонад ба Камол аз сари кӯйи ту нишон,

Пойи умед чу андар раҳи нуқсон омад.

(Мавлоно Камоли Хуҷандӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иллати вуҷуди мавҷудот
Зебоии Қуръон

Матолиби пурбоздид