Маънои истиғфор

Маънои истиғфор

Маорифи исломӣ

Як нафар дар ҳузури Алӣ ибни Абӯтолиб (а) гуфт: “Астағфируллоҳ!” Ҳазрат ба ӯ фармуд:

“Медонӣ истиғфор чист? Истиғфор дараҷаи баландрутбагон аст ва шаш маънӣ барои он аст:

Нахуст, пушаймонӣ бар он чи гузашт;

Ва дуввум, азм бар тарки бозгашт;

Ва севвум он ки: ҳуқуқи мардумро ба онон бипардозӣ, то Худоро пок дидор кунӣ ва худро аз гуноҳ тиҳӣ созӣ;

Ва чаҳорум ин ки: ҳаққи ҳар воҷиберо, ки зойеъ сохтаӣ (масалан, намоз ё рӯзаеро қазо карда бошӣ) адо созӣ;

Ва панҷум ин ки: гӯштеро, ки (дар баданат) аз ҳаром рӯидааст, бо андӯҳҳо об кунӣ чандон ки пӯст ба устухон часпад ва миёни он ду, гӯшти тоза рӯяд;

Ва шашум он ки: дарди тоатро ба тан бичашонӣ, чунон ки ширинии маъсиятро ба он чашондаӣ.
Он гоҳ “Астағфируллоҳ” гуфтан тавонӣ.”

(Наҳҷулбалоға, номаи 4/97)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аз ҳамнишинӣ бо аҳмақ дурӣ кун
Интизор аз як мусалмон

Матолиби пурбоздид