Маънои ҳамзистӣ
Андешкадаи Қалам
Ҳамеша дар сар ин орзуро мепарваронам, ки рӯзе бар ҷомеаи мо фаро бирасад, ки так-таки мо маънои ҳамзистиро аввал дуруст бифаҳмем ва ҳазм кунем ва сипас бо ҳам зиндагӣ кунем.
Ҳамзистӣ, ба ҳеч ваҷҳ ба маънои ҳамрангӣ ва якнавохтӣ дар фикру андеша ва салиқаву рафтор нест. Ҳамзистӣ яъне ин ки афроди як ҷомеа, бо ақоид ва андешаҳои мухталиф ва бо салиқа ва гаройишҳои гуногун дар сиёсат ва дар бинишҳо, бо ҳам дар як сарзамин, ки шаҳрвандӣ онҳоро ба ҳам мепайвандад, зиндагӣ мекунанд.
Ҳамзистӣ яъне ин ки ман бо ту, ҳарчанд дар ақида ва гаройишҳои динӣ ва сиёсӣ ихтилофи назар дорем, аммо бо ҳам менишинем, бо ҳам сӯҳбат мекунем, гоҳе ту маро ба меҳмонӣ даъват мекунӣ ва гоҳе ҳам ман мизбони ту дар манзилам мешавам.
Ҳамзистӣ яъне ин ки агар ту, ба унвони мисол, бо раисиҷумҳури кишварат ва ё яке аз мақомот, дар равиши идораи кишвар ва сиёсатҳои ӯ ихтилофи назар дорӣ ва ӯро ба боди интиқод мегирӣ ва алайҳи сиёсатҳои ӯ садо баланд мекунӣ ва ҳатто ҷояш омад, ҳамроҳ бо ҳаммиҳанони дигарат, барои тағйири ӯ ва ҳукуматаш ба майдонҳои пойтахт мерезӣ.., бо ин вуҷуд, коре ба шахси ӯ, ба унвони як инсон, надорӣ ва чи басо бо вай – ба лиҳози шахсӣ – робитаи дӯстӣ дошта бошӣ.
Ҳамзистӣ яъне ин ки раисиҷумҳури кишварат ва ё яке аз мақомоти давлатӣ, вақте бо ӯ ихтилофи назар пайдо мекунӣ, туро душмани худ ва «душмани миллат» унвон намедорад; зеро на ӯ миллат аст ва на ту, балки ҳар ду ҷузъе аз як миллат ҳастед, ки чунон ки ӯ барои худ ҳаққи изҳори назар дар бораи сарнавишти он қоил аст, ту ҳам аз ин ҳақ бархӯрдор ҳастӣ.
Ҳамзистӣ яъне ин ки вақте ман бо сиёсати ҳукумат ва равиши мақомот дар идораи кишвар мухолифам ва аз он интиқод мекунам, мақомот саъй дар бастани даҳони ман ва амсоли ман намекунанд, балки ба ҳарфҳои мо гӯш фаро медиҳанд, ки агар диданд, ишколе дар корашон ҳаст, ба ислоҳи он мепардозанд ва ҳаргиз интиқодҳои моро ҳамли бар душманӣ бо худ намекунанд.
* * *
Хулоса, ҳамзистӣ яъне ин ки ҳам ман ва ҳам ту, ба ақоид ва андешаҳо ва гаройишҳои якдигар эҳтиром қоил ҳастем ва агар эрод ва ишколе дар ақоиди ҳамдигар мебинем, бо ҳам ба баҳс менишинем ва мисли ду инсони оқил ва хирадманд муноқиша мекунем, бидуни он ки ту бар сари ман шамшер бикашӣ ва ё ман кудурате аз ту дар дил бигирам. Ва ҳамин ки баҳсамон тамом шуд, бо ҳам меравем ба рестурон ва наҳор ва шоме тановул мекунем ва бо ҳам механдем ва вақт мегузаронем.
Намедонам, оё ин орзу рӯзе дар ин сарзамин таҳаққуқ хоҳад ёфт ё не балки ин орзуро ба гӯр хоҳам бурд, аммо ноумед нестам. Агар алъон муҳаққақ нашавад, фардо таҳаққуқ хоҳад ёфт. Муҳим он аст, ки ҳам пеши ман ва ҳам пеши мухолифам, ин маъно ҳазм бишавад.
Бо ин ки бо вуҷуди раиси ҷумҳури кунунӣ ва мақомоти феълии кишвар — ки ба ҳар мунтақид ва мухолиф бо чашми душманӣ нигоҳ мекунанд ва ҳозиранд, ба ҳар роҳи мумкин онҳоро аз сари роҳи худ бардоранд — таҳаққуқи ин амр дар рӯзҳои наздик бисёр душвор ба назар мерасад. Зеро инон дар ҳоли табдил кардани ҷомеаи мо ба як ҷомеаи якранг ва бемаззае ҳастанд, ки ҷуз садои воҳид ва дидгоҳи воҳид ва равиш ва шеваи воҳид, дигар раъй ва назаре дар он ҳузур надошта бошад.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
qalamonline.net













