Мақомоти Тоҷикистон ва Эрон дар мавриди кор ва корофаринӣ сӯҳбат намуданд

Мақомоти Тоҷикистон ва Эрон дар мавриди кор ва корофаринӣ сӯҳбат намуданд

Ахбори минтақа

Ба гузориши Рarstoday, дар ҳини сафари корӣ, дар Душанбе, дар дидори вазири кори Тоҷикистон бо раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаии Эрон вазъияти кунунӣ ва чашмандози тавсеаи ҳамкориҳо байни ду кишвар баҳсу баррасӣ шуд.

Дар дидори Гулнора Ҳасанзода, вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Ғуломҳусайн Ҳусайниниё, муовини вазири таовун, кору рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаии Эрон, заминаҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаи омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаӣ, корофаринӣ ва бозори кор мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ду тараф дар хусуси иҷрои ёддошти тафоҳум байни вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва вазорати таовун, кору рифоҳи иҷтимоии Эрон дар мавриди ҳамкориҳо дар заминаи иштиғол, омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаӣ табодули назар карданд.

Ҳасанзода ва Ҳусайниниё бар вуҷуди имконоти лозим ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба, таъкид ва хостори иҷрои иқдомоти барномаӣ дар ростои дастёбӣ ба сатҳи ҷадиди таомулоти дуҷониба шуданд.

Раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаии Эрон дар идомаи сафари кории худ ба Тоҷикистон, аз Омӯзишгоҳи ҳирфаии хадамот ва ҷаҳонгардии Душанбе ва Маркази омӯзиши бузургсолони Тоҷикистон боздид кард.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Канъонӣ режими Исроилро бунёди береша хонд
15 март – Рӯзи ҷаҳонии муқобила бо исломҳаросӣ

Матолиби пурбоздид