Мирзиёев: Исроил шарики иқтисодии Узбекистон аст

Мирзиёев: Исроил шарики иқтисодии Узбекистон аст

Ахбори минтақа

Раиси ҷумҳури Узбекистон дар дидор бо сафири Исроил гуфт: Исроил шарики иқтисодии муҳимми Узбекистон аст. Мубодилоти мо дар соли гузашта ду баробар шуд.

Мирзиёев дар мавриди равобити Узбекистон ва Исроил гуфт:

Исроил шарики иқтисодии муҳимми Узбекистон аст. Соли гузашта ҳаҷми мубодилоти мо бо ин кишвар ду баробар шуд ва ҳудуди 120 ширкат бо сармояи Исроил дар кишвар (Узбекистон) фаъолият мекунанд.

Инчунин шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбекистон афзуд: Фурсатҳои зиёде барои ҳамкориҳои дуҷониба вуҷуд дорад. Узбекистон ба тавсиаи ҳамкорӣ дар навоварӣ, кишоварзии ҳушманд ва мудирияти об, фанновариҳои сарфаҷӯи дарманобеъ, дорусозӣ ва муроқибатҳои беҳдоштӣ алоқаманд аст.

Дарохир гуфт: Узбекистн ҳомии ҷидди ёфтани роҳи ҳалли одилона барои вазъияти Ховари Миёна ва барқарории сулҳу саботи дарозмуддат бар асоси асноди шинохташудаи ҷаҳонӣ аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сандуқи муштараки сармоягузории Аморот ва Қазоқистон барои Осиёи Марказӣ
Ҳизбуллоҳ аз шаҳодати 15 тан аз фармондеҳони худ хабар дод

Матолиби пурбоздид