Моҳи озодӣ

Фарҳанг

Моҳи озодӣ

Моҳи рамазон – моҳи озодӣ

Айём ва муносибатҳо

Дар моҳи мубораки Рамазон бо истиғфор худро озод кунед…

Расули Худо (с) дар охирин ҷумъаи моҳи шаъбон хутбае эрод фармуданд:

Мардум! Шумо озод нестед, дар қафас ҳастед ва намедонед, ки дар қафас ҳастед. Гуноҳонатон шуморо дар қафас зиндонӣ кардааст. Дар моҳи мубораки Рамазон бо истиғфор худро озод кунед…

Он ки мегӯяд, ман ҳарчи бихоҳам мекунам, ҳарҷо бихоҳам меравам ва ҳарчи бихоҳам мегӯям, ӯ асир аст, озод нест. Гирифтори ҳавас ва оз, барда аст на озод.

Роҳи ташхиси банда будан ё озод будан ин аст, ки агар ба дилхоҳи худ амал мекунем, маълум мешавад дар қафаси оз ва тамаъ зиндонӣ ҳастем, ва агар ба хостаи Худои Субҳон амал кунем, озод ҳастем. Инсони озод ба ғайри Худо намеандешад.

Аз барҷастатарин вазоиф дар моҳи мубораки Рамазон, озод шудан ва раҳидан аст. Инсон бояд ин қафасҳо ва милаҳои пӯлодинро, ки бо дасти худ сохта бишканад.

Роҳи озодӣ, истиғфор ва талаби омурзиш аст. Аз ин рӯ гуфтаанд: дар шабонарӯз чандин бор бигӯед: «Астағфируллоҳа рабби ва атубу илайҳ.» Дар намоз ва ғайри намоз барои худ ва дигарон талаби омурзиш кунед, на барои раҳоӣ аз оташ ва на барои рафтан ба биҳишт ва мутанаъим шудан дар он, балки бояд ҳадаф болотар аз ин масоил бошад.

Моҳи Рамазон, моҳи озод шудан аст. Ҳар рӯз, ки мегузарад, як банд аз бандҳое, ки бо дасти худ танидаем, бояд бигаслем, то озод шавем. Беҳтарин роҳ барои озод шудан, пай бурдан ба ҳикматҳои ибодот аст.

Манбаъ: Китоби «Ҳикмати ибодот», Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маънои ҳамзистӣ
Занони фармонраво дар сарзаминҳои исломӣ

Матолиби пурбоздид