Муаллими сонӣ – Абунасри Форобӣ
Машоҳир ва номоварон
Форобӣ аз нигоҳи Муртазо Мутаҳҳарӣ
Таҳияи Сайидюнуси Истаравшанӣ
Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороб (дар ҳудуди Қазоқистони кунунӣ, ки дар он рӯзгор ҷузъи Хуросони бузург буд) ба дунё омада ва дар соли 338 ҳиҷрии қамарӣ (950 милодӣ) дар синни 80-солагӣ дар Димишқ вафот ёфтааст.
Дар зер, бо нигоҳи шаҳид устод Муртазо Мутаҳҳарӣ ба Форобӣ ошно мешавем:
“Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархони Форобӣ. Ӯ бениёз аз муаррифӣ аст. Ба ҳақ ӯро “Муаллими сонӣ” ва “Файласуфул-муслимин мин ғайри мудофеъ” лақаб додаанд. Аҳли Туркистон аст. Маълум нест, ки эронинажод аст ё туркнажод. Ҳам забони туркӣ медониста ва ҳам забони форсӣ, вале то охир дар ҷома ва зийи туркон мезистааст. Марде буда фавқулъода қонеъ ва озодманиш, ғолибан канори наҳрҳо ва ҷӯйборҳо ва ё гулзорҳо ва боғистонҳо сукно мегузид ва шогирдон ҳамон ҷо аз маҳзараш истифода мекарданд. Навоқиси кори Кендиро дар мантиқ такмил кард.
Гӯянд, “фанни таҳлил ва равишҳои таълимии мантиқ”-ро, ки то он вақт дар ихтиёри касе набуд ва ё тарҷума нашуда буд, Форобӣ ба ибтикори худ афзуд ва ҳамчунин “синоъоти хамса” ва мавориди истифода аз ҳар санъатро ӯ мушаххас сохт. Форобӣ аз афродест, ки азаматаш аз ӯ шахсияти афсонаӣ сохтааст, то он ҷо, ки иддао кардаанд, ӯ ҳафтод забон медониста. Ӯ аз афроди худсохта аст.
Устоди қобили таваҷҷӯҳе надидааст. Устоди ӯ Юҳанно ибни Ҳайлон буда. Мантиқро назди ӯ омӯхтааст. Мутааххирин умуман менависанд, ки ӯ ибтидо дар Бағдод назди Абӯбашари Матто таҳсил кард ва сипас ба Ҳаррон рафт ва назди Юҳанно ибни Ҳайлон ба таҳсили мантиқ пардохт. Зоҳиран мадраки ин нисбат, сухани Ибни Халлакон аст; ӯст, ки чунин тасреҳе карда бидуни ин ки мадраке нишон диҳад. Вале аз гуфтаи Ибни Қифтӣ ва Ибни Абиусайбиъа маълум мешавад, ки Форобӣ муосири Абӯбашар буда ва шахсияте мофавқи ӯ дар замони худи ӯ доштааст. Ибни Қифтӣ мегӯяд:
وكان أبو نصر معاصرا لأبي بشر متى بن يونس إلاّ أنه كان دونه في السن وفوقه في العلم
Яъне Форобӣ бо Абӯбашар ҳамаср буд; аз ӯ ба сол поинтар ва ба илм болотар буд. Қариб ба ҳамин аст сухани Ибни Абиусайбиъа. Ба илова, бисёр баъид аст, ки Форобӣ пас аз дарки ҳавзаи Абӯбашари Матто ва истифода аз ӯ дар Бағдод, ба Ҳаррон назди Юҳанно ибни Ҳайлон барои таҳсили мантиқ биравад. Худи Форобӣ фақат аз Юҳанно ибни Ҳайлон ба унвони муаллим ёд кардааст. Ибни Қифтӣ муддаъист, ки Форобӣ дар Бағдод назди Юҳанно таҳсил кардааст.
Форобӣ дар соли 257 (шаш сол баъд аз таваллуди Розӣ ва як сол қабл аз даргузашти Кендӣ) мутаваллид шуд ва дар соли 339 даргузашт. 82 сол умр кард.
Форобӣ файласуфест машшоӣ ва дар айни ҳол холӣ аз машраби ишроқӣ нест, чунонки китоби “Фусусул-ҳикам”-и ӯ ҳикоят мекунад. Ӯ дар айни ҳол як нафар риёзидон ва мусиқидони дараҷаи аввал аст. Орои сиёсӣ ва назариёти хосс дар бораи мадинаи фозила дорад, ки маъруф аст. Форобӣ фалосифаи қабл аз худро таҳтушшуъо қарор дод. Толии тилви Арасту шумурда шуд ва “Муаллими сонӣ” лақаб ёфт. (Хадамоти мутақобили Ислом ва Эрон)
Нақди шаҳид Мутаҳҳарӣ бар орои сиёсии Форобӣ ва Афлотун
“Ибтидо чунин ба назар мерасад, ки салоҳ ва фасоди иҷтимоъи бузург ё кӯчак, танҳо ба як чиз бастагӣ дорад: салоҳ ва адами салоҳи афроди он иҷтимоъ ва билахасс зуъамои онҳо. Яъне фақат афроданд, ки ҳамаи масъулиятҳо мутаваҷҷеҳи онҳост.
Бисёре аз афрод инчунин фикр мекунанд ва бар ин поя назар медиҳанд. Ин даста ҳангоме, ки мутаваҷҷеҳи бархе мафосиди иҷтимоӣ мешаванд, чораи корро заъими солеҳ медонанд ва ба истилоҳ, асолати фардӣ ҳастанд. Аммо касоне, ки бештар ва амиқтар мутолеа кардаанд, ба ин натиҷа расидаанд, ки таъсир ва аҳаммияти созмон ва ташкилот ва режими иҷтимоӣ, аз таъсир ва аҳаммияти зуъамо бештар аст. Дар дараҷаи аввал, бояд дар бораи созмони солеҳ андешид ва дар дараҷаи дуввум дар бораи зуъамои солеҳ.
Афлотун назарияи иҷтимоии маъруфе дорад, ки ба номи ”Мадинаи фозилаи Афлотун” маъруф аст. Дар миёни ҳукамои исломӣ, ҳаким Абӯнасри Форобӣ аз Афлотун пайравӣ карда ва назариёте иброз доштааст. Ин ду ҳаким асоси назари худро салоҳияти афрод қарор додаанд ва асолати фардӣ андешидаанд. Тамоми таваҷҷӯҳи худро ба ин нукта маътуф кардаанд, ки зимоми умури иҷтимоъро чӣ афроде бояд дар даст бигиранд, он афрод бояд дорои чӣ фазоили илмӣ ва амалӣ буда бошанд.
Аммо ин ки ташкилот ва низомоти иҷтимоӣ бояд чӣ гуна буда бошад ва он афроди “идеол“ дар чӣ низомоте зимоми умурро дар даст бигиранд, чандон мавриди таваҷҷӯҳи ин ду ҳаким воқеъ нашудааст.
Бар ин назария, интиқодоте шуда, аз ҷумла ин ки таъсири шигарф ва азими созмон дар афкор ва аъмол ва руҳияи афрод (ва аз он ҷумла худи зуъамо) мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ нашудааст. Ин нукта мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирифта, ки агар низом солеҳ буд, камтар фарди носолеҳ қудрати тахаттӣ дорад. Ва агар носолеҳ буд, фарди солеҳ камтар қудрати амал ва иҷрои манвиёти худро пайдо мекунад ва аҳёнан манвиёт ва афкори худро мебозад ва ҳамранги созмон мешавад.
Яке аз донишмандон дар мақоми интиқоди назари Афлотун мегӯяд: ”Афлотун бо баёни масъалаи шуми “чӣ касе бояд бар ҷомеа ҳукумат кунад?“, як иштибоҳ ва хатари пурдавоме дар фалсафаи сиёсӣ эҷод кардааст. Масъалаи оқилонатар ва халлоқтар ин аст, ки: чӣ гуна метавонем созмонҳои иҷтимоиро чунон тартиб диҳем, ки зуъамои баду носолеҳ натавонанд асбоби зарару зиёни вай шаванд?”
Аҳаммияти зуъамои солеҳ фақат аз назари тарзи тафаккуре аст, ки дар мавриди ислоҳ ва беҳбуд ва тағйири созмонҳои иҷтимоӣ доранд. Ва аммо зуъамои солеҳе, ки тарзи тафаккурашон дар асос ва ташкилот бо носолеҳҳо яке аст ва тафовуташон аз лиҳози ахлоқӣ ва шахсӣ аст ва биност ҳамагӣ дар як қолаб кор кунанд, асари вуҷудиашон бо носолеҳҳо он қадр зиёд нест ва маншаъи таҳаввулоти иҷтимоии қобили таваҷҷӯҳ нахоҳанд гашт.
Агар бихоҳем назари Афлотун ва Форобиро тавҷеҳ кунем, бояд бигӯем: онҳо ба он афроди солеҳ аҳаммият додаанд, ки ҳоким бар созмонҳои иҷтимоӣ мебошанд, на маҳкуми онҳо. Ташкилот ва низомоти иҷтимоӣ нисбат ба афроди иҷтимоъ, ба манзилаи хиёбонҳо ва кӯчаҳо ва хонаҳои як шаҳр аст нисбат ба мардум ва васоили нақлияе, ки дар он шаҳр ҳаракат мекунанд. Ҳар шаҳре ба ҳар наҳв, ки хиёбонкашӣ ва кӯчасозӣ шуда бошад, мардуми шаҳр маҷбуранд аз печу хами ҳамон хиёбонҳо ва лобалои ҳамон кӯча-паскӯчаҳо ва аз ҳамон чаҳорроҳҳо ҳаракат кунанд. Ҳадди аксари озодии амали мардуми он шаҳр ин аст, ки дар миёни ҳамон хиёбонҳо ва ҳамон кӯчаҳо ҳар кадом, ки наздиктар ё хилваттар ё покизатар ва босафотар аст интихоб кунанд.
Агар фарз кунем, ки он шаҳр бидуни нақша ва ҳисоб тадриҷан тавсиъа пайдо карда бошад, на рӯйи усули шаҳрсозӣ, дар чунин шаҳре афрод чорае надоранд аз ин ки зиндагӣ ва рафту омади худро бо вазъи мавҷуд татбиқ диҳанд. Рафту омад ва ронандагӣ ва идораи умури чунин шаҳре душвор хоҳад буд. Бо вуҷуди чунин тартибе дар сохтмони он шаҳр, аз афрод, коре сохта нест. Танҳо коре, ки сохта ҳаст ин аст, ки тағйироте дар вазъи хиёбонҳо ва кӯчаҳо ва манзилҳои он шаҳр бидиҳанд ва худро роҳат кунанд.
Агар фарз кунем, зуъамои солеҳе дар раъси созмонҳое қарор бигиранд, ки дорои навоқисе мебошанд, ҳудуди тафовути кори онҳо бо дигарон ҳамон андоза аст, ки як нафар бихоҳад аз миёни хиёбонҳои пурпечу хам ва номуназзам ва кӯчаву паскӯчаҳои бетартиб, беҳтарин ва наздиктарини роҳҳоро интихоб кунад.” (Даҳ гуфтор)
Таҳияи Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
qalamonline.net













