Муаррифии китоб

Фарҳанг

Муаррифии китоб

“Худо дар андешаи файласуфони ғарб” – чӣ китобе аст?

Яке аз китобҳое, ки дирӯз харидам ва дар 3 ҷилд аст, китоби “Худо дар андешаи файласуфони ғарб”, таълифи Ҳонс Кунг (Hans Küng) – илоҳидон ва файласуфи суисӣ (шветсарияӣ) аст, ки китоби бисёр арзишманд аст ва шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ин китоб тавассути Ҳасани Қанбарӣ ва зери назари чанд файласуф ва устоди боризи фалсафа, ба форсӣ тарҷима ва имсол арза шудааст. Тарҷимаи он, ки пешгуфтори мутарҷимро тавонистам дишаб мутолеа кунам, бисёр равон ва салис аст. Дар пешгуфтор ва муқаддима, чӣ аз сӯйи мутарҷимон ва ё чӣ муаллиф, хонанда бо куллиёти баҳсҳои китоб ошно мешавад, ки аз ин рӯ хондани пешгуфтори китобҳо хеле лозим аст, ҳоло холӣ аз фоида нест порае аз пешгуфтори ин китобро бароятон нақл кунам:

“Китобе, ки акнун тарҷимаи бахши аввали он тақдими динпажӯҳон ва ҷӯяндагони ҳақиқат мешавад: “Оё Худо вуҷуд дорад? Посухгӯӣ барои имрӯз” (таълифи соли 1987), метавон иддао кард, ки ин китоб муҳимтарин китоби Ҳонс Кунг аст, ки дар беш аз 700 сафҳа тамоми афкор ва дидгоҳҳои ӯ ва низ оро ва афкори тақрибан ҳамаи файласуфони ҷадиди ғарбиро баён кардааст. Ин китоб бо баҳс дар бораи дидгоҳи Декарт ва Паскал дар бораи Худо оғоз мешавад ва бо баррасии дидгоҳҳои мулҳидонаи Фейербах, Маркс ва Фрейд идома меёбад, то ба дидгоҳҳои ниҳилистии (ҳечангорӣ ва пучгароии) Ниче мерасад. Дар идома, аз бисёре аз мутафаккирони ғарбӣ дар ҳавзаҳои мухталифи фалсафӣ ва ҳатто илмӣ, касоне, ки ба навъе дар бораи Худо андешидаанд, сухан ба миён овардааст.

Дар ин китоб, ба хубӣ метавон таъсири андешаҳои Кант бар Ҳонс Кунгро мушоҳида кард. Кунг ин дидгоҳи Кантро қабул мекунад, ки наметавон бо ақли назарӣ Худоро исбот кард, аммо мӯътақид аст, набояд Худоро дар ақли амалӣ ҷустуҷӯ кард. Ба эътиқоди Кунг, масъалаи вуҷуди Худо пеш аз тақсими ақл ба назарӣ ва амалӣ, матраҳ мешавад. Ба иборати дигар, масъалаи аслии Кант ин буд, ки ақли назарӣ ба чӣ воқеиятҳое шинохт пайдо мекунад ва ба ин натиҷа расид, ки ақли назарӣ наметавонад ба воқеияти Худо шинохт пайдо кунад.

Аммо ба эътиқоди Кунг, мо дар ҳамон қадами аввал вақте, ки фарз мекунем воқеияте вуҷуд дорад, бо масъалаи вуҷуди Худо мувоҷеҳ мешавем. Зеро пас аз фарзи вуҷуди воқеияти ҷаҳон ва раҳоӣ аз ниҳилизм, ба равшанӣ дармеёбем, ки ин воқеият бе бунёну асос аст ва ба таъбире, аз адами қатъият (uncertainity) бархӯрдор аст. Ин воқеияти бе бунёну асос бояд бар як бунён ва асоси ниҳоӣ устувор бошад, зеро дар ғайри ин сурат, ногузир ба адами воқеият ва ниҳилизм мунтаҳӣ хоҳад шуд. Дар инҷо мо ногузир аз як “интихоб” ҳастем: ё бояд ба вуҷуди Худо “эътимод” кунем ё “беэътимодӣ”-ро дар пеш бигирем; ин навъе хатар кардан аст, ки гурезу гузире аз он нест.

Агар ба вуҷуди як воқеияти ниҳоӣ, ки асос ва бунёни ҳамаи воқеиятҳост, “эътимод” кунем, зиндагӣ ҳадафдор, маънодор ва арзишманд мешавад; чаро ки як ҳадаф, як маъно ва як арзиши ниҳоиро ба унвони мабнои худ дорад. Аммо агар ҷониби “беэътимодӣ”-ро дар пеш бигирем, зиндагӣ бемаъно ва беарзиш мешавад ва роҳе ҷуз афтодан дар водии ниҳилизм нест.

Ба эътиқоди Ҳонс Кунг, ин воқеият, маъно ва арзиши ниҳоӣ ҳамон чизе аст, ки дар адён Худо номида мешавад. Мо бояд вуҷуди онро ибтидо “фарзи мусаллам” бигирем, аммо дар таҷрибаи зиндагӣ самароти ин эътимодро хоҳем дид…”

(Шаммае аз пешгуфтори китоби “Худо дар андешаи файласуфони ғарб”)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нақди ақли амалӣ
Дар чунин зулмат чароғ афрӯхтӣ

Матолиби пурбоздид