Муаррифии Шайх

Муаррифии Шайх

Достонҳои омӯзанда

Нақл аст, ки дар замони орифи номдор ҷаноби Шайх Абӯсаиди Абулхайр маросим ва маҷлиси тоҷгузорӣ барои яке аз шуюхи тариқат дар назар гирифта буданд ва ба расми вуруд ба даргоҳи салотин афроди мумтоз ва мушахххас, ки меомаданд, ба таносуби шаъни онҳо, як ҷорчӣ, ки дар онҷо барои муаррифии афрод муқаррар шуда буд, аз тозаворид мепурсид, ки шумо кӣ ҳастед? Номатон ва мансабатон чист? Ва баъд ҷор мекашид ва ӯро ҳамон гуна, ки ӯ худ гуфта буд, ё дигарон тавсифаш карда буданд, муаррифӣ мекард. Ва ба таъбири имрӯзиҳо масалан, ҷаноби дуктур, дорандаи ҷоизаи казо, Устод Фалончиев Фалонӣ!

Бисёре аз машойих дар ҳавзаи фиқҳу шариат ва низ дар ҳавзаи ирфону тасаввуф ва тариқату сулук омаданд ва як ба як тавассути ҷорчӣ эълом ва муаррифӣ мешуданд.

Як вақт Шайх Абӯсаиди Абулхайр вориди маҷлис шуд.

Ҷорчии мазкур давид ва рафт пеши Шайх ва рӯ ба ӯ карда гуфт:

— Ё Шайх! Шуморо бо чӣ унвон ва чӣ гуна муаррифӣ кунам?

Шайх Абӯсаид гуфт:

— Барои чӣ?

Гуфт:

— Тамомии афроде, ки омаданд инҷо як ба як ҳамон гуна, ки расм аст ва ҳамон гуна, ки худ гуфта буданд, муаррифӣ шуданд, ҳоло мондаам, ки шуморо чӣ унвон кунам ва дар бораи шумо чӣ бигӯям? Ҳоло ҳар чӣ, ки бифармоед, ҳамонро бигӯям.

Шайх Абӯсаид ҳам дар ҷавоб гуфт:

— Пеш рав ва ҷор бикаш ва бигӯ:

— Ҳеч ибни Ҳеч ибни Ҳеч омадааст!

* * *

Мавлоно дар ин замина гӯяд:

Нардбони халқ ин мову манист,

Оқибат з-ин нардбон уфтоданист.

Ҳар кӣ болотар равад, аблаҳтар аст,

К-устухони ӯ батар хоҳад шикаст.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Озмоиши илоҳӣ
Назарияи нисбияти арзишҳои ахлоқӣ

Матолиби пурбоздид