Муаррифии як китоб
Сайфулло Муллоҷон
Пайғамбари ислом (с) дар руъёи бузургон
Нигар хобро беҳуда нашмарӣ,
Яке баҳра донӣ зи пайғамбарӣ
Фирдавсӣ
Дар дасти яке аз азизони забондон (Faridun Shakurzoda) китоберо дидам, ки таваҷҷуҳи маро ҷалб кард. Муаллифи ин китоб доктор Музаммилхон буда, китобаш «ENDLESS GRACE» – «ЛУТФИ БЕПОЁН» ном дорад. Китоб бо забони ингилисӣ таълиф ва соли 2020 дар Британия нашр шудааст. Муаллифи он хоста руъёи шахсиятҳои маъруфи ҷаҳони исломро, ки ҳазрати пайғамбарамон (дуруди Худованд бар ӯ ва бар хонадони ӯ)-ро дар олами хоб дидаанд, баён кунад. Китоби хешро ин муаллиф ба пешгоҳи орифи машҳури сарзамини Ҳинд Саййид Одами Банурӣ (1589-1644) бахшидааст. Банурӣ бунёдгузору мураввиҷи тариқаи нақшбандия дар Ҳиндустон ба шумор меояд.
Дар сарсухани китоб омадааст, ки “ба нақли руъёи касоне мепардозем, ки ҳазрати расул салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дар хоб дидаанд. Чун мувофиқи ҳадисе пайғамбар фармуд касе эшонро дар хоб бинад, воқеан манро дида, чун иблис наметавонад ба сурати ман дарояд. Дар айни ҳол ривояте аз Ибни Умар меоварад, ки фармуда “бадтарини одамон касест, ки хоби надидаашро, ба мардум бигӯяд””.
Бештари гузоришҳои ин китобро доктор Музаммилхон аз арабӣ тарҷума кардааст. Воқеъан, дар осори адабӣ ва таърихии мо ба масъалаи хоб дидани шоҳону риҷоли сиёсӣ ва фарҳангӣ ва таҳаққуқи он дар дерзамон ишораҳои фаровон шудааст, ки мавзӯи як таҳқиқоти илмӣ шуда метавонад.
Китоби доктор Музаммилхон аз 7 фасл иборат мебошад.
Фасли аввал “Хоб дар Қуръон ва суннат” ном дорад. Дар ин бахш муаллиф аз хоби Иброҳими набӣ ва қурбонӣ кардани фарзанд, инчунин, хоби Юсуфу таъбирҳои некӯи ӯ ва ҷараёни хобгузориҳои зиндониёнро ёдовар шудааст. Сипас хоби фиръавни Миср ва таҳаққуқи онро зикр мекунад. Дар охир хоби ҷаноби пайғамбар дар бораи ҳиҷрат аз Макка ба шаҳре ки дар он ҷо дарахти хурмо фаровон рӯяд (Мадина ё Ясриб)-ро оварда, дигар аркони исломро, ки башораташон дар хоб расид, ёдовар шудааст.
Дар фасли 2 хоб дидани шахсиятҳои бузург пайғамбарро, ки байни асрҳои VIII-XII-и милодӣ зистаанд, тазаккур медиҳад.
Ин бахш бо баёни хоби халифа Усмон ибни Аффон дар вақти дар муҳосира будан оғоз шудааст. Сипас хоби халифаи некноми умавӣ Умари Абдулазизро, ки хеле аҷиб аст, ёд мекунад. Ба дунболи он аз шахсиятҳои машҳур – Язиди Форсӣ, Салими Абдуллоҳ, Кулайб ибни Шуайб, фақеҳони машҳур Абуҳанифа, Молик, Шофеъӣ, Аҳмади Ҳанбал, халифаҳои аббосӣ Мансур, Маъмун, Муътамид, риҷоли маъруф Имом Нофеъ, Абдуллоҳи Муборак,Саййида Нафиса, Бишри Ҳофӣ, Ҳаким Тирмизӣ, Имом Бухорӣ, Яҳёи Муоз, Табаронӣ, Фотима бинти Ҳасан, Қушайрӣ, Маликшоҳи салҷуқӣ, Абдулқодири Гелонӣ ва чигунагии дар хоб пайғамбарро дидан ёдовар мешавад.
Дар фасли савум шахсиятҳои машҳури қарнҳои 13-17-и милодӣ ва ҷараёни хоб дидани эшон паёмбарро тазаккур дода мешавад. Инҳо Алӣ ибни Ҳасан (муаллифи китоби нафиси “Таърихи Димишқ”), Наҷмиддини Кубро, Баҳоуддин Валад (падари Мавлоно), Баҳоуддини Закариё, Имом Нававӣ, Саъдии Шерозӣ, ал-Буширӣ, Ибни Батута, Саййид Алии Ҳамадонӣ, Хоҷа Баҳоуддин, Амир Темур, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Абулмавоҳиб, Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор, Аҳмади Қашталонӣ, Алии Самҳудӣ, Султон Абдуллохони шайбонӣ, Аҳмади Шириндӣ, Сайид Адами Баронӣ, Ҷаҳонорои темурӣ мебошанд. Тавре дида мешавад, ғолиби шахсиятҳои ин давра аз намояндагони сиёсат ва фарҳанги Хуросону Мовароуннаҳру Ҳинд мебошанд.
Фасли чоруми ин китоб ба хоби шахсиятҳои асрҳои 18-20 бахшида шудааст, ки бештар аз хиттаи Ҳинд мебошанд. Ин бахшро бо хоби Аврангзеб – шоҳи Ҳинд ва падари Зебуннисои шоир оғоз бахшида, сипас аз ҷараёни руъёҳои шахсиятҳои маъруф Шоҳ Абдулраҳим (падари Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ), Мирзо Мазҳари Деҳлавӣ, Типу Султон, Шоҳ Ғуломалӣ, Аҳмади Марзуқӣ, Музаффар Ҳусайн, Гул Ҳасан, Таваккулшоҳ, Ҳоҷӣ Имдадуллоҳ, Нишъаталнисо, Ҷамоат Алишоҳ, Сулаймони Надвӣ, Ҳасани Низомӣ, Гавҳарбегим, Ғуломрасул, Зиндапил, Ҳудайфӣ гузориш додааст. Тавре дида мешавад, бештари ин афрод аз орифону суфиёни ҳавзаи фарҳангии Ҳинд бархостаанд.
Фаслҳои панҷум ва шашум низ бештар ба шахсиятҳои ҳавзаи Ҳинд ва хобҳои эшон ихтисос дода шудааст. Бештари ин риҷол барои муҳити мо ва хонандаи тоҷик ноошноянд. Агар касе хост худаш бо ин китоб ошно шуда, аз номи эшон бохабар мешавад.
Дар воқеъ, Саъдӣ дар ғазали маъруфи худ, ки ба пайғабар бахшида шудааст, хоб дидани пайғамбарро бо ифтихор ёдовар мешавад:
Чашми маро то ба хоб дид ҷамолаш,
Хоб намегирад аз хаёли Муҳаммад.
Чун дар моҳи мавлуди пайғамбар қарор дорем ва ин навиштаро низ ки қаблан таҳия карда буда, барои ин моҳ нигоҳ доштам, ин ғазали зебову ошиқонаи Саъдии ширинсуханро ҳамчун табаррук мекорам.
Моҳ фурӯ монад аз ҷамоли Муҳаммад,
Сарв набошад ба эътидоли Муҳаммад,
Қадри фалакро камолу манзилате нест,
Дар назари қадри бокамоли Муҳаммад.
Ваъдаи дидори ҳар касе ба қиёмат,
Лайлаи асро шаби висоли Муҳаммад
Одаму Нуҳу Халилу Мусиву Исо
Омада маҷмуъ дар зилоли Муҳаммад.
Арсаи гетӣ маҷоли ҳиммати ӯ нест
Рӯзи қиёмат нигар маҷоли Муҳаммад.
В-он ҳама пироя баста ҷаннати фирдавс,
Бӯ ки қабулаш кунад балоли Муҳаммад.
Ҳамчу замин хоҳад осмон ки бияфтад,
То бидиҳад бӯса бар наъъоли Муҳаммад.
Шамсу қамар дар замини ҳашр натобад,
Нур натобад магар ҷамоли Муҳаммад.
Шояд агар офтобу моҳ натобад,
Пеши ду абрӯйи чун ҳилоли Муҳаммад.
Ҷашми маро то ба хоб дид ҷамолаш,
Хоб намегирад аз хаёли Муҳаммад.
Саъдӣ агар ошиқӣ куниву ҷавонӣ,
Ишқи Муҳаммад бас асту Оли Муҳаммад.
Сайфулло Муллоҷон
Қаламонлайн